https://sputnik.tj/20211110/qum-qazoqiston-turkmaniston-havo-sughd-chang-1043445630.html
Қуми биёбони Қазоқистон ҳавои Суғдро чанголуд кард
Қуми биёбони Қазоқистон ҳавои Суғдро чанголуд кард
Sputnik Тоҷикистон
Шаҳру навоҳии вилояти Суғдро давоми панҷ рӯзи ахир чангу гарди ғафс фаро гирифтааст. Дару тирезаи хонаю коргоҳ, мошин ва хуллас ҳама ҷо чанголуд шудааст 10.11.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-11-10T17:11+0500
2021-11-10T17:11+0500
2021-11-10T20:00+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
суғд
чанг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102364/72/1023647206_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_54a7d7383c974d4fb2a2dccc6bc2765b.jpg
ДУШАНБЕ, 10 ноя – Sputnik. Масъулини Маркази обуҳавосанҷии вилояти Суғд гуфтанд, ки бавуҷудоии чунин вазъи ногувори табииро таҳқиқ доранд.Абдувалӣ Ҳомидов, сардори Маркази обуҳавосанҷии Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, тибқи мушоҳидаҳои обуҳавосанҷӣ чангу гард аз биёбонҳои кишвари Қазоқистон ва Туркманистон хеста, то ба вилояти Суғд ва водии Фарғона расидааст.Ин масъули Маркази обуҳавосанҷӣ мегӯяд, ҳолати бавуҷудомада бесобиқа буда, рухдоди чунин вазъи табииро онҳо дар таҷрибаи беш аз даҳ солаи худ ёд надорад. Ҳомидов таъкид намуд, зимни таҳқиқ маълум шудааст, ки миқдори паҳншавии чангу гарди ҳавои атмосферӣ то ба 0, 12 метри мукааб расидааст, ки ин рақам дар муқоиса ба солҳои пеш қариб як баробар зиёд гуфта мешавад.Коршиносони Маркази обуҳавосанҷии Суғд мегӯянд, то ин замон миқдори паҳншавии чанг то 0, 7 метри мукааб ба қайд гирифта буд. Панҳншавии чангу гард ба Суғд аз рӯзи 5 ноябр шуруъ шуд ва бо гузашти панҷ рӯз ҳоло вазъ дар шаҳру навоҳии вилоят, аз ҷумла дар ноҳияи Мастчоҳ ва шаҳрҳои Конибодому Исфара то 0, 5 метри мукааб кам шудааст. Вале обуҳавосанҷон мегӯянд, ҳанӯз ин сиклон ва ё фишор дар болои шаҳрҳои Тошканди Ӯзбекистон ва Нурсултони Қазоқистон боқӣ монда, дар сурати вазиши шамол аз Шимол ба Ҷануб эҳтимол асароти он дубора ба Суғд расад. Ҳавои тираи чангу ғуборолуд ба вазъи саломатии сокинон бетаъсир набуда, барои нафароне, ки мушкили диққи нафас ва фишорбаландӣ доранд, азияткунанда аст. Дар чунин ҳолат коршиносони Маркази обуҳавосанҷӣ тавсия медиҳанд, ки сокинон дар вақти паҳншавии чангу гард барои ҳифзи саломатии худ аз маскаҳои муҳофизаткунанда истифода баранд.
https://sputnik.tj/20211105/tufon-reg-zahrolud-sokinon-toshkandro-nafasgir-navor-1043285486.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102364/72/1023647206_160:0:1120:720_1920x0_80_0_0_c6d15b019f1ffb3ee1735d9aa43b90db.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, суғд, чанг
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, суғд, чанг
Қуми биёбони Қазоқистон ҳавои Суғдро чанголуд кард
17:11 10.11.2021 (Навсозишуда: 20:00 10.11.2021) Шаҳру навоҳии вилояти Суғдро давоми панҷ рӯзи ахир чангу гарди ғафс фаро гирифтааст. Дару тирезаи хонаю коргоҳ, мошин ва хуллас ҳама ҷо чанголуд шудааст
ДУШАНБЕ, 10 ноя – Sputnik. Масъулини Маркази обуҳавосанҷии вилояти Суғд гуфтанд, ки бавуҷудоии чунин вазъи ногувори табииро таҳқиқ доранд.
Абдувалӣ Ҳомидов, сардори Маркази обуҳавосанҷии Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, тибқи мушоҳидаҳои обуҳавосанҷӣ чангу гард аз биёбонҳои кишвари Қазоқистон ва Туркманистон хеста, то ба вилояти Суғд ва водии Фарғона расидааст.
"Қуми биёбонҳои Қазоқистон ва Туркманистонро шамоли сахт ба атмосфера бардошта, то ба вилояти Суғд ва водии Фарғона паҳн намудааст”, - иброз намуд Ҳомидов.
Ин масъули Маркази обуҳавосанҷӣ мегӯяд, ҳолати бавуҷудомада бесобиқа буда, рухдоди чунин вазъи табииро онҳо дар таҷрибаи беш аз даҳ солаи худ ёд надорад.
Ҳомидов таъкид намуд, зимни таҳқиқ маълум шудааст, ки миқдори паҳншавии чангу гарди ҳавои атмосферӣ то ба 0, 12 метри мукааб расидааст, ки ин рақам дар муқоиса ба солҳои пеш қариб як баробар зиёд гуфта мешавад.
Коршиносони Маркази обуҳавосанҷии Суғд мегӯянд, то ин замон миқдори паҳншавии чанг то 0, 7 метри мукааб ба қайд гирифта буд. Панҳншавии чангу гард ба Суғд аз рӯзи 5 ноябр шуруъ шуд ва бо гузашти панҷ рӯз ҳоло вазъ дар шаҳру навоҳии вилоят, аз ҷумла дар ноҳияи Мастчоҳ ва шаҳрҳои Конибодому Исфара то 0, 5 метри мукааб кам шудааст.
Вале обуҳавосанҷон мегӯянд, ҳанӯз ин сиклон ва ё фишор дар болои шаҳрҳои Тошканди Ӯзбекистон ва Нурсултони Қазоқистон боқӣ монда, дар сурати вазиши шамол аз Шимол ба Ҷануб эҳтимол асароти он дубора ба Суғд расад.
Ҳавои тираи чангу ғуборолуд ба вазъи саломатии сокинон бетаъсир набуда, барои нафароне, ки мушкили диққи нафас ва фишорбаландӣ доранд, азияткунанда аст.
Дар чунин ҳолат коршиносони Маркази обуҳавосанҷӣ тавсия медиҳанд, ки сокинон дар вақти паҳншавии чангу гард барои ҳифзи саломатии худ аз маскаҳои муҳофизаткунанда истифода баранд.