Мирзиёев барои ҳавои чанголуд 12 ҳокимро танбеҳ дод

© пресс-служба президента УзбекистанаПрезидент Узбекистана Шавкат Мирзиёев
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2021
Обуна шудан
Дар пасманзари тӯфони чангу ғубор дар Ӯзбекистон президент Шавкат Мирзиёев беш аз даҳ ҳокимро танбеҳ дод. Нисбати онҳо ҷазои интизомӣ пешбинӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 10 ноя – Sputnik. Президенти Ӯзбекистон12 роҳбари навоҳиро барои кори ғайриқаноатбахш дар самти ободонии минтақаҳо танбеҳ дод, хабар медиҳад Оҷонсии миллии УзА.
Кишвардори Ӯзбекистон рӯзи гузашта дар ҷаласаи видеоӣ дар бораи татбиқи лоиҳаи миллии "Яшил макон" (Муҳити сабз) ин масъаларо матраҳ кард. Ин тарҳ соле шинондани 200 миллион дарахту буттаро пешбинӣ мекунад, ки бояд майдони сабзи шаҳрҳоро аз 8 то 30 фоиз зиёд кунад.
Пыльная буря в Ташкенте - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2021
Тӯфони реги "заҳролуд" сокинони Тошкандро нафасгир кард - видео
Чуноне дар маҷлис гуфта шуд, ин тарҳ дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Намангон, Тошканд ва шаҳри Тошканд хуб ба роҳ монда шудааст.
Вале дар 12 ноҳия ин лоиҳа ҳоло роҳандозӣ нашудааст.
"Дар ноҳияҳои Қӯшробод, Каттақӯрғон, Тамдинск, Дӯстлик, Арнасой, Фориш, Янгиариқ, Шеробод, Тирмиз, Музробод, Ғузор ва Китоб шинондани ниҳолҳо ҳанӯз оғоз нашудааст. Раҳбарони ин навоҳӣ танбеҳ шуданд", - омадааст дар хабарнома.
Мирзиёев масъулияти ин корро ба зиммаи роҳбарони тамоми соҳаҳо: аз вазоратхонаҳо то корхонаҳо гузошта, дастур дод, ки дар давоми ду рӯз дар ҳар як ташкилоту ноҳия ва маҳалла ҷадвали ниҳолшинонӣ тасдиқ шавад.
Лоиҳаи умумимиллии "Муҳити сабз" дар Ӯзбекистон ҳафтаи гузашта оғоз гардид. Бояд дар давоми 40 рӯз, яъне то 10 декабр ниҳолшинонӣ идома кунад. Вале пас аз як рӯзи оғози кор дар ин минтақа тӯфони қуму ғубор ба амал омад.
Пыльная буря в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2021
Қуми биёбони Қазоқистон ҳавои Суғдро чанголуд кард
Ба гуфтаи Мирзиёев, ин тӯфон нишон дод, ки то чӣ андоза таъсири манфии таҳдидҳои экологӣ дар Ӯзбекистон афзоиш ёфтааст.
Бояд гуфт, шаҳри Хуҷанд ва дигар шаҳру навоҳии вилояти Суғди Тоҷикистонро низ чангу ғубор фаро гирифтааст. Гуфта мешавад, ки ин ғубор аз биёбонҳои Қазоқистон омадааст.
Лентаи хабарҳо
0