https://sputnik.tj/20211102/tedod-kushtashudaho-infijor-kobul-1043241162.html
23 кас куштаву 50 захмӣ - ҷузъиёти тозаи таркишҳо дар Кобул
23 кас куштаву 50 захмӣ - ҷузъиёти тозаи таркишҳо дар Кобул
Sputnik Тоҷикистон
Бар асари таркиши интиҳорӣ дар як бемористони шаҳри Кобул дастикам 23 нафар кушта ва 50 каси дигар маҷруҳ шуд 02.11.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-11-02T17:35+0500
2021-11-02T17:35+0500
2021-11-02T18:29+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
афғонистон
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1b/1041920573_0:159:3076:1889_1920x0_80_0_0_55be8da8c5168ec6042e24f41374eb90.jpg
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Теъдоди қурбониёну захмиҳо дар ду таркиши интиҳории рӯзи дуюми ноябр дар маркази Афғонистон маълум шуд.Ҳарчанд ин омор ҳоло ниҳоӣ нашудааст, вале расонаҳо аз кушта шудани 23 нафар дар ин инфиҷорҳо хабар медиҳад. Ҳамзамон наздики 50 тани дигар шадидан маҷрӯҳ шудааст.Қаблан аз кушта шудани 19 нафар хабар дода мешуд.Дар ҳамин ҳол хабаргузории "Бохтар" хабар дод, ки ҳамла ба бемористон дар Кобулро ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ"* анҷом додаанд. Қаблан яке аз шоҳидон ба РИА "Новости" гуфта буд, як гурӯҳи террористон вориди бинои бемористони Кобул шуда ва дар он ҷо инфиҷор ташкил кардааст, ки бар ин мабно даргириҳои "Толибон"* бо ин гурӯҳ идома дорад. Билол Каримӣ, сухангӯи "Толибон"* гуфт, рӯзи сешанбе дар як бемористони Кобул ду таркиш рух додааст. Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон Қорӣ Саид Хустӣ, нерӯҳои вижа ба ҷои ҳодиса ҳозир шудаанд ва таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.
https://sputnik.tj/20211102/kobul-bemoriston-margtalab-tarkond-1043236264.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1b/1041920573_174:0:2903:2047_1920x0_80_0_0_f0613529b2e71848be6f859b7b00b26d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, афғонистон, осиёи марказӣ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, афғонистон, осиёи марказӣ
23 кас куштаву 50 захмӣ - ҷузъиёти тозаи таркишҳо дар Кобул
17:35 02.11.2021 (Навсозишуда: 18:29 02.11.2021) Бар асари таркиши интиҳорӣ дар як бемористони шаҳри Кобул дастикам 23 нафар кушта ва 50 каси дигар маҷруҳ шуд
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Теъдоди қурбониёну захмиҳо дар ду таркиши интиҳории рӯзи дуюми ноябр дар маркази Афғонистон маълум шуд.
Ҳарчанд ин омор ҳоло ниҳоӣ нашудааст, вале расонаҳо аз кушта шудани 23 нафар дар ин инфиҷорҳо хабар медиҳад. Ҳамзамон наздики 50 тани дигар шадидан маҷрӯҳ шудааст.
Қаблан аз кушта шудани 19 нафар хабар дода мешуд.
Дар ҳамин ҳол хабаргузории "Бохтар" хабар дод, ки ҳамла ба бемористон дар Кобулро ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ"* анҷом додаанд.
Қаблан яке аз шоҳидон ба РИА "Новости" гуфта буд, як гурӯҳи террористон вориди бинои бемористони Кобул шуда ва дар он ҷо инфиҷор ташкил кардааст, ки бар ин мабно даргириҳои "Толибон"* бо ин гурӯҳ идома дорад.
Билол Каримӣ, сухангӯи "Толибон"* гуфт, рӯзи сешанбе дар як бемористони Кобул ду таркиш рух додааст.
Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон Қорӣ Саид Хустӣ, нерӯҳои вижа ба ҷои ҳодиса ҳозир шудаанд ва таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.