https://sputnik.tj/20211110/rusiya-ravodid-shahrvandon-tojikiston-1043393247.html
Дар Русия хостори ҷорӣ кардани раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон шуданд
Дар Русия хостори ҷорӣ кардани раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Чунин тадбирҳо аз эҷоди "анклавҳо дар қзамини сунатии русҳо", пешгирӣ мекунанд, мегӯяд Миронов
2021-11-10T12:05+0500
2021-11-10T12:05+0500
2021-11-23T10:39+0500
русия
муҳоҷират
муҳоҷир
раводид
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102919/88/1029198853_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_1383e556911c2b3cb6245d757f46285d.jpg
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Русия бояд бо кишварҳои Осиёи Марказӣ низоми раводид ҷорӣ кунад. Дар ин бора раиси Ҳизби "Русияи одилона - барои ҳақиқат" Сергей Миронов зимни ҷаласаи Думаи давлатӣ изҳор дошт. Ба гуфтаи ӯ, чунин тадбирҳо барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои хориҷиён ба шаҳрвандони Русия заруранд. Вай қайд кард, ки ҷорӣ шудани раводид аз эҷоди “анклавҳо дар қаламрави суннатии русҳо” ҷилавгирӣ мекунад. Вакил таъкид кард, ки дар чунин ҷойҳо аҳолии маҳаллӣ кам шуда, муҳоҷирон аз рӯи нақшаҳои фасодкорӣ сабти ном мешаванд ва иҷозаи иқомат мегиранд. Миронов таъкид кард, ки вакилони парлумон мехоҳанд ба Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия тағйирот ворид кунанд. "Барои латукӯби гурӯҳӣ, ҳатто агар шахс каме тарсида бошад, латукӯб нашуда бошаду умуман ягон осеб надида бошад ҳам, панҷ соли зиндон таъйин мешавад", - таъкид кард Миронов. Ӯ таъкид кард, ки ба таҷрибаи ҷалби муҳоҷирон ба Русия таваҷҷуҳ зоҳир шавад. Ҳизб қабул кардани "тадбирҳои таъҷилии қатъй"-ро талаб мекунад. Қаблан парлумон ба вуруди соддаи муҳоҷирони корӣ ба кишвар мухолифат карда буд. Ба гуфти Леонид Калашников, раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури ИДМ ва ҳамгироии Авруосиё, бояд мушаххас шавад, ки барои иҷрои ин тадбирҳо чӣ иқдоме сурат мегирад, “онҳо аз ҷониби кӣ муайян карда мешаванд ва барои чӣ имкони даъвати муҳоҷирон бидуни квотаҳо имконпазир аст".
https://sputnik.tj/20211108/muhojiron-rusiya-ruy-it-1043327081.html
https://sputnik.tj/20211108/mufti-korfarmoyon-namozgoh-muhojiron-1043308271.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102919/88/1029198853_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_a38aa0d2deebc084c6876359f4f19c92.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
низоми раводид, русия, ҷорӣ, тоҷикистон
низоми раводид, русия, ҷорӣ, тоҷикистон
Дар Русия хостори ҷорӣ кардани раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон шуданд
12:05 10.11.2021 (Навсозишуда: 10:39 23.11.2021) Чунин тадбир аз эҷоди "анклавҳо дар замини суннатии русҳо" пешгирӣ мекунад, мегӯяд Миронов
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Русия бояд бо кишварҳои Осиёи Марказӣ низоми раводид ҷорӣ кунад. Дар ин бора раиси Ҳизби "Русияи одилона - барои ҳақиқат" Сергей Миронов зимни ҷаласаи Думаи давлатӣ изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, чунин тадбирҳо барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои хориҷиён ба шаҳрвандони Русия заруранд.
"Мо чунин мешуморем, ки ҷорӣ кардани низоми раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ зарур аст", - гуфт Миронов.
Вай қайд кард, ки ҷорӣ шудани раводид аз эҷоди “анклавҳо дар қаламрави суннатии русҳо” ҷилавгирӣ мекунад.
Вакил таъкид кард, ки дар чунин ҷойҳо аҳолии маҳаллӣ кам шуда, муҳоҷирон аз рӯи нақшаҳои фасодкорӣ сабти ном мешаванд ва иҷозаи иқомат мегиранд.
Миронов таъкид кард, ки вакилони парлумон мехоҳанд ба Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия тағйирот ворид кунанд.
"Барои латукӯби гурӯҳӣ, ҳатто агар шахс каме тарсида бошад, латукӯб нашуда бошаду умуман ягон осеб надида бошад ҳам, панҷ соли зиндон таъйин мешавад", - таъкид кард Миронов.
Ӯ таъкид кард, ки ба таҷрибаи ҷалби муҳоҷирон ба Русия таваҷҷуҳ зоҳир шавад. Ҳизб қабул кардани "тадбирҳои таъҷилии қатъй"-ро талаб мекунад.
Қаблан парлумон ба вуруди соддаи муҳоҷирони корӣ ба кишвар мухолифат карда буд.
Ба гуфти Леонид Калашников, раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури ИДМ ва ҳамгироии Авруосиё, бояд мушаххас шавад, ки барои иҷрои ин тадбирҳо чӣ иқдоме сурат мегирад, “онҳо аз ҷониби кӣ муайян карда мешаванд ва барои чӣ имкони даъвати муҳоҷирон бидуни квотаҳо имконпазир аст".