Шавкат Мирзиёев ба Қуръону Сарқонун қасам хӯрду президенти Ӯзбекистон шуд

© Пресс-служба президента УзбекистанаШавкат Мирзиёев
Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.11.2021
Обуна шудан
Шавкат Мирзиёев дар ҷаласаи ҳар ду палатаи парлумони кишвар савганд ёд кард
ДУШАНБЕ, 6 ноя – Sputnik. Дар Ӯзбекистон маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоби ҷумҳурӣ Шавкат Мирзиёев баргузор шуд.
Сарвари Ӯзбекистон дар ҷаласаи муштараки ҳар ду палатаи парлумони ин кишвар дар Сенат (палатаи болоии парлумон) савганд ёд кард. Соли 2016 ин маросим дар бинои палатаи қонунгузорӣ (палатаи поёнии парлумон) баргузор шуда буд.
Раиси Комиссияи марказии интихоботӣ Зайниддин Низомхоҷаев ба Мирзиёев шаҳодатномаи президентиро супурд. Пас аз он сарвари давлат дасти худро рӯи Конститутсия ва Қуръон гузошта, дар назди мардуми Ӯзбакистон савганд ёд кард.
Президент Узбекистана посетил швейно-трикотажное предприятие And gold в Избасканском районе Андижанской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2021
Расман: Мирзиёев дар интихобот бо 80,12% овоз пирӯз шуд
Сипас ба Мирзиёев аломатҳои фарқкунандаи қудрати президентӣ, ки моҳи октябри соли 2021 таъсис ёфтааст - нишони сарисинагӣ ва штандарт супурда шуд.
Дар ҳоли ҳозир раҳбари Ӯзбекистон бо гузориши барномаи худ баромад мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Мирзиёев дар интихоботи 24 октябр дар ин ҷумҳурӣ дубора президенти Ӯубакистон интихоб шуд. Раисҷумҳури феълӣ номзади Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон буд.
Тибқи иттилои КМИ, беш аз 80 дарсади интихобкунандагон ба ҷонибдории Мирзиёев овоз додаанд.
Президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев прибыл с официальным визитом в Республику Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2021
Раҳмон ба Мирзиёев занг заду пирӯзияшро дар интихобот табрик кард
Дар интихоботи президентӣ ҳамчунин номзадҳо аз чаҳор ҳизби дигари ин кишвар - Ҳизби экологӣ - Нарзулло Обломмуродов, аз Ҳизби халқӣ-демократӣ - Мақсуд Варисов, аз Ҳизби "Миллий тикланиш" -и демократӣ - Алишер Қодиров ва аз Ҳизби сотсиал-демократи "Адолат" - Баҳром Абдуҳалимов ширкат карданд.
Интихоботи президентии Ӯзбекистон дар панҷ сол як бор баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0