Рамазон Раҳимзода Аълочии фарҳанги Тоҷикистон шуд

© Фото : МВД Республики ТаджикистанМинистр МВД РТ Рамазон Рахимзода, архивное фото
Министр МВД РТ Рамазон Рахимзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2021
Обуна шудан
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон вазири умури дохилии Тоҷикистонро қадрдонӣ кард
ДУШАНБЕ, 10 ноя – Sputnik. Ба вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро мукофоти соҳавии Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим шуд.
Дар ин бора Вазортаи фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ин мукофот ба мусносибати 30-юмин солгарди истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи милитсияи тоҷик тақдим шудааст.
Тақдими медали Далерӣ ба шаҳрванд Хидиров Зафар, аз ҷониби вазири умури дохилӣ Рамазон Раҳимзода барои хомӯш кардани сӯхтор - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2021
Раҳимзода ба роҳгузаре, ки сӯхторро дар маркази Душанбе хомӯш кард, медал дод - видео
Дар баробари Раҳимзода панҷ корманди дигари Вазорати корҳои дохилӣ низ Аълочии фарҳанг шуданд, инҳо:
генерал-майёри милитсия, сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Рамазонзода Суҳроб Кароматулло,
полковники милитсия, муовини сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Раҳимзода Амрохон Абдулло,
полковники милитсия, мушовири калони корҳои маданӣ, маънавӣ ва фарҳангию фароғатии дастгоҳ Муминов Абдулхайр Абдулҳайевич,
лейтенанти милитсия, нозири калони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии шуъбаи №1-и ВКД дар ноҳияи Рӯдакӣ Маҳмадшозода Сабринаи Мирзошо,
сержанти хурди милитсия, курсанти курси 3-юми факултети №2-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидова Муқаддас.
Гуфта мешавад, ки мукофотро ба кормандони мақомоти интизомӣ муовини вазири фарҳанг Сафарзода Давлат тақдим кард.
Иди милисаҳо: Аз 100 генерал то афзоиши себаробарии маош ва тақдими хонаю замин
Ёдрас мешавем, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 10 ноябр чун Рӯзи милитсияи тоҷик таҷлил мешавад.
Ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе бо ширкати президент Эмомалӣ Раҳмон ва раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ гузашти низомӣ баргузор гардид.
Парад военных посвященный дню милиции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2021
Гузашти милисаҳо: Аз намоиши нерӯ то техника дар ҳузури раисҷумҳур - акс
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар чорабинии идона иттилоъ дод, ки танҳо дар даҳ соли охир ҳаҷми маблағгузории мақомоти милитсия аз ҳисоби буҷаи давлат беш аз 150 фоиз афзуда, музди меҳнати кормандон ба ҳисоби миёна се баробар зиёд шуд.
Лентаи хабарҳо
0