https://sputnik.tj/20210831/anjom-huzur-ima-afghoniston-1041975174.html
Хатми қиссаи бистсола: охирин ҳавопаймои низомиёни ИМА Кобулро тарк кард
Хатми қиссаи бистсола: охирин ҳавопаймои низомиёни ИМА Кобулро тарк кард
Sputnik Тоҷикистон
Сарбозони амрикоӣ Афғонистонро тарк карданд. Онҳо дар ин кишвар 20 сол ҳузур доштанд 31.08.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-08-31T10:46+0500
2021-08-31T10:46+0500
2021-08-31T10:46+0500
амният ва мудофиа
има
афғонистон
гурӯҳи террористии "толибон"
низомиён
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102953/16/1029531620_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_b9df8e08954669a5ee480a6c10f85e5b.jpg
ДУШАНБЕ, 31 август - Спутник. ИМА хуруҷи нерӯҳояшро аз Афғонистон анҷом дод. Дар ин бора сухангӯи Пентагон генерал Кеннет Маккензи зимни баргузории брифинге хабар дод.Маккензи таъкид кард, ки сарбозон пеш аз тарки Афғонистон аслиҳаи худро нобуд кардаанд. Ин 26 мошини низомӣ, 73 ҳавопаймо ва системаҳои зиддимушакиро дар бар мегирад.Маъмурияти федералии авиатсияи ИМА қайд кард, ки артиши ИМА дигар фурудгоҳи Кобулро назорат намекунад. Ҳоло фурудгоҳ ба ихтиёри ҳаракати радикалии Толибон, ки дар Федератсияи Русия мамнӯъ аст, гузашт.Ҷангҷӯён хуруҷи нерӯҳои хориҷиро бо тирандозӣ дар кӯчаҳои шаҳр қайд мекунанд. Ба гуфтаи як шоҳиди айнӣ, тирҳо ба самти амрикоиҳое, ки Афғонистонро тарк мекунанд, парвоз мекунанд.Ба гуфтаи намояндаи бюрои сиёсии Толибон Муҳаммад Наим, охирин низомии хориҷӣ як рӯз пеш кишварро тарк кардааст.Дар навбати худ, сардори Департаменти давлатии ИМА Энтони Блинкен гуфт, ки дар Афғонистон беш аз 100 амрикоӣ боқӣ мондаанд, ки мехоҳанд кишварро тарк кунанд.Ёдовар мешавем, ки Амрико амалиёти низомиро дар ин ҷумҳурӣ соли 2001 оғоз кардааст. Президенти ИМА Ҷо Байден дар охири моҳи апрел хуруҷи нерӯҳояшро аз Афғонистон эълон кард.Дар пайи ин эълон ҷангҷӯёни толибҳо ҳамлаҳояшонро афзоиш доданд вилоятҳоро яке пайи дигаре гирифтанд ва 15 август чанд соат бидуни ҷанг Кобулро пурра ба даст гирифтанд ва танҳо минтақаи Панҷшер дар шимоли Афғонистон аз назорати ин гурӯҳ берун аст.Қабл аз вуруди толибҳо ба Кобул Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон аз кишвар фирор кард.Пас аз ишғоли Афғонистон аз ҷониби Толибон*, хуруҷи оммавии гурезаҳо ва кӯчонидани намояндагиҳои дипломатӣ ва кормандони корпоративии Ғарб оғоз шуд.*- созмони террористие, ки фаъолияташ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст
https://sputnik.tj/20210802/generali-jangi-shahrvandi-afghoniston-hushdor-1041346871.html
има
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102953/16/1029531620_64:0:1884:1365_1920x0_80_0_0_07d3c51763a39b922d0bd7de65531a4b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амният ва мудофиа, има, афғонистон, гурӯҳи террористии "толибон", низомиён
амният ва мудофиа, има, афғонистон, гурӯҳи террористии "толибон", низомиён
Хатми қиссаи бистсола: охирин ҳавопаймои низомиёни ИМА Кобулро тарк кард
Сарбозони амрикоӣ Афғонистонро тарк карданд. Онҳо дар ин кишвар 20 сол ҳузур доштанд
ДУШАНБЕ, 31 август - Спутник. ИМА хуруҷи нерӯҳояшро аз Афғонистон анҷом дод. Дар ин бора сухангӯи Пентагон генерал Кеннет Маккензи зимни баргузории брифинге хабар дод.
"Бо хуруҷи нирӯҳо рисолати бистсола ба охир мерасад" гуфт ӯ.
Маккензи таъкид кард, ки сарбозон пеш аз тарки Афғонистон аслиҳаи худро нобуд кардаанд. Ин 26 мошини низомӣ, 73 ҳавопаймо ва системаҳои зиддимушакиро дар бар мегирад.
Маъмурияти федералии авиатсияи ИМА қайд кард, ки артиши ИМА дигар фурудгоҳи Кобулро назорат намекунад. Ҳоло фурудгоҳ ба ихтиёри ҳаракати радикалии Толибон, ки дар Федератсияи Русия мамнӯъ аст, гузашт.
Ҷангҷӯён хуруҷи нерӯҳои хориҷиро бо тирандозӣ дар кӯчаҳои шаҳр қайд мекунанд. Ба гуфтаи як шоҳиди айнӣ, тирҳо ба самти амрикоиҳое, ки Афғонистонро тарк мекунанд, парвоз мекунанд.
Ба гуфтаи намояндаи бюрои сиёсии Толибон Муҳаммад Наим, охирин низомии хориҷӣ як рӯз пеш кишварро тарк кардааст.
"Ҳоло давлати мо озод ва мустақил шуд", - гуфт ӯ.
Дар навбати худ, сардори Департаменти давлатии ИМА Энтони Блинкен гуфт, ки дар Афғонистон беш аз 100 амрикоӣ боқӣ мондаанд, ки мехоҳанд кишварро тарк кунанд.
Ёдовар мешавем, ки Амрико амалиёти низомиро дар ин ҷумҳурӣ соли 2001 оғоз кардааст. Президенти ИМА Ҷо Байден дар охири моҳи апрел хуруҷи нерӯҳояшро аз Афғонистон эълон кард.
Дар пайи ин эълон ҷангҷӯёни толибҳо ҳамлаҳояшонро афзоиш доданд вилоятҳоро яке пайи дигаре гирифтанд ва 15 август чанд соат бидуни ҷанг Кобулро пурра ба даст гирифтанд ва танҳо минтақаи Панҷшер дар шимоли Афғонистон аз назорати ин гурӯҳ берун аст.
Қабл аз вуруди толибҳо ба Кобул Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон аз кишвар фирор кард.
Пас аз ишғоли Афғонистон аз ҷониби Толибон*, хуруҷи оммавии гурезаҳо ва кӯчонидани намояндагиҳои дипломатӣ ва кормандони корпоративии Ғарб оғоз шуд.
*- созмони террористие, ки фаъолияташ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст