https://sputnik.tj/20211014/tolibon-ima-ruykhat-terrorist-khorij-1042827302.html
Дархости "Толибон"* аз ИМА: Моро аз рӯйхати террористон хориҷ кунед
Дархости "Толибон"* аз ИМА: Моро аз рӯйхати террористон хориҷ кунед
Sputnik Тоҷикистон
Сарпарасти Вазорати иттилоот ва фарҳанги "Толибон"* аз мақомоти ИМА дархост кард, ки раҳбарони толибонро аз рӯйхати террористон хориҷ кунанд. 14.10.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-10-14T12:11+0500
2021-10-14T12:11+0500
2021-10-14T12:41+0500
има
гурӯҳи террористии "толибон"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/08/1042717737_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_00291b7935310065b1f0b29ae3268f2a.jpg
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Хайруллоҳ Хайрхоҳ, сарпарасти Вазорати иттилоот ва фарҳанги "Толибон"* дар мусоҳиба бо шабакаи "ал-Ҷазира"-и Қатар аз мақомоти ИМА дархост кард, то раҳбарони ин гурӯҳро аз рӯйхати террористон хориҷ кунанд.Онҳо вуҷуди исмҳои моро дар ин рӯйхат ҳамчун фишор ба ҳукумати [муваққатии] Афғонистон истифода мебаранд. Мо аз онҳо хоҳиш мекунем, ки усулҳои дипломатиро риоя кунанд, зеро ба назари ман, ин дар оянда ба онҳо фоидае намерасонад.Ба гуфтаи ӯ, Иёлоти Муттаҳида бояд ба "Толибон"* имкони хидмат ба мардуми худро диҳад."Агар Иёлоти Муттаҳида "Толибон"*- ро аз ин рӯйхат хориҷ накунад, ба ин маънист, ки онҳо тааҳҳудоташонро иҷро намекунанд. Мо ҳама уҳдадориҳоямонро аллакай иҷро кардем ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳанӯз иҷро накардааст", - гуфтааст ин мақомдори толиб.Ин мақомдори "Толибон"* таъкид кардааст, ки дар хоки Афғонистон таҳдиди террористӣ вуҷуд надорад, бавижа аз ҷониби ДИИШ*. "Танҳо ҳузури ДИИШ дар Афғонистон барои раҳбарияти пешини Афғонистон муфид буд", - гуфтааст Хайрхоҳ.Ёдовар мешавем, шуморе аз раҳбарони "Толибон"* дар феҳристи таҳримҳои байналмилалӣ ё дар рӯйхати террористон дар баъзе кишварҳо қарор доранд ва ИМА барои боздошти иддае аз онҳо маблағ низ пешниҳод кардааст.Аввали моҳи август "Толибон"* ҳамлаҳои худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш дод. 15 август ҷангиёни ин гурӯҳ қудрат дар ин кишварро ғасб ва баъдан ҳукумати худ дар Афғонистонро эълон кард, аммо то кунун ҳеҷ кишваре аз дунё давлати онҳоро ба расмият нашинохтааст.* - гурӯҳҳои террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
https://sputnik.tj/20211012/tolibon-naqshaho-buzurg-afghoniston-oshkor-1042793839.html
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/08/1042717737_99:0:2830:2048_1920x0_80_0_0_44e9f1bc2aef9094fae1432335b4892c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
има, гурӯҳи террористии "толибон"
има, гурӯҳи террористии "толибон"
Дархости "Толибон"* аз ИМА: Моро аз рӯйхати террористон хориҷ кунед
12:11 14.10.2021 (Навсозишуда: 12:41 14.10.2021) Сарпарасти Вазорати иттилоот ва фарҳанги "Толибон"* аз мақомоти ИМА дархост кард, ки раҳбарони толибонро аз рӯйхати террористон хориҷ кунанд.
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Хайруллоҳ Хайрхоҳ, сарпарасти Вазорати иттилоот ва фарҳанги "Толибон"* дар мусоҳиба бо шабакаи "ал-Ҷазира"-и Қатар аз мақомоти ИМА дархост кард, то раҳбарони ин гурӯҳро аз рӯйхати террористон хориҷ кунанд.
"Ба амрикоиҳо лозим аст, ки нуқтаи назари худро дар бораи ворид кардани раҳбарони "Толибон"* ба рӯйхати террористон бознигарӣ кунанд", - гуфт ӯ.
Онҳо вуҷуди исмҳои моро дар ин рӯйхат ҳамчун фишор ба ҳукумати [муваққатии] Афғонистон истифода мебаранд. Мо аз онҳо хоҳиш мекунем, ки усулҳои дипломатиро риоя кунанд, зеро ба назари ман, ин дар оянда ба онҳо фоидае намерасонад.
Ба гуфтаи ӯ, Иёлоти Муттаҳида бояд ба "Толибон"* имкони хидмат ба мардуми худро диҳад.
"Аз амрикоиҳо мехоҳем, имконият диҳанд, ки ба мардуми худ хидмат кунем, ҳарчанд мо ва мардум мефаҳмем, ки дар баъзе маворид бархе аз кишварҳо нисбати мо комилан содиқ нестанд", - гуфтааст ӯ.
"Агар Иёлоти Муттаҳида "Толибон"*- ро аз ин рӯйхат хориҷ накунад, ба ин маънист, ки онҳо тааҳҳудоташонро иҷро намекунанд. Мо ҳама уҳдадориҳоямонро аллакай иҷро кардем ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳанӯз иҷро накардааст", - гуфтааст ин мақомдори толиб.
Ин мақомдори "Толибон"* таъкид кардааст, ки дар хоки Афғонистон таҳдиди террористӣ вуҷуд надорад, бавижа аз ҷониби ДИИШ*.
"Танҳо ҳузури ДИИШ дар Афғонистон барои раҳбарияти пешини Афғонистон муфид буд", - гуфтааст Хайрхоҳ.
Ёдовар мешавем, шуморе аз раҳбарони "Толибон"* дар феҳристи таҳримҳои байналмилалӣ ё дар рӯйхати террористон дар баъзе кишварҳо қарор доранд ва ИМА барои боздошти иддае аз онҳо маблағ низ пешниҳод кардааст.
Аввали моҳи август "Толибон"* ҳамлаҳои худро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш дод. 15 август ҷангиёни ин гурӯҳ қудрат дар ин кишварро ғасб ва баъдан ҳукумати худ дар Афғонистонро эълон кард, аммо то кунун ҳеҷ кишваре аз дунё давлати онҳоро ба расмият нашинохтааст.
* - гурӯҳҳои террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон