https://sputnik.tj/20211110/khalabon-firori-afghonistoni-tarki-tojikiston-1043371354.html
Халабонҳои фирории афғонистонӣ тарки Тоҷикистон карданд: ИМА онҳоро куҷо бурд?
Халабонҳои фирории афғонистонӣ тарки Тоҷикистон карданд: ИМА онҳоро куҷо бурд?
Sputnik Тоҷикистон
Халабонҳои Афғонистон, ки баъди ғасби қудрат аз сӯи толибҳо дар Афғонистон ба Тоҷикистон фирор карда буданд, баъди қариби се моҳ ба кишвари сеюм бурда шуданд
2021-11-10T09:31+0500
2021-11-10T09:31+0500
2021-11-10T11:06+0500
дар ҷаҳон
има
афғонистон
фирор
халабон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102801/94/1028019415_0:197:2731:1733_1920x0_80_0_0_450095fd445223b252dcdfa03d39e096.jpg
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Ҳавопаймои ширкати ҳавонавардии Ӯзбекистон - "Uzbekistan Airways" шаби 9 ба 10 ноябр халабонҳои фирорӣ ва бархе паноҳандаҳои афғонистонии дигарро аз фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бурдааст. Бар асоси иттилоъ дар бораи масири парвози ин ҳавопаймо, ки ҳомили ҳудуди 200 сарнишин будаст, он дар пойгоҳи ҳарбии ИМА дар Абудабӣ фуруд омадааст. Интизор меравад, халабонони афғонистонӣ дар ин кишвар чанд муддати дигар интиқолашонро ба ИМА интизор шаванд. Хабаргузории "Reuters" низ бо нашри чанд акс аз интиқоли халабонҳои фирории Афғонистон ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ин хабарро тасдиқ кардааст. Халабонҳо аз Афғонистон дар пайи сари қудрат омадани толибҳо дар нимаи моҳи августи соли равон ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон фирор карда буданд. Қаблан хабар дода мешуд, ки ҳудуди 150 халабон аз Афғонистон аз тариқи ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон гурехтаанд ва тайи қариб се моҳи охир дар ин кишвар буданд. Мақомоти Тоҷикистон онҳоро то анҷоми расмиёти интиқолашон ба кишвари дигар дар истироҳатгоҳҳо ҷо карда буданд. Бархе аз фирориён, ки дар чунин шароити номуайянӣ қарор доштанд, аз тариқи расонаҳо аз мақомоти ИМА хостанд, раванди интиқолашонро тасреъ кунанд ва бархе аз мақомдорону вакилони амрикоӣ низ хостори интиқоли ҳарчи зудтари фирориён шуда буданд.
https://sputnik.tj/20210924/pilot-afghoniston-tojikiston-darmondaand-1042470294.html
има
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102801/94/1028019415_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_0b186b93b0a8fa1a505a8bc4fae27edc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
халабон, фирор, афғонистон, тоҷикистон, има
халабон, фирор, афғонистон, тоҷикистон, има
Халабонҳои фирории афғонистонӣ тарки Тоҷикистон карданд: ИМА онҳоро куҷо бурд?
09:31 10.11.2021 (Навсозишуда: 11:06 10.11.2021) Халабонҳои Афғонистон, ки баъди ғасби қудрат аз сӯйи толибҳо дар Афғонистон ба Тоҷикистон фирор карда буданд, баъди қариби се моҳ ба кишвари сеюм бурда шуданд
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Ҳавопаймои ширкати ҳавонавардии Ӯзбекистон - "Uzbekistan Airways" шаби 9 ба 10 ноябр халабонҳои фирорӣ ва бархе паноҳандаҳои афғонистонии дигарро аз фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бурдааст.
Бар асоси иттилоъ дар бораи масири парвози ин ҳавопаймо, ки ҳомили ҳудуди 200 сарнишин будаст, он дар пойгоҳи ҳарбии ИМА дар Абудабӣ фуруд омадааст. Интизор меравад, халабонони афғонистонӣ дар ин кишвар чанд муддати дигар интиқолашонро ба ИМА интизор шаванд.
Хабаргузории "
Reuters" низ бо нашри чанд акс аз интиқоли халабонҳои фирории Афғонистон ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ин хабарро тасдиқ кардааст.
Халабонҳо аз Афғонистон дар пайи сари қудрат омадани толибҳо дар нимаи моҳи августи соли равон ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон фирор карда буданд.
Қаблан хабар дода мешуд, ки ҳудуди 150 халабон аз Афғонистон аз тариқи ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон гурехтаанд ва тайи қариб се моҳи охир дар ин кишвар буданд. Мақомоти Тоҷикистон онҳоро то анҷоми расмиёти интиқолашон ба кишвари дигар дар истироҳатгоҳҳо ҷо карда буданд.
Бархе аз фирориён, ки дар чунин шароити номуайянӣ қарор доштанд, аз тариқи расонаҳо аз мақомоти ИМА хостанд, раванди интиқолашонро тасреъ кунанд ва бархе аз мақомдорону вакилони амрикоӣ низ хостори интиқоли ҳарчи зудтари фирориён шуда буданд.