Ҳакимзода: Корҳои сохтмонии 8180 бино ба анҷом расидааст

© Пресс-служба президента ТаджикистанаГлава Хатлонской области Курбон Хакимзода
Глава Хатлонской области Курбон Хакимзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2021
Обуна шудан
Ахиран раиси вилоят дар ҷаласи ҷаласаи назоратии он суханронӣ карда, қайд намудааст, ки то имрӯз корҳои сохтмонӣ дар 8180 иншоот, ба маблағи умумии беш аз 2,7 миллиард сомонӣ ба анҷом расидааст
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон дар ин ҷаласа таъкид кардааст, ки нақшаи бунёду азнавсозии 7667 иншоот пешбинӣ шуда буд, ки ин рақам 31 фоизи нақшаи умумии корҳои дар миқёси кишвар пешбинигардидаро ташкил медиҳад.
“Тибқи маълумоти ҷамъбастӣ, то ба имрӯз корҳои сохтмонӣ дар 8180 иншооту бино, яъне 513 иншоот аз нақша зиёд, ба маблағи умумии беш аз 2,7 миллиард сомонӣ ба анҷом расида, ҳамаи онҳо ба истифода супорида шудаанд. Нақшаи тасдиқгардида қариб 107 фоиз таъмин карда шудааст”, - гуфт Қурбон Ҳакимзода.
Инчунин вай афзуд, ки тайи солҳои сипаришуда 763 адад иншооти соҳаи маориф, 923 иншооти соҳаи тандурустӣ, 232 иншооти соҳаи фарҳанг, 505 иншооти соҳаи варзиш, 519 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ, 319 бино дар соҳаи кишоварзӣ, 137 бинои соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, 126 ҳаммом, 327 сартарошхона ва 156 кошонаи ҳусн, 1258 маркази хизматрасонӣ ва савдо, инчунин 1655 аз дигар биноҳо мавриди истифода қарор гирифта, дар ин замина ҳазорҳо ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, ҳусни маркази шаҳру ноҳия, ҷамоатҳои деҳот ва деҳаҳоро ба манзараҳои зебою дилкушо табдил додаанд.
Цех по производству полипропиленовых мешков в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2021
Мақомоти Хатлон: дар вилоят 511 адад корхонаю коргоҳи нав таъсис дода шуд
Ҳамзамон дар ин давра дар зиёда аз 1671 км роҳҳои автомобилгард, аз ҷумла 682 км таъмири асосӣ ва 989 км таъмири ҷорӣ гузаронида шуда, 1624 км роҳҳо сангфарш гардида, корҳои сохтмонию таъмири 179 пул ва кашидани хатти обӣ нӯшокии 688 км пурра анҷом дода шудааст.
Раиси вилояти Хатлон зикр кардааст, ки дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ободонӣ, бунёдкориву созандагӣ идома дошта, дар ин ҷода саҳми тамоми фаъолон, аз ҷумла соҳибкорони маҳаллӣ, шахсони саховатпеша ва аҳолӣ бениҳоят калон аст.
Қурбон Ҳакимзода дар ин ҷаласа ба масъулон барои дар муҳлати муқарраршуда бартараф намудани камбудиҳо дастуру супориш додааст.
Лентаи хабарҳо
0