Шабнами Сурайё намехоҳад ваксина бигирад - видео

© Пресс-служба МОМ / DINARA IBRAIMOVAПевица и посол доброй воли Шабнам Сурайе на встрече в Астане
Певица и посол доброй воли Шабнам Сурайе на встрече в Астане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.11.2021
Обуна шудан
Шабнами Сурайё тасмим надорад, алайҳи бемории COVID-19 ваксина бигирад, дар ҳоле ки дар Тоҷикистон барои сокинони аз 18-сола боло он ҳатмӣ гуфта мешавад
ДУШАНБЕ, 13 ноя – Sputnik. Ситораи эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё зидди бемории COVID-19 ваксина нагирифтааст.
Дар ин бора ӯ дар барномаи "Tuti Buzz" хабар дод. Ӯ гуфт, тасмим надорад, ваксина бигирад.

"Ман ҳеҷ хуш надорам ваксина гирам. Иншоаллоҳ, маро Аллоҳ нигоҳ мекунад, ӯ нигаҳбони мо ҳаст. Гуфтанд, ваксина бикун, аммо тасмим надорам", - гуфт Шабнам ва афзуд, ки то кунун ин вабои асрро аз сар нагузаронидааст.

Ӯ дар бораи вазъи ҳамагирӣ дар Тоҷикистон сухан гуфта изҳор дошт, ки рӯзҳои аввали пайдоиши коронавирус дар Тоҷикистон вазъ сахт буд, вале баъдтар бисёр хуб шуд.
"Худоро шукр, дар мо, дар Тоҷикистон ҳама чиз хуб аст. Ҳама бидуни ниқоб мегарданд. Ягон проблема нест", - гуфт ситораи саҳнаи тоҷик.

Вазъи коронавирус дар Тоҷикистон

Хуруҷи коронавирус дар Тоҷикистон 30 апрели соли 2020 расман таъйид шуд.
Аз замони пайдоиши ин маризӣ дар Тоҷикистон, ба иттилои расмӣ, 17 091 нафар гирифтори коронавирус гардиданд, ки аз ин миён 16 965 нафар шифо ёфтанд.
Ҳамчунин табибон ҷони 124 бемори COVID - 19-ро наҷот дода натавонистанд.
Феълан ваксинзанӣ дар Тоҷикистон идома дорад ва шаҳрвандони аз 18-сола боло дар сартосари кишвар ба таври ройгон, бо ваксинаҳои "CoronaVac", "AstraZeneca", "Moderna", "Pfizer" ва "Спутник V" эмин карда мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0