Раҳимзода ба роҳгузаре, ки сӯхторро дар маркази Душанбе хомӯш кард, медал дод - видео

© Дафтари матбуоти ВКД ТоҷикистонТақдими медали "Далерӣ" ба шаҳрванд Хидиров Зафар, аз ҷониби вазири умури дохилӣ Рамазон Раҳимзода барои хомӯш кардани сӯхтор
Тақдими медали Далерӣ ба шаҳрванд Хидиров Зафар, аз ҷониби вазири умури дохилӣ Рамазон Раҳимзода барои хомӯш кардани сӯхтор - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2021
Обуна шудан
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон бо имзои як фармон шаҳрванд Зафар Хидировро бо медали "Ҷасорат" қадрдонӣ кардааст, ки шабона як сӯхтор дар маркази Душанберо мустақилона хомӯш кардааст
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, медали "Далерӣ" ба Зафар Хидиров дар чорабинии идона бахшида ба Рӯзи милиса аз сӯйи генерал-полковник Рамазон Раҳимзода супорида шуд.
Ба иттилои манбаъ, Хидиров ними шаб дар истгоҳе дар маркази Душанбе рух додааст ва Хидиров, ки роҳгузар будааст, онро мустақилона хомӯш намудааст.
Вазорати умури дохилӣ тавзеҳ дод, ки сӯхтор шаби 2-юм ба 3-юми ноябри соли ҷорӣ, тахминан соати 02:00, дар истгоҳи назди меҳмонхонаи “Авесто”, дар нуқтаи тезтайёр ба амал омадааст. Таъкид шуд, ки Хидиров ҳолатро дида, бетарафӣ зоҳир накарда, онро хомӯш намуд.
Дар Тоҷикистон қаблан низ мақомоти умури дохилӣ шаҳрвандонро барои зоҳир накардани бетарафӣ ва нишон додани шуҷоат дар кумак ба атрофиён бо медал қадрдонӣ карда буд.
Лентаи хабарҳо
0