Дар Тоҷикистон дар давоми 9 моҳ 229 корхонаи саноатӣ таъсис ёфтааст

© Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонЦех на предприятия и ООО «Вахдат Текстиль»
Цех на предприятия и ООО «Вахдат Текстиль»  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2021
Обуна шудан
Бинобар иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, ин теъдод корхонаҳо ба арзиши 30 миллион доллар коло тавлид кардаанд
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Ҳамчунин Вазорати саноат хабар додааст, ки дар ин корхонаҳо 2067 нафар ба ҷои кор таъмин шудааст.
Маҷмуи сармоягузориҳои саноатӣ низ дар 9 моҳи соли равон ҳудуди 3,8 миллиард сомонӣ (340 миллион доллар) будааст.
Тибқи иттилои манбаъ, аз оғози имсол то кунун 35 маҳсули ҷадид дар корхонаҳои кишвар тавлид шуд.
Аз ҷумлаи ин маҳсулот метавон ба каналҳои таҳвия дар обгармкуни барқӣ, чангкашак, мошини либосшуии нимаавтомат, хокаи либосшуӣ, телевизион, нармкунанда ва ғайра ишора кард.
Золотые слитки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2021
Тоҷикистон дар истихроҷи тило муваффақ шуд: ҳисоботи Вазорати саноат
Бар асоси пешбинии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, то поёни соли равон теъдоди бунгоҳҳо ва коргоҳҳои тавлидии кишвар ба 292 воҳид афзоиш хоҳад ёфт.
Тибқи омори ин вазоратхона, 2360 бунгоҳи саноатӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст.
Лентаи хабарҳо
0