Шарти Амрико барои кумаки молӣ ба Афғонистон

© Sputnik / Михаил Алаеддин / Гузариш ба медиабонкВид на город Кабул
Вид на город Кабул - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2021
Обуна шудан
Иёлоти Муттаҳида ҳанӯз фурсати ироаи кумаки молӣ ба мақомоти Афғонистонро мусоид намедонад
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Иёлоти Муттаҳида имкони расонидани кумаки молӣ ба мақомоти нави Афғонистонро мусоид намедонад, то он даме ки онҳо муносибати худро ба як қатор масъалаҳои барои ҷониби Амрико муҳим нарм накунанд, гуфт мушовири амнияти миллии президенти ин кишвар Ҷейк Салливан.

"Мо ҳоло дар мавқеияте нестем, ки мустақиман, тавассути раҳбарияти кунунии Афғонистон пул ироа кунем", - гуфтааст Салливан ба шабакаи телевизионии CNN.

Салливан гуфтааст, то замоне ки шоҳиди беҳбуди назарраси ҳама соҳот, аз ҳукумати фарогир то дигар масоиле, ки барои ИМА муҳиманд, нашаванд, кумак нахоҳанд кард.
Бо вуҷуди ин, Иёлоти Муттаҳида бузургтарин донори башардӯстона дар Афғонистон боқӣ мемонад, ки бо созмонҳои ғайритиҷоратӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкорӣ мекунад, илова намуд Салливан.
Представитель Талибана Забихулла Муджахид (в центре) обращается к СМИ в аэропорту Кабула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2021
Дархости "Толибон"* аз ИМА: Моро аз рӯйхати террористон хориҷ кунед
Ёдовар мешавем, баробари суқути ҳукумати пешини Афғонистон ҳукумати ИМА дастрасӣ ба тамоми суратҳисобҳои хориҷии ин кишварро масдуд кард.
Ҳоло ин маблағҳо, ки наздик ба 10 миллиард доллар гуфта мешаванд, барои ҳукумати худхондаи "Толибон"* дастрас нест.
Гурӯҳи "Толибон"* борҳо мустақиман ва тариқи дигар давлатҳо аз ИМА хост, ки суратҳисобҳои ҳукумати пешинро боз кунад, аммо Кохи Сафед низ дар посух шартҳои худро гузошт.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0