Тӯфони реги "заҳролуд" сокинони Тошкандро нафасгир кард - видео

Обуна шудан
Тошкандро тӯфони чангу ғубор иҳота намудааст. Сокинон аз нафастангӣ шикоят мекунанд. Чанд нафар аллакай ба бемористон интиқол ёфтанд
Тӯфони шадиди чангу қум Тошканд фаро гирифтааст, хабар "Фарғона" бо такя ба Хадамоти обуҳавосанҷии Ӯзбекистон.
Ба иттилои мутахассисон, миқдори чанг дар ҳаво аз меъёр панҷ баробар зиёд аст. Дар баъзе манотиқи кишвар фосилаи падидорӣ то 500 - 1000 метр кам шудааст. Ба ин тағйир шамол мусоидат кардааст.
Тӯфони рег боз Пекинро фаро гирифт: видео
Сокинони маҳаллӣ ба таври видеоҳоеро нашр мекунанд, ки кӯчаҳои шаҳр дар абри норанҷӣ "ғарқ" мебошанд.
Дар ҳамин ҳол Вазорати тандурустӣ аз афзоиши шумораи муроҷиатҳои сокинон ба дармонгоҳҳо хабар медиҳад. Гуфта мешавад, дар давоми ду рӯз қариб даҳ ҳазор нафар ба муассисаҳои тиббӣ мурочиат карданд. Ба бархе аз сокинон дар ҷои ҳодиса ёрии таъҷилӣ расонида шуда, бархеи дигарро дар бемористонҳо бистарӣ намудаанд.
Пизишкон тавсия медиҳанд, ки мардум дар чунин ҳавои номусоид аз манзилҳои худ бидуни зарурат берун нашаванд
Лентаи хабарҳо
0