Тоҷикистон иҷозаи истихроҷи тилло ба шаҳрвандонро барномарезӣ мекунад

© Sputnik / Валерий Титиевский / Гузариш ба медиабонкЗолото
Золото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрвандон тиллои тавлидшударо озодона ба ниҳодҳои молии кишвар бо нархҳои муқараршуда хоҳанд фурӯхт

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон ба зудӣ тарҳи ироаи иҷоза ба шаҳрвандон бобати истихроҷи тилло ва дигар фулӯзоти қиматбаҳоро баррасӣ хоҳад кард, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Тилло. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Захираи тилло ва арзии Тоҷикистон баробари воридоти 5 моҳа будааст

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ахиран дар нишасти расонаӣ гуфт, ки ин санад, ки чанде пеш бо ибтикори раисҷумҳури кишвар таҳия шуд, ба шаҳрвандон ҳуқуқи истихроҷи мустақилли тиллоро хоҳад дод. Барои ин шаҳрвандонро мебояд танҳо аз вазорати молия иҷоза дарёфт кунанд.

Дар сурате, ки ин тасмим гирифта мешавад, шаҳрвандон дар ҷойҳое, ки дар ихтиёри ягон ширкат нест, тилло истихроҷ хоҳанд кард.

Шаҳрвандон тиллои тавлидшударо озодона ба ниҳодҳои молии кишвар хоҳанд фурӯхт ва ин ниҳодҳо нархи хариди тилло аз шаҳрвандонро таъин хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0