https://sputnik.tj/20211006/raqiboni-fasehuddin-barkanori-voli-pulis-badakhshon-1042684092.html
"Рақибони Қорӣ Фасеҳуддин": барканории волӣ ва фармондеҳи пулиси Бадахшону мақоми навашон
"Рақибони Қорӣ Фасеҳуддин": барканории волӣ ва фармондеҳи пулиси Бадахшону мақоми навашон
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари руҳонии “Толибон”* волӣ ва фармондеҳи пулиси Бадахшони Афғонистонро барканор ва онҳоро ба вазифаҳои нав таъйин кард
2021-10-06T18:05+0500
2021-10-06T18:05+0500
2021-10-06T18:29+0500
сиёсат
бадахшон
афғонистон
толибон
осиёи марказӣ
тағйирот
фармондеҳ
кадрӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/06/1042683774_0:94:1000:657_1920x0_80_0_0_87a005737612d64818f128461a20c7ff.jpg
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Мулло Ҳибатуллоҳ Охунд, раҳбари “Толибон”* бо як фармонаш Мавлавӣ Амонуддин, волии Бадахшонро аз вазифа барканор ва муовини фармондеҳи гарнизони Мазори Шариф таъйин намудааст. Бино ба ҳамин фармон Мавлавӣ Шамсиддин Паҳлавон, фармондеҳи амнияти вилояти Бадахшон низ барканор ва муовини вазири кишоварзию чорводорӣ таъйин шуд. Як манбаи огоҳ дар Бадахшон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин ҳарду дар сатҳи вилоят бо Қорӣ Фасеҳуддин, ҳоло сардори Ситоди кулли Вазорати дифои “Толибон”* ихтилофи дохилӣ доштанд.“Он чӣ, ки сараш ихтилоф мекарданд, оидоти тиҷорати лоҷувард, лаъл ва дигар сангҳои қиматбаҳои Бадахшон буд, ки бештарин қисматашро то ва пас аз ба қудрат расидани “Толибон”* Қорӣ Фасеҳуддин мегирифт. Якбора аз мақомҳои даромаддори вилоят ба қулли урду (гарнизон)–и як вилояти дигар ва Вазорати кишоварзиву чорводорӣ табдил шудани онҳо қудрати Қорӣ Фасеҳуддинро ба намоиш мегузорад”,-гуфт манбаъ.“Толибон”* то ба ҳол нафарони дигарро ба ҷои ин ду муаррифӣ накардаанд, аммо таъйини афроди нав дар пайи табдилии ин ду нафар аз мақомҳои калидии ин вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарз дар пасманзараи таҳаввулоти ахир дар марзҳои миёни ду кишвар қобили мулоҳиза аст. Мавлавӣ Амонуддин, мисли Қорӣ Фасеҳуддин, зодаи вулусволии Вардуҷ буд, ки қабл аз суқути Бадахшон волии номниҳоди “Толибон”* дар ин вилоят ба шумор мерафт. Пас аз суқути Бадахшон дар моҳи август “Толибон”* ӯро волии Бадахшон таъин кард. Дар рӯзҳои аввали ҳукумати “Толибон” Мавлавӣ Шамсиддин Паҳлавон, зодаи вулусволии Кишм, яке дигар аз толибони тоҷики Афғонистон эҳтимол мерафт, вазири адлия дар ҳукумати нави “Толибон”* муаррифӣ шавад, аммо номзадии ӯ қабул нагардид ва фармондеҳии амнияти Бадахшонро ба зиммаи ӯ гузошта буданд. Мавлавӣ Амонуддин ва Мавлавӣ Шамсиддин Паҳлавон таҳти раҳбарии Қорӣ Фасеҳуддин аз иҷрогарони тарҳи таъсиси “Лашкари Мансурӣ” – нерӯҳои истишҳодии “Толибон”* дар Бадахшон ба шумор мерафтанд. “Толибон”* ҳам далоили барканории онҳоро тавзеҳ надодаанд. * - созмони мамнуъ дар Русияву Тоҷикистон
https://sputnik.tj/20211006/zadukhurd-shadid-tolibon-jabha-muqovimat-milli-panjsher-1042680451.html
https://sputnik.tj/20211006/karzay-omuzgoron-zan-vazoif-1042678392.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/06/1042683774_0:0:1000:750_1920x0_80_0_0_f3c544262e271d46e5dc6dfc9449a532.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон, фармондеҳ, вазифа, таъйин
толибон, фармондеҳ, вазифа, таъйин
"Рақибони Қорӣ Фасеҳуддин": барканории волӣ ва фармондеҳи пулиси Бадахшону мақоми навашон
18:05 06.10.2021 (Навсозишуда: 18:29 06.10.2021) Раҳбари рӯҳонии “Толибон”* волӣ ва фармондеҳи пулиси Бадахшони Афғонистонро барканор ва онҳоро ба вазифаҳои нав таъйин кард
ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Мулло Ҳибатуллоҳ Охунд, раҳбари “Толибон”* бо як фармонаш Мавлавӣ Амонуддин, волии Бадахшонро аз вазифа барканор ва муовини фармондеҳи гарнизони Мазори Шариф таъйин намудааст.
Бино ба ҳамин фармон Мавлавӣ Шамсиддин Паҳлавон, фармондеҳи амнияти вилояти Бадахшон низ барканор ва муовини вазири кишоварзию чорводорӣ таъйин шуд.
Як манбаи огоҳ дар Бадахшон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин ҳарду дар сатҳи вилоят бо Қорӣ Фасеҳуддин, ҳоло сардори Ситоди кулли Вазорати дифои “Толибон”* ихтилофи дохилӣ доштанд.
“Он чӣ, ки сараш ихтилоф мекарданд, оидоти тиҷорати лоҷувард, лаъл ва дигар сангҳои қиматбаҳои Бадахшон буд, ки бештарин қисматашро то ва пас аз ба қудрат расидани “Толибон”* Қорӣ Фасеҳуддин мегирифт. Якбора аз мақомҳои даромаддори вилоят ба қулли урду (гарнизон)–и як вилояти дигар ва Вазорати кишоварзиву чорводорӣ табдил шудани онҳо қудрати Қорӣ Фасеҳуддинро ба намоиш мегузорад”,-гуфт манбаъ.
“Толибон”* то ба ҳол нафарони дигарро ба ҷои ин ду муаррифӣ накардаанд, аммо таъйини афроди нав дар пайи табдилии ин ду нафар аз мақомҳои калидии ин вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарз дар пасманзараи таҳаввулоти ахир дар марзҳои миёни ду кишвар қобили мулоҳиза аст.
Мавлавӣ Амонуддин, мисли Қорӣ Фасеҳуддин, зодаи вулусволии Вардуҷ буд, ки қабл аз суқути Бадахшон волии номниҳоди “Толибон”* дар ин вилоят ба шумор мерафт. Пас аз суқути Бадахшон дар моҳи август “Толибон”* ӯро волии Бадахшон таъин кард.
Дар рӯзҳои аввали ҳукумати “Толибон” Мавлавӣ Шамсиддин Паҳлавон, зодаи вулусволии Кишм, яке дигар аз толибони тоҷики Афғонистон эҳтимол мерафт, вазири адлия дар ҳукумати нави “Толибон”* муаррифӣ шавад, аммо номзадии ӯ қабул нагардид ва фармондеҳии амнияти Бадахшонро ба зиммаи ӯ гузошта буданд.
Мавлавӣ Амонуддин ва Мавлавӣ Шамсиддин Паҳлавон таҳти раҳбарии Қорӣ Фасеҳуддин аз иҷрогарони тарҳи таъсиси “Лашкари Мансурӣ” – нерӯҳои истишҳодии “Толибон”* дар Бадахшон ба шумор мерафтанд. “Толибон”* ҳам далоили барканории онҳоро тавзеҳ надодаанд.
* - созмони мамнуъ дар Русияву Тоҷикистон