Мақомоти Хатлон: дар вилоят 511 адад корхонаю коргоҳи нав таъсис дода шуд

© Flickr \ Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЦех по производству полипропиленовых мешков в Душанбе
Цех по производству полипропиленовых мешков в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2021
Обуна шудан
Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон 511 адад корхонаю коргоҳи нав таъсис дода шудааст
ДУШАНБЕ, 25 авг – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон, дар зарфи ҳафт моҳи соли равон 52 адад корхона ва коргоҳи нави соҳаи саноат таъсис дода шуданд.
иттилоъ дода ҳудааст, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 4 миллиарду 970,2 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 483 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар корхонаҳои саноатии вилоят гӯшт ва каллапоча, гӯшти мурғ, ҳасибу ҳасибчаҳои гӯштӣ, маҳсулоти ширӣ, равғани растанӣ, истеҳсоли консерва, намаки ошӣ, нон ва маҳсулоти нонӣ, маҳсулоти қаннодӣ, обҳои ташнагишикан, маҳсулоти макаронӣ ва нахи пахта истеҳсол шудааст.
Цех на предприятия и ООО «Вахдат Текстиль» - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Беҳбудии соҳаи саноат: Тоҷикистон аз рушди ин бахш ҳисобот дод
Тибқи маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, суръати рушди соҳаи саноат дар вилояти Хатлон 107 фоизро ташкил додааст.
“То 16 август аз вилояти Хатлон ба хориҷи кишвар 92354,9 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шуда, иҷрои дурнамо 97,2 фоиз таъмин гардид”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, аз ин миқдор 88119,8 тоннаро сабзавот, аз он 87983,3 тоннаро пиёз, 288,7 тоннаро маҳсулоти полезӣ, 3200,1 тоннаро мевагиҳо ва лимӯ, 4,5 тоннаро ангур ва 741,8 тоннаро дигар намуди маҳсулот ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2119,2 тонна зиёд мебошад.
Лентаи хабарҳо
0