https://sputnik.tj/20211108/muhojiron-rusiya-ruy-it-1043327081.html
Муҳоҷирон дар Русия рӯй ба IT меоранд
Муҳоҷирон дар Русия рӯй ба IT меоранд
Sputnik Тоҷикистон
Теъдоди муҳоҷироне, ки дар бахши IT дар Русия кор меҷӯянд, майли афзоиш дорад
2021-11-08T17:50+0500
2021-11-08T17:50+0500
2021-11-08T18:26+0500
муҳоҷират
технология
кор
довталаб
фанноварӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/08/1043321569_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_21c2603f47e94411b80b17442ad89686.jpg
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Шумораи корҷӯён ва кормандон аз кишварҳои ИДМ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ дар Русия афзоиш ёфтааст, навиштаст "Коммерсант".Ба иттилои манбаъ, шумори муҳоҷирон аз Ӯзбекистон, ки дар бахши барномасозӣ дар Русия фаъолият доранд, соли равон рекордӣ шуда, 62 дарсад афзоиш ёфтааст. Дархостҳои кор аз Қазоқистон 36% ва аз Украина 22% зиёд шуданд. Инчунин раванди гузариши мутахассисон аз Беларус ба Русия ҷой дорад, чун он ҷо маош ҳудуди 5% коҳиш ёфтааст. Коршиносон далели афзоиши муҳоҷирони довталаби кор дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ дар Русияро камбуди талабот ба чунин мутахассисон дар ватанашон мегӯянд. Инчунин таъкид шудааст, ки шароити кор дар бахши IT дар Русия беҳбуд ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки ба иттилои "Россотрудничества", самти информатика миёни довталабони таҳсил аз Ӯзбекистон дар ҷойи дуюм қарор дорад. Роҳбари кафедраи иқтисоди меҳнати факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносови шаҳри Маскав Риорита Колосова бо таъкид ба рушди рақамӣ дар Ӯзбекистон изҳор доштааст, ки ҳанӯз оғози кор буда, шумораи ҷойҳои корӣ дар ин соҳа дар ин кишвар ҳанӯз чандон зиёд нест.
https://sputnik.tj/20211105/rusiya-shughl-muhojir-niyoz-1043280725.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/08/1043321569_104:0:2835:2048_1920x0_80_0_0_c1fa5344247ac2e3378fe22b1ad8d536.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷирон, русия, афзоиш
Муҳоҷирон дар Русия рӯй ба IT меоранд
17:50 08.11.2021 (Навсозишуда: 18:26 08.11.2021) Теъдоди муҳоҷироне, ки дар бахши IT дар Русия машғуланд ё кор меҷӯянд, майли афзоиш дорад
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Шумораи корҷӯён ва кормандон аз кишварҳои ИДМ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ дар Русия афзоиш ёфтааст,
навиштаст "Коммерсант".
Ба иттилои манбаъ, шумори муҳоҷирон аз Ӯзбекистон, ки дар бахши барномасозӣ дар Русия фаъолият доранд, соли равон рекордӣ шуда, 62 дарсад афзоиш ёфтааст.
Дархостҳои кор аз Қазоқистон 36% ва аз Украина 22% зиёд шуданд. Инчунин раванди гузариши мутахассисон аз Беларус ба Русия ҷой дорад, чун он ҷо маош ҳудуди 5% коҳиш ёфтааст.
Коршиносон далели афзоиши муҳоҷирони довталаби кор дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ дар Русияро камбуди талабот ба чунин мутахассисон дар ватанашон мегӯянд. Инчунин таъкид шудааст, ки шароити кор дар бахши IT дар Русия беҳбуд ёфтааст.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои "Россотрудничества", самти информатика миёни довталабони таҳсил аз Ӯзбекистон дар ҷойи дуюм қарор дорад.
Роҳбари кафедраи иқтисоди меҳнати факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносови шаҳри Маскав Риорита Колосова бо таъкид ба рушди рақамӣ дар Ӯзбекистон изҳор доштааст, ки ҳанӯз оғози кор буда, шумораи ҷойҳои корӣ дар ин соҳа дар ин кишвар ҳанӯз чандон зиёд нест.