Даъвати муфтӣ аз корфармоён барои ташкили намозгоҳ барои муҳоҷирон

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкВерующий на намазе в мечети, архивное фото
Верующий на намазе в мечети, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2021
Обуна шудан
Албир Крганов мегӯяд, муассисаҳое, ки ба таври гурӯҳӣ муҳоҷиронро ба кор ҷалб мекунанд, бояд масъалаҳои ҷои зисти онҳоро ҳал намуда, барои будубоши онҳо шароити мусоид фароҳам оваранд.
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Узви Палатаи ҷамъиятии Федератсияи Русия, муфтӣ Албир Крганов аз муроҷиати сокинони деҳаи Сосенскоеи Маскав ба Шӯрои ҳуқуқи башари назди президенти Федератсияи Русия пуштибонӣ кард.
Сокинони деҳа аз афзоиши мусофирон пас аз роҳандозии хатти нави автобуси мусофирбарӣ аз истгоҳи метрои Прокшино ба Сахарово ва ҳамчунин ҷинояткорӣ шикоят карданд.
Сабаб, ба андешаи сокинон дар он аст, ки дар ҳудуди ин шаҳрак шумораи зиёди манзилҳои ба истилоҳ "резинӣ" мавҷуд аст ва дар онҳо муҳоҷирони кории шоғил дар бозори умдафурӯшии "Фуд сити" ва бозори сохтмонии "Славянский мир" сабти ном шудаанд.
Мусульманин фотографирует Московскую соборную мечеть в день Курбан-байрама - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2021
Муфтӣ: Дар Маскав масҷид барои муҳоҷирон намерасад
Крганов дар шарҳи ин қазияи ба РИА "Новости" гуфтааст, муассисаҳое, ки ба таври гурӯҳи муҳоҷиронро ба кор ҷалб мекунанд, бояд масъалаи ҷои зисти онҳоро ҳал намуда, барои будубоши эшон шароити мусоид фароҳам оваранд ва ҳамин тавр дар назди ҷомеа масъулият доранд.
Пас аз эълони нақшаи кӯчонидани Маркази ягонаи муҳоҷират аз деҳаи Путилково дар наздикии Маскав ба Сахарово сокинони Сосенское ба ВКД муроҷиат карданд. Онҳо аз ВКД ҳалли мушкилиҳоеро, ки дар натиҷаи интиқоли Маркази ягонаи муҳоҷират омадаанд, тақозо кардаанд.

"Мардум ба ин дуруст аҳамият дода, аз воқеиятҳо шикоят мекунанд. Чаро "Фуд сити" ё дигар марказҳои шабеҳ дар ҳудуди худ ё дар ягон ҷои дигар барои он муҳоҷироне, ки ба кор ҷалб мекунанд, хобгоҳ ташкил намекунанд? Охир, чунин таҷриба, аз ҷумла дар кишварҳои гуногуни ҷаҳони араб вуҷуд дорад".

Глава Духовного собрания мусульман России Альбир Крганов  - Sputnik Тоҷикистон
Албир Крганов
муфтӣ
Ба гуфтаи ӯ, ин шарт бояд дар қонунгузорӣ зикр шавад.
Ба андешаи муфтӣ, "Фуд Сити" ҳамчунин масъалаи набудани утоқҳои намозгузорӣ барои мусалмононро ба назар намегирад, ки дар ин бора Шӯрои муфтиёни Маскав ва дигар созмонҳои мазҳабӣ борҳо ба раҳбарияти ширкат гуфтаанд.
Крганов таъкид кард, ки "мушкил муҳоҷирон нестанд, балки масъала сари ташкили шароити дурусти будубоши онҳо ва масъулияти корфармоён аст. Корфармоён бояд на танҳо аз ҳисоби муҳоҷирон пул кор кунанд, балки дар назди ҷомеа масъул бошанд".
Лентаи хабарҳо
0