https://sputnik.tj/20211106/mirziyoev-nav-dastgiri-muhojiron-1043294854.html
Мирзиёев барои дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ чораҳои иловагӣ меандешад
Мирзиёев барои дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ чораҳои иловагӣ меандешад
Sputnik Тоҷикистон
Мирзиёев зимни маросими савгандёдкунии раисиҷумҳури Ӯзбекистон аз нияти пуштибонӣ аз муҳоҷирон гуфт
2021-11-06T17:36+0500
2021-11-06T17:36+0500
2021-11-09T14:29+0500
сиёсат
муҳоҷират
ӯзбекистон
шавкат мирзиёев
муҳоҷирони корӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0e/1039451896_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_f43fbf82286c19e3f599fd1809f5e45d.jpg
ДУШАНБЕ, 6 ноя – Sputnik. Ӯзбекистон барои ҳамватаноне, ки дар хориҷа таҳсил ва кор мекунанд, чораҳои иловагӣ меандешад. Дар ин бора президенти ҷумҳурӣ Шавкат Мирзиёев дар суханронии худ изҳор дошт.Вай афзуд, бунёди ҷамъиятии "Ватандошлар" робитаро бо шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар кишварҳои дигар ба сар мебаранд, густариш хоҳад дод.Бояд қайд кард, ки дар охири соли 2020 ҳудуди 1,6 миллион нафар аз Ӯзбекистон кор мекард, ки беш аз як миллион нафари онҳо дар Русия аст. Аз моҳи январ то августи соли 2021 беш аз 50 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия аз ҳисоби ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон ба кор даромаданд. Қаблан Мирзиёев идеяи раиси Ҳизби эҳёи миллии демократӣ Алишер Қодировро дар бораи ҷорӣ кардани андоз аз даромад барои муҳоҷирони корӣ танқид карда буд. Сарвари давлат ин гуна тадбирҳоро беасос номид. Ба гуфтаи ӯ, ҳамватанон хонаводаҳои худро таъмин мекунанд ва мақомоти кишвар барои дастгирии онҳо чораҳо меандешанд.Ёдовар мешавем, ки маросими савгандёдкунии Мирзиёев ба унвони раисҷумҳури Ӯзбекистон дар бинои Сенат баргузор шуд. Дар ин маросим ӯ савганди садоқат ба мардум эълон карда, инчунин нишони сарисинагӣ гирифт.
https://sputnik.tj/20211106/shavkat-mirziyoev-savgand-1043290803.html
https://sputnik.tj/20211016/mirziyoev-andoz-daromad-muhojir-tanqid-1042912283.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0e/1039451896_81:0:1218:853_1920x0_80_0_0_70e30e64119e6c938759d1ffababfee5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шавкат мирзиёев, муҳоҷирон, дастгирӣ,
шавкат мирзиёев, муҳоҷирон, дастгирӣ,
Мирзиёев барои дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ чораҳои иловагӣ меандешад
17:36 06.11.2021 (Навсозишуда: 14:29 09.11.2021) Мирзиёев зимни маросими савгандёдкунӣ ба унвони раисҷумҳури Ӯзбекистон аз нияти пуштибонӣ аз муҳоҷирон гуфт
ДУШАНБЕ, 6 ноя – Sputnik. Ӯзбекистон барои ҳамватаноне, ки дар хориҷа таҳсил ва кор мекунанд, чораҳои иловагӣ меандешад. Дар ин бора президенти ҷумҳурӣ Шавкат Мирзиёев дар суханронии худ изҳор дошт.
"Мо ҷиҳати дастгирӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҳамватаноне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил ва кор мекунанд, инчунин аъзои оилаи онҳо, ки дар кишвари мо зиндагӣ мекунанд, чораҳои иловагӣ меандешем,” – гуфт Мирзиёев.
Вай афзуд, бунёди ҷамъиятии "Ватандошлар" робитаро бо шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар кишварҳои дигар ба сар мебаранд, густариш хоҳад дод.
Бояд қайд кард, ки дар охири соли 2020 ҳудуди 1,6 миллион нафар аз Ӯзбекистон кор мекард, ки беш аз як миллион нафари онҳо дар Русия аст.
Аз моҳи январ то августи соли 2021 беш аз 50 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия аз ҳисоби ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон ба кор даромаданд.
Қаблан Мирзиёев идеяи раиси Ҳизби эҳёи миллии демократӣ Алишер Қодировро дар бораи ҷорӣ кардани андоз аз даромад барои муҳоҷирони корӣ танқид карда буд.
Сарвари давлат ин гуна тадбирҳоро беасос номид. Ба гуфтаи ӯ, ҳамватанон хонаводаҳои худро таъмин мекунанд ва мақомоти кишвар барои дастгирии онҳо чораҳо меандешанд.
Ёдовар мешавем, ки маросими савгандёдкунии Мирзиёев ба унвони раисҷумҳури Ӯзбекистон дар бинои Сенат баргузор шуд. Дар ин маросим ӯ савганди садоқат ба мардум эълон карда, инчунин нишони сарисинагӣ гирифт.