https://sputnik.tj/20211016/mirziyoev-andoz-daromad-muhojir-tanqid-1042912283.html
Мирзиёев пешниҳоди ҷорӣ кардани андоз аз даромади муҳоҷиронро танқид кард
Мирзиёев пешниҳоди ҷорӣ кардани андоз аз даромади муҳоҷиронро танқид кард
Sputnik Тоҷикистон
Шавкат Мирзиёев ба пешниҳоди ҷорӣ кардани андоз аз даромад барои муҳоҷирони корӣ манфӣ посух дод
2021-10-16T17:00+0500
2021-10-16T17:00+0500
2021-10-18T12:16+0500
муҳоҷират
ӯзбекистон
маблағ
андоз
шавкат мирзиёев
кор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/11/1040271294_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_379cb8aff09ed717f8514508b42f691b.jpg
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Раҳбари Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев пешниҳоди ҷорӣ кардани андоз аз даромад барои шаҳрвандони кишварро, ки муваққатан дар хориҷа кор мекунанд, "беасос" номид, хабар медиҳад "Telegram - канал"-и "УзЛиДеП". Қаблан номзади президентии Ӯзбакистон ва раиси Ҳизби демократии эҳёи миллӣ Алишер Қодиров гуфта буд, ки муҳоҷирони корӣ бояд андоз аз даромад супоранд. Ба андешаи ӯ, пуле, ки муҳоҷирон дар хориҷа ба даст меоранд, бояд на танҳо ба хонаводаҳои онҳо, балки ба рушди кишвар низ равона шавад.Мирзиёев қайд кард, ки ҳамватаноне, ки дар хориҷ кор мекунанд, худро бо кор таъмин мекунанд, оилаҳои худро дастгирӣ мекунанд ва мақомоти кишвар барои дастгирии онҳо чораҳо меандешанд. "Барои беҳбуди зиндагӣ ва шароити онҳо, омӯзонидани касбу ҳунар саъйю талош мешавад. Мо зуд-зуд дар масъалаҳои муҳоҷират бо Ҳукумати Русия тамос мегирем. Мо кӯшиш мекунем, бори онҳоро сабук кунем", - таъкид кард, раҳбари Ӯзбекистон.Президенти феълии Ӯзбакистон ёдовар шуд, ки як рӯз пеш дар суханронии худ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ масъалаи пеш аз муҳлат ҷорӣ намудани механизмҳои ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишварҳои ИДМ-ро ба миён гузоштааст. Тибқи омори Бонки марказии Ӯзбекистон, дар соли 2020 ҳаҷми интиқоли маблағи муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои дигар то 6 миллиарду 727 миллион доллар ва ҳаҷми маблағҳои ба хориҷа равоншуда то 1.198 миллиард доллар расидааст.Бештари интиқолҳо байни Ӯзбекистон ва Русия сурат мегиранд. Ҳамин тариқ, тибқи маълумоти охирин, ин ҷумҳурӣ аз Федератсияи Русия 4 миллиарду 344 миллион доллар дарёфт кардааст. Бар асоси охирин оморҳои соли 2020, 1,6 миллион ӯзбек барои кор дар хориҷ қарор дошт, ки аз он 1,1 миллион муҳоҷир дар Русия будааст. Ҳамзамон дар Ӯзбекистон лоиҳаи озмоишӣ барои ҷалби муташаккилона дар сохтмонҳои Русия оғоз шудааст, ки қарор аст, ҳар рӯз ҳадди аққал 250 муҳоҷири корӣ, ки ният кор дар сохтмонҳои Русияро доранд, ба он ҷалб шаванд.
https://sputnik.tj/20211014/uzbekiston-khostor-andoz-nav-muhojiron-1042874191.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/11/1040271294_44:0:1180:852_1920x0_80_0_0_2735cf553172b4fe833dc496376afa47.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мирзиёев пешниҳод андоз даромад муҳоҷирон танқид
мирзиёев пешниҳод андоз даромад муҳоҷирон танқид
Мирзиёев пешниҳоди ҷорӣ кардани андоз аз даромади муҳоҷиронро танқид кард
17:00 16.10.2021 (Навсозишуда: 12:16 18.10.2021) Шавкат Мирзиёев ба пешниҳоди ҷорӣ кардани андоз аз даромад барои муҳоҷирони корӣ манфӣ посух дод
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Раҳбари Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев пешниҳоди ҷорӣ кардани андоз аз даромад барои шаҳрвандони кишварро, ки муваққатан дар хориҷа кор мекунанд, "беасос" номид, хабар медиҳад "Telegram - канал"-и "УзЛиДеП".
Қаблан номзади президентии Ӯзбакистон ва раиси Ҳизби демократии эҳёи миллӣ Алишер Қодиров гуфта буд, ки муҳоҷирони корӣ бояд андоз аз даромад супоранд.
Ба андешаи ӯ, пуле, ки муҳоҷирон дар хориҷа ба даст меоранд, бояд на танҳо ба хонаводаҳои онҳо, балки ба рушди кишвар низ равона шавад.
"Мо дар бораи андозбандии онҳое, ки ба хориҷа сафар мекунанд, сӯҳбат кардем. Ин суханон комилан беасосанд", - гуфт Мирзиёев дар назди интихобкунандагон дар вилояти Тошканд.
Мирзиёев қайд кард, ки ҳамватаноне, ки дар хориҷ кор мекунанд, худро бо кор таъмин мекунанд, оилаҳои худро дастгирӣ мекунанд ва мақомоти кишвар барои дастгирии онҳо чораҳо меандешанд.
"Барои беҳбуди зиндагӣ ва шароити онҳо, омӯзонидани касбу ҳунар саъйю талош мешавад. Мо зуд-зуд дар масъалаҳои муҳоҷират бо Ҳукумати Русия тамос мегирем. Мо кӯшиш мекунем, бори онҳоро сабук кунем", - таъкид кард, раҳбари Ӯзбекистон.
Президенти феълии Ӯзбакистон ёдовар шуд, ки як рӯз пеш дар суханронии худ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ масъалаи пеш аз муҳлат ҷорӣ намудани механизмҳои ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишварҳои ИДМ-ро ба миён гузоштааст.
Тибқи омори Бонки марказии Ӯзбекистон, дар соли 2020 ҳаҷми интиқоли маблағи муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои дигар то 6 миллиарду 727 миллион доллар ва ҳаҷми маблағҳои ба хориҷа равоншуда то 1.198 миллиард доллар расидааст.
Бештари интиқолҳо байни Ӯзбекистон ва Русия сурат мегиранд. Ҳамин тариқ, тибқи маълумоти охирин, ин ҷумҳурӣ аз Федератсияи Русия 4 миллиарду 344 миллион доллар дарёфт кардааст.
Бар асоси охирин оморҳои соли 2020, 1,6 миллион ӯзбек барои кор дар хориҷ қарор дошт, ки аз он 1,1 миллион муҳоҷир дар Русия будааст.
Ҳамзамон дар Ӯзбекистон лоиҳаи озмоишӣ барои ҷалби муташаккилона дар сохтмонҳои Русия оғоз шудааст, ки қарор аст, ҳар рӯз ҳадди аққал 250 муҳоҷири корӣ, ки ният кор дар сохтмонҳои Русияро доранд, ба он ҷалб шаванд.