https://sputnik.tj/20211111/qurayshi-jahon-khohoni-jangi-dokhili-afghoniston-nest-1043494316.html
Қурайшӣ: Ҷаҳон хоҳони як ҷанги дохилии дигар дар Афғонистон нест
Қурайшӣ: Ҷаҳон хоҳони як ҷанги дохилии дигар дар Афғонистон нест
Sputnik Тоҷикистон
Вазири хориҷаи Покистон гуфтааст, ки ҳеҷ касе намехоҳад Афғонистон ба сӯи як ҷанги дохилии дигар биравад
2021-11-11T21:00+0500
2021-11-11T21:00+0500
2021-11-11T21:02+0500
афғонистон
покистон
осиёи марказӣ
даргириҳои дохилӣ
ҷомеаи ҷаҳонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/19/1041875539_0:0:3079:1731_1920x0_80_0_0_15c0dbf4d38d7db17579955b7242c3ed.jpg
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Шоҳмуҳаммад Қурайшӣ, вазири хориҷаи Покистон ҳангоми суханронӣ дар нишасти "тройка" дар бораи Афғонистон изҳор доштааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳони ҷанги дохилӣ дар Афғонистон нест, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба “Омоҷ”.“Ҳеҷ кас намехоҳад, ки суқути иқтисодии Афғонистон ба бесуботӣ мунҷар шавад. Ҳама мехоҳанд бо унсурҳои террористӣ дар дохили Афғонистон мубориза баранд. Ҳамаи мо мехоҳем, ки буҳрони нави гурезаҳоро пешгирӣ кунем”, - гуфт Қурайшӣ.Қурайшӣ ҳамчунин афзуд, таомули “Тройка плюс” бо ҳукумати ҷадиди Афғонистон ба таҳкими сулҳ ва субот, иртиқои тавсияи иқтисоди пойдор ва маҳдуд кардани фазо барои гурӯҳҳои террористӣ, ки аз дохили Афғонистон фаъолият мекунанд, кумак хоҳад кард.Нишасти “Тройка плюс” бо ҳузури намояндагони Русия, Чин, Амрико ва Покистон бо мизбонии Исломобод барои баррасии авзоъи сиёсӣ ва иқтисоди Афғонистон баргузор шуд.
https://sputnik.tj/20211111/tolibon-artishi-qavii-ejod-mekunad-1043483172.html
афғонистон
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/19/1041875539_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_d50ddf9005f70c10083a55fabade1db1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, покистон, қурайшӣ, ҷанги дохилӣ, вазири хориҷа
афғонистон, покистон, қурайшӣ, ҷанги дохилӣ, вазири хориҷа
Қурайшӣ: Ҷаҳон хоҳони як ҷанги дохилии дигар дар Афғонистон нест
21:00 11.11.2021 (Навсозишуда: 21:02 11.11.2021) Вазири хориҷаи Покистон гуфтааст, ки ҳеҷ касе намехоҳад Афғонистон ба сӯйи як ҷанги дохилии дигар биравад
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Шоҳмуҳаммад Қурайшӣ, вазири хориҷаи Покистон ҳангоми суханронӣ дар нишасти "тройка" дар бораи Афғонистон изҳор доштааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳони ҷанги дохилӣ дар Афғонистон нест, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба “Омоҷ”.
“Ҳеҷ кас намехоҳад, ки суқути иқтисодии Афғонистон ба бесуботӣ мунҷар шавад. Ҳама мехоҳанд бо унсурҳои террористӣ дар дохили Афғонистон мубориза баранд. Ҳамаи мо мехоҳем, ки буҳрони нави гурезаҳоро пешгирӣ кунем”, - гуфт Қурайшӣ.
Қурайшӣ ҳамчунин афзуд, таомули “Тройка плюс” бо ҳукумати ҷадиди Афғонистон ба таҳкими сулҳ ва субот, иртиқои тавсияи иқтисоди пойдор ва маҳдуд кардани фазо барои гурӯҳҳои террористӣ, ки аз дохили Афғонистон фаъолият мекунанд, кумак хоҳад кард.
Нишасти “Тройка плюс” бо ҳузури намояндагони Русия, Чин, Амрико ва Покистон бо мизбонии Исломобод барои баррасии авзоъи сиёсӣ ва иқтисоди Афғонистон баргузор шуд.