Волии Бадахшонро ниҳоят пайдо карданд: ӯ кист?

© Sputnik / Alexey Kudenko / Гузариш ба медиабонкЧлен руководства движения Талибан*, ио министра информации и культуры Афганистана Хайрулла Хайрхва во время третьего заседания московского формата консультаций по Афганистану.
Член руководства движения Талибан*, ио министра информации и культуры  Афганистана Хайрулла Хайрхва во время третьего заседания московского формата консультаций по Афганистану. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2021
Обуна шудан
Ҳукумати “Толибон” Мавлавӣ Абдулғанӣ Фоиқ, маъруф ба Мавлавӣ Ғаниро ба ҳайси волии вилояти Бадахшони Афғонистон таъйин кард
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Курсии волии Бадахшон яке аз ҷанҷолитарин курсиҳои ҳукумати “Толибон” ба ҳисоб меравад. Манбаи Sputnik Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон бо ирсоли ин хабар гуфт, Мавлавӣ Ғанӣ дирӯз, 7 ноябр, дар ҷамъи дигар аъзои мақомоти вилоятӣ эҳзор ва муаррифӣ шуд.
“”Толибон”* дар ин мансаб қаблан Мавлавӣ Нуриддин, волии Тахорро мехостанд таъйин кунанд, ки хеле ҳассосият ба миён овард. Таъйини Мавлавӣ Ғанӣ барои мардуми вилояти комилан ғайримунтазира буд”, - гуфт манбаъ.
Мавлавӣ Абдулғанӣ Фоиқ ҳудуди 55 сол дошта, аз рустои Кафтархонаи вулусволии Дароими вилояти Бадахшон аст. Мактаби ибтидоиро ӯ дар зодгоҳаш фаро гирифта, соли 1986 ба хотири фарогирии улуми динӣ ба Покистон рафт.
Вай дар мадориси мухталифи Покистон, аз ҷумла мадрасаи Кӯҳот, Дор-ул-улуми Сироҷ-ул-исломи Коҳӣ, Дор-ул-улуми Ҳанифаи Конҷуи Свот, мадрасаи Манбаъ-ал-улуми Мироншоҳ ва ғайра таҳсили динӣ карда, бо оғози фаъолиятҳои таҳрики “Толибон”* ба ин гурӯҳ пайваст.
Мавлави Амонуддин, бывший глава провинции Бадахшана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2021
"Рақибони Қорӣ Фасеҳуддин": барканории волӣ ва фармондеҳи пулиси Бадахшону мақоми навашон
Дар замони зуҳури аввалини “Толибон” фармондеҳи фирқаи 4-и зиреҳдори Пули Чархии Кобул буд ва пас аз суқути режим дар соли 2001 дигарбора ба майдони ҷанг рафт. Ҳафт сол узви комиссияи низомии Иморати Исломӣ ва аз соли 2012 муовини волии номниҳоди “Толибон” барои Бадахшон буд.
Волии қаблӣ ва аввалини “Толибон”* дар Бадахшон Мавлавӣ Амонуддин Мансур як моҳи қабл аз вазифа барканор ва муовини фармондеҳи гарнизони Мазори Шариф таъйин шуд.
Аммо манбаи Sputnik Тоҷикистон мегӯяд, ӯ аз ин уфти хеш дар қудрат норозӣ шуда, ба Кобул ва Кандаҳор рафт, ки касе аз раҳбарони “Толибон”* ба додаш нарасид.

“Ӯ як ҳафтаи қабл ба зодгоҳаш – вулусволии Вардуҷ баргашта, байрақи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро боло кард. Ин байрақ се соат дар Вардуҷ парафшон буд. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, вазири дифоъ ва Қорӣ Фасеҳуддин, сардори ситоди Вазорати дифои “Толибон”* ба хотири ором кардани ӯ ба Бадахшон омаданд ва дар вулусволии Баҳорак як ҷаласаи чаҳорсоата доштанд. Он ҷо чӣ файсала шуд, маълум нест”, - гуфт манбаъ.

Тибқи иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон, даъвогарони курсии волии Бадахшон зиёд буданд. Яке аз онҳо Мавлавӣ Наҷиби Роғӣ, аз фармондеҳони матраҳи “Толибон”* буд, ки ахиран фармондеҳи ливо (бригада)-и ҳимояи вазорати дифоъи Афғонистон таъйин шуд.
Даъвогари дигар Мавлавӣ Шамсуддин Паҳлавон, як фармондеҳи дигари “Толибон”* дар Бадахшон буд, ки муовини вазири кишоварзӣ таъйин гардид. Дар ин миён “Толибон”* як паштун аз вулусволии Чаҳордараи вилояти Кундузро низ мехост дар ин курсӣ нишонад, аммо аъзои бадахшии ин гурӯҳ эътироз карданд ва волии ноком ба вилояташ баргашт.
Қабл аз Мавлавӣ Ғанӣ низ “Толибон”* хост ин курсиро дар ихтиёри Мавлавӣ Нуриддин, волии Тахор, ки ӯзбектабор аст, гузоранд, аммо дигарбора дучори норизоиятии толибони бадахшӣ шуданд.
Мавлави Кудратуллах, губернатор Панджшера - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2021
Волии “Толибон” ба панҷшериҳо: “Сабр кунед, дунё биҳишти кофир, дӯзахи мусулмон аст”
Далели аҳамияти курсии волии Бадахшон огаҳони ҳол дар ин мебинанд, ки ин вилоят дорои конҳои гуногуни маодини гаронбаҳо, назири тилову лаъл ва лоҷувард аст ва ҳамагӣ таҳти назорати волӣ ҳастанд.
Бадахшони Афғонистон қариб 99% тоҷикнишин буда, аз шимол бо вилоятҳои Хатлону Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ва аз манотиқи аз лиҳози амниятӣ ҳассоси минтақа ба ҳисоб меравад.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0