https://sputnik.tj/20211110/guzasht-milisa-namoish-neru-tekhnika-raisjumhur-aks-1043397290.html
Гузашти милисаҳо: Аз намоиши нерӯ то техника дар ҳузури раисҷумҳур - акс
Гузашти милисаҳо: Аз намоиши нерӯ то техника дар ҳузури раисҷумҳур - акс
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик, ки 10 ноябр таҷлил мегардад, паради ҳарбӣ бо иштироки кормандони хадамот, ҷузъу томҳои Қушунҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои таркибии Вазорати корҳои дохилӣ баргузор шуд
2021-11-10T14:45+0500
2021-11-10T14:45+0500
2021-11-10T18:58+0500
акс
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/0a/1043396617_0:159:3077:1890_1920x0_80_0_0_cb92255bddae9fde85f718c2a341bdb1.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/0a/1043396617_173:0:2904:2048_1920x0_80_0_0_d0ea262ab543badaccea4c5f0b1280ec.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
гузашти ҳарбӣ, техника, нерӯ, афсар
гузашти ҳарбӣ, техника, нерӯ, афсар
Гузашти милисаҳо: Аз намоиши нерӯ то техника дар ҳузури раисҷумҳур - акс
14:45 10.11.2021 (Навсозишуда: 18:58 10.11.2021) Дар Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик, ки 10 ноябр таҷлил мегардад, паради ҳарбӣ бо иштироки кормандони раёсату шуъбаҳо, хадамот, ҷузъу томҳои қӯшунҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои таркибии Вазорати корҳои дохилӣ баргузор шуд

Гузашти ҳарбӣ дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон баргузор гардид

Дар чорабинии идона зикр шуд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ 100 нафар бо рутбаҳои олии афсарӣ қадрдонӣ шуданд

Дар парад баробари мардон инчунин занон аз бахшҳои гуногуни Вазорати умури дохилӣ иштирок карданд

Занони корманди мақомоти умури дохилӣ ҳангоми гузашти ҳарбӣ

Дар майдони сафороӣ дар баробари ҳайати шахсӣ шумораи зиёди техникаҳои гуногуни зиреҳпуши ҷангӣ ва навъҳои мухталифи автомашинаҳои ҷангию хизматӣ, гузошта шуда буд

Навъи мошинҳои кормандони милиса, ки дар Тоҷикистон истифода бурда мешаванд

Нерӯҳои таъйиноти махсуси Вазорати умури дохилӣ ҳангоми паради ҳарбӣ

Таъкид шуд, ки дар даҳ соли охир маблағгузории мақомоти милитсия аз ҳисоби буҷети давлат беш аз 150 фоиз афзуд

Инчунин дар ҳамоиши идона зикр шуд, ки тайи даҳсолаи охир музди меҳнати кормандон ба ҳисоби миёна се баробар зиёд карда шуд

Дар даврони истиқлол инчунин 670 нафар бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидаанд

Аз маъмурини милиса даъват шуд, ки дар шароити мураккаб ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳимояи амнияту тартибот бошанд

Таъкид гардид, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва афсарону сарбозони далер манфиатҳои давлату миллат ва обрӯи касбии худро муқаддас медонанд

Дар ҷашни милисаҳо илова шуд, ки талошҳо барои таҳкими моддии мақомоти умури дохилӣ идома хоҳанд кард