https://sputnik.tj/20211103/kushta-shudani-farmondeh-purqudrat-tolibon-1043254001.html
Кушта шудани як фармондеҳи пурқудрати "Толибон"* дар таркиши бемористони Кобул
Кушта шудани як фармондеҳи пурқудрати "Толибон"* дар таркиши бемористони Кобул
Sputnik Тоҷикистон
АнонсФармондеҳи "Толибон"* Мухлис дар ҳамла ба бемористони Афғонистон кушта шуд
2021-11-03T12:56+0500
2021-11-03T12:56+0500
2021-12-22T19:46+0500
афғонистон
толибон
кобул
фармондеҳ
кушта шудан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1b/1041920605_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_fe995bf5b7712c6ca44ba9b38fbad125.jpg
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Яке аз фармондеҳони нерӯҳои "Толибон"* дар Кобул дар пайи ҳамла ба бемористони низомӣ дар Афғонистон кушта шуд, хабар додааст як манбаи ин гурӯҳ ба РИА "Новости". Бинобар иттилои "Франс пресс", фармондеҳи кушташуда Ҳамдулло Мухлис мебошад. "Толибон"* марги ӯро рад мекунад. Ҳамдуллоҳ Мухлис нахустин узви "Толибон"* буд, ки пас аз суқути Кобул вориди Арг шуд ва ба курсии Ашраф Ғанӣ такя зад.Гуфта мешавад, ӯ масъули қули урдӯи Кобул буд ва дар байни фармондеҳони "Толибон"* қудрати хеле зиёд дошт.Қаблан як шоҳид ба хабаргузории РИА "Новости" гуфта буд, ки рӯзи сешанбе як гурӯҳи террористон вориди муассисаи тиббӣ шуд ва онро тарконд. Дар ин ҷо террористон бо аъзои ҷунбиши радикалии "Толибон"* даргир шудаанд.Ба гуфтаи ҳамсуҳбати ожонсӣ, дар ин ҳодиса 23 нафар кушта ва 50 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ"* ба уҳда гирифтааст. Авоили моҳи август "Толибон"* бо ҳамлаи сареъ ба нерӯҳои ҳукуматӣ шадидан зарба зад ва авоили тирамоҳ тамоми манотиқи ҷумҳуриро ишғол кард. Ҳамчунин шаби 31 август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима бахшиданд.Баъд аз он "Толибон"* хукумати муваққатӣ ташкил кард. Девони вазиронро Муҳаммад Ҳасан Охунд раҳбарӣ мекунад, ки дар замони ҳукмронии аввали "Толибон" ба ҳайси вазири хориҷа кор мекард ва аз соли 2001 таҳти таҳримоти СММ қарор дорад. * - ташкилоти террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
https://sputnik.tj/20211103/doish-masul-hamla-bemoristoni-kobul-1043250362.html
https://sputnik.tj/20211102/tedod-kushtashudaho-infijor-kobul-1043241162.html
афғонистон
кобул
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1b/1041920605_340:0:3071:2048_1920x0_80_0_0_b2cff696a2261abb950b0374966382e4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кобул, афғонистон, кушат шудан, фармондеҳ
кобул, афғонистон, кушат шудан, фармондеҳ
Кушта шудани як фармондеҳи пурқудрати "Толибон"* дар таркиши бемористони Кобул
12:56 03.11.2021 (Навсозишуда: 19:46 22.12.2021) Фармондеҳи "Толибон"* Мухлис дар ҳамла ба бемористони Афғонистон кушта шуд
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Яке аз фармондеҳони нерӯҳои "Толибон"* дар Кобул дар пайи ҳамла ба бемористони низомӣ дар Афғонистон кушта шуд, хабар додааст як манбаи ин гурӯҳ ба РИА "Новости".
"Ҳамдуллоҳ, масъули қули урдӯи Кобул дар ҳамлаи ДОИШ* кушта шуд", - гуфт манбаъ.
Бинобар иттилои "Франс пресс", фармондеҳи кушташуда Ҳамдулло Мухлис мебошад. "Толибон"* марги ӯро рад мекунад.
Ҳамдуллоҳ Мухлис нахустин узви "Толибон"* буд, ки пас аз суқути Кобул вориди Арг шуд ва ба курсии Ашраф Ғанӣ такя зад.
Гуфта мешавад, ӯ масъули қули урдӯи Кобул буд ва дар байни фармондеҳони "Толибон"* қудрати хеле зиёд дошт.
Қаблан як шоҳид ба хабаргузории РИА "Новости" гуфта буд, ки рӯзи сешанбе як гурӯҳи террористон вориди муассисаи тиббӣ шуд ва онро тарконд. Дар ин ҷо террористон бо аъзои ҷунбиши радикалии "Толибон"* даргир шудаанд.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати ожонсӣ, дар ин ҳодиса 23 нафар кушта ва 50 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ"* ба уҳда гирифтааст.
Авоили моҳи август "Толибон"* бо ҳамлаи сареъ ба нерӯҳои ҳукуматӣ шадидан зарба зад ва авоили тирамоҳ тамоми манотиқи ҷумҳуриро ишғол кард.
Ҳамчунин шаби 31 август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи низомии Амрико дар Афғонистон хотима бахшиданд.
Баъд аз он "Толибон"* хукумати муваққатӣ ташкил кард. Девони вазиронро Муҳаммад Ҳасан Охунд раҳбарӣ мекунад, ки дар замони ҳукмронии аввали "Толибон" ба ҳайси вазири хориҷа кор мекард ва аз соли 2001 таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
* - ташкилоти террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия