https://sputnik.tj/20211103/doish-masul-hamla-bemoristoni-kobul-1043250362.html
ДОИШ* масъулияти ҳамла ба бемористони низомии Кобулро ба уҳда гирифт
ДОИШ* масъулияти ҳамла ба бемористони низомии Кобулро ба уҳда гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Гурӯҳи террористии "ДОИШ"* масъулияти ҳамла ба бемористони Сардор Муҳаммад Довуд дар пойтахти Афғонистонро, ки даҳҳо қурбонӣ дар пай дошт, бар уҳда гирифт
2021-11-03T11:00+0500
2021-11-03T11:00+0500
2021-11-03T12:11+0500
кобул
таркиш
доиш
ҳамлаи террористӣ
гурӯҳи террористии "толибон"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1b/1041920564_0:161:3067:1886_1920x0_80_0_0_6921c31cbb77c2eeb3b241640da08d29.jpg
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Гурӯҳи ДОИШ* дар эъломияе масъулияти ҳамла ба бемористони низомӣ дар ноҳияи Вазир Акбархони Кобулро бар уҳда гирифт, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон.Ин гурӯҳ иддао кардааст, ки дар ҳамлаи рӯзи сешанбе ба беморхонаи низомӣ 40 узви "Толибон"*, аз ҷумла як узви баландпоя кушта шудааст. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи "Толибон"* низ ин ҳамларо ба ДОИШ* рабт дод ва гуфт, панҷ ҳамлагари ин гурӯҳ кушта шуд.Ба гуфтаи ӯ, дар ин ҳамла се зан, як кӯдак ва се узви "Толибон"* кушта ва панҷ тани дигар захмӣ шудаанд.Дар ҳамин ҳол "Reuters" бо такя ба манобеаш дар миёни "Толибон"* хабар дод, ки дар ин ҳодиса 34 нафар кушта ва беш аз 50 нафар маҷрӯҳ шудаанд.Ин ҳодиса бо ду таркиш оғоз ва сипас ҳамлагарон вориди бемористони низомӣ шуданд.Гуфта мешавад, тайи ин ҳамла Мавлавӣ Аҳмадуллоҳ Мухлис, як фармондеҳи аршади "Толибон"* низ кушта шудааст. Аҳмадуллоҳ Мухлис нахустин узви "Толибон"* буд, ки пас аз суқути Кобул вориди Арг шуд ва ба курсии Ашраф Ғанӣ такя зад. Гуфта мешавад, ӯ масъули қули урдӯи Кобул буд ва дар байни фармондеҳони "Толибон"* қудрати хеле зиёд дошт.* - ташкилоти террористии фаъолияташ дар Федератсияи Русия ва Тоҷикистон мамнуъ
https://sputnik.tj/20211102/tedod-kushtashudaho-infijor-kobul-1043241162.html
кобул
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1b/1041920564_168:0:2899:2048_1920x0_80_0_0_b8d3cbab4539bd87dcffe916c168dc40.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
"доиш"* ҳамла бемористон кобул
"доиш"* ҳамла бемористон кобул
ДОИШ* масъулияти ҳамла ба бемористони низомии Кобулро ба уҳда гирифт
11:00 03.11.2021 (Навсозишуда: 12:11 03.11.2021) Гурӯҳи террористии ДОИШ* масъулияти ҳамла ба бемористони Сардор Муҳаммад Довуд дар пойтахти Афғонистонро, ки даҳҳо қурбонӣ дар пай дошт, ба уҳда гирифт
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Гурӯҳи ДОИШ* дар эъломияе масъулияти ҳамла ба бемористони низомӣ дар ноҳияи Вазир Акбархони Кобулро бар уҳда гирифт, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон.
Ин гурӯҳ иддао кардааст, ки дар ҳамлаи рӯзи сешанбе ба беморхонаи низомӣ 40 узви "Толибон"*, аз ҷумла як узви баландпоя кушта шудааст.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи "Толибон"* низ ин ҳамларо ба ДОИШ* рабт дод ва гуфт, панҷ ҳамлагари ин гурӯҳ кушта шуд.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин ҳамла се зан, як кӯдак ва се узви "Толибон"* кушта ва панҷ тани дигар захмӣ шудаанд.
Дар ҳамин ҳол "Reuters" бо такя ба манобеаш дар миёни "Толибон"* хабар дод, ки дар ин ҳодиса 34 нафар кушта ва беш аз 50 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Ин ҳодиса бо ду таркиш оғоз ва сипас ҳамлагарон вориди бемористони низомӣ шуданд.
Гуфта мешавад, тайи ин ҳамла Мавлавӣ Аҳмадуллоҳ Мухлис, як фармондеҳи аршади "Толибон"* низ кушта шудааст.
Аҳмадуллоҳ Мухлис нахустин узви "Толибон"* буд, ки пас аз суқути Кобул вориди Арг шуд ва ба курсии Ашраф Ғанӣ такя зад.
Гуфта мешавад, ӯ масъули қули урдӯи Кобул буд ва дар байни фармондеҳони "Толибон"* қудрати хеле зиёд дошт.
* - ташкилоти террористии фаъолияташ дар Федератсияи Русия ва Тоҷикистон мамнуъ