Муҳокимаи Шабнам дар "додгоҳ": аз ҳаҷравию ҳиҷобкашӣ то ҷанҷолҳояш дар консертҳо - видео

© FacebookШабнам Сурайё
Шабнам Сурайё - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.11.2021
Обуна шудан
Шабнами Сурайёро дар барномае ба "додгоҳ" кашиданд ва посухи ҳамаи "иттиҳомот"-ро аз ӯ гирифтанд
ДУШАНБЕ, 13 ноя – Sputnik. Ситораи эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё дар барномаи "Tuti Buzz", ки дар ИМА сабт шудааст, дар бораи ҷанҷолҳояш бо ҳамкорон, ҳиҷобкашию саҳнабароӣ пас аз адои ҳаҷ ва ҳамкорӣ бо сарояндагони афғону тоҷик гуфт.
Шабнами Сурайё дар ин мусоҳибааш, ки кӯшиш кардааст, бештар ба лаҳҷаи дарӣ суҳбат кунад, гуфт, мардуми Афғонистонро ба хотири меҳмоннавозӣ ва хушгуфториашон бисёр дӯст медорад.
Дар бахши муҳокима Шабнам ба иттиҳомот ва интиқодоте, ки аз ӯ мешавад, посух гуфт.
Овозхон аввал ҷанҷолҳояш дар вақти консерт бо ҳамкоронро шарҳ доду гуфт, ки ин як падидаи оддӣ аст ва ҳама дар ҷараёни консертҳо стресс пайдо мекунанд.

"Ҳар ҳунарманд дар ҷараёни баромад ва консерташ стресс дорад бидуни ин намешавад, бояд асабҳо хароб шавад ва мағол кунӣ фақат ба хотири хуб шудани кор. Вақте мешавад, ки дер мекунанд ва ту бояд коре кунӣ. Боз аз ҳамагон маъзарат мехоҳем", - шарҳ дод Шабнам рафтори худро.

Шабнам ҳамчунин ваъдаи худро дар бораи пас аз адои ҳаҷ тарки саҳна кардан, дақиқ шарҳ надод ва танҳо гуфт, ки чунин ваъдае надодааст.

"Аллоҳ маро бубахшад, ростӣ, ман чунин гуфтагӣ набудам, аз хотире ки ман бисёр орзу доштам, ки дар 33-солагӣ хонаи Худоро бубинам ва рафтам ҳаҷҷи умра кардаму омадам", - гуфт ӯ.

Аз Шабнам ҳамчунин аз пӯшидани ҳиҷоб пурсида шуд, ки чаро пас аз адои ҳаҷ боз рӯ ба либосҳои шику урупоӣ овард.

"Як замон ҳиҷоб кардем, ҳар чизе ҳам бигӯям, гуноҳ аст, намехоҳам ҷавоб бидиҳам", - гуфт Шабнам.

Як иттиҳому интиқоди дигаре, ки аз ҷониби муҷрии барнома садо дод, ин буд, ки чаро Шабнам бештар аз эҷодиёти сарояндагони дигар, аз ҷумла афғонистонӣ месарояду оҳангҳои худиро кам эҷод мекунад.
Певица и посол доброй воли Шабнам Сурайе на встрече в Астане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.11.2021
Шабнами Сурайё намехоҳад ваксина бигирад - видео
Дар ин росто Шабнам гуфт, аз хурдӣ чун аз забони модараш оҳангҳои қадимиро мешунид, бисёр дӯсташон дошт ва сабаби дигарро зинда кардани оҳангҳои қадимӣ ва ба ҷавонон хотиррасон кардани сурудҳои зебо гуфт.
Ҳамчунин дар ин суҳбат Шабнами Сурайё ваъда дод, ки бо сарояндагони тоҷик як суруди муштарак эҷод ва пешкаши мухлисонаш мекунад. Ӯ ҳамчунин аз ҳамкорӣ бо Ҷонибек Муродов ва Қайс ёдовар шуд ва гуфт, ба зудӣ сурудҳои муштарак бо ин сарояндагон манзури ҳаводоронаш хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0