https://sputnik.tj/20211102/qimati-khurokvori-tojikiston-1043228999.html
“Соли қиматӣ”: хӯрокворӣ чаро дар Тоҷикистон боз гарон мешавад?
“Соли қиматӣ”: хӯрокворӣ чаро дар Тоҷикистон боз гарон мешавад?
Sputnik Тоҷикистон
Нархҳои маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон по ба пои нархҳои ҷаҳонӣ меравад, ба ҳадде ки ҳеҷ кас пешгӯӣ карда наметавонад, ки нуқтаи охири он куҷо хоҳад буд 02.11.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-11-02T11:00+0500
2021-11-02T11:00+0500
2021-11-02T15:21+0500
дар тоҷикистон
маводи ғизоӣ
нархи қимат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/17/1032508316_0:151:2907:1786_1920x0_80_0_0_a85d11302ddae2fe04f9706e24554efb.jpg
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Созмони ғизо ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) додаҳои нуҳмоҳаи вазъи қимати маводи ғизоиро мунташир кард, ки бино ба онҳо, тайи нуҳ моҳи соли равон қимати маводи ғизоӣ дар ҷаҳон ба болотарин ҳадди худ расидааст.Дар ин раванд, тибқи маълумоти "Bloomberg", пойгоҳи ҷаҳонии хабарии иқтисодӣ, афзоиши нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҷаҳон тайи 50 соли ахир ба болотарин нуқта расида, ки бори охир соли 1970 чунин иттифоқе афтода будааст.Моҳи сентябри соли 2021, тибқи иттилои FAO, шохиси нархҳои миёнаи маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҷаҳон 130%-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли қаблӣ 32,8% зиёд аст.Дар шохиси нархҳои миёнаи маҳсулоти хӯрокворӣ бештар афзоиши нархи рӯғани растанӣ - 61,2%, шакар - 53,5%, ғалладона - 27,3% ва маҳсулоти гӯштӣ - 26,3% сабт шудааст.Албатта, Тоҷикистон низ ҳамчун як узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз асароти ин гароншавиҳо канор нахоҳад буд, балки нархи навои маҳсулот дар ин кишвар низ дастхуши тағйирот шуда, болоравии онҳо дар моҳҳои оянда низ пешбинӣ мешавад.Орду гандумАфзоиши нархи ғалла дар бозорҳои ҷаҳонӣ марбути кам шудани зарфиятҳои содиротии Русия ва Қазоқистон аст, ки соли равон ба хушксолӣ ва коҳиши ҳосили зироатҳои ғалладона, қабл аз ҳама гандум мувоҷеҳ шуданд. Ин афзоиши нарх аз 14 октябри соли 2020 то 2021 аз 41 то 43,3% будааст.Тибқи иттилои Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, ки масъулияти мониторинги 19 номгӯи молу маводи зарурии иҷтимоии кишвар дар дохилу хориҷро ба зимма дорад, нархи гандуми воридотии Қазоқистон, умдатарин содиркунандаи орду гандум (97,2% то 98,4%) ба кишвар тайи ин муддат аз 240-250 ба 305 доллар боло рафтааст.Имрӯз дар бозорҳои Тоҷикистон як халтаи орди гандуми навъи якум то 300 ва дувум 260 сомонӣ фурӯхта мешавад. Аммо эҳтимоли болоравии нархи фурӯши яклухти як халта орди якум ба 289,07 ва дуюм ба 260,90 сомонӣ пешбинӣ мешавад.РӯғанТибқи таҳлилҳои FАО, афзоиши нархи рӯғани растанӣ фақат дар як моҳи гузашта 1,7% ва дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2020 ҳудуд 60%-ро ташкил додааст. Русия эълон кардааст, ки ба нархи ҳар тонна рӯғани растанӣ дар моҳи ноябри соли ҷорӣ 45 доллар зам мешавад, яъне як тоннаи он то 1340-1350 доллар мерасад.Ин ба он маъност, ки моҳи ноябр нархи фурӯши яклухти 1 литри рӯғани офтобпараст ба 20,95 сомонӣ ва чаканаааш бо назардошти 5%-и болонархӣ ба 22 сомонӣ баробар хоҳад шуд. Моҳи сентябр-октябр як литри он дар фурӯши яклухт 19,76 ва чакана 20,75 сомонӣ буд. Афзоиш дар моҳи ноябр ба 6,02% баробар мешавад.Ҳамчунин тағйир дар қимати нархи рӯғани пахтаи ватанӣ мушоҳида хоҳад шуд. Ҳоло арзиши аслии 1 литр рӯғани пахта ба ҳисоби миёна дар коргоҳҳои хурди рӯғанбарории шаҳри Бохтар (ҳангоми хариди 1 кг пунбадона дар сатҳи 5,90 сомонӣ) ба 20,51 ва 1 кило кунҷораи аз коркарди пунбадона ҳосилгардида ба 4,80 сомонӣ баробар шудааст.Гӯшту шир – асири хошокИн дар шароити феълӣ нигароникунанда аст, зеро болоравии нархи кунҷора ба болоравии гӯшти гов дар охирҳои фасли тирамоҳ ва зимистон метавонад боис шавад. Дар як соли охир нархи кунҷора, дар умум хӯроки чорво – омили асосии ташаккулёбии нархи гӯшт дар бозорҳои Тоҷикистон то 50 фоиз афзоиш ёфт. Масалан, як дона бастаи коҳ аз 40 то 50 сомонӣ шудааст.Тибқи иттилои Хадамоти зиддиинҳисорӣ, соли гузашта дар ҳамин давра як кило гӯшти гов 50 ва гӯшти гӯсфанд 55 сомонӣ буд, ҳоло гӯшти гов 65 ва гӯшти гӯсфанд 68 сомонӣ аст.Нархи гӯшт ва маҳсулоти гуштӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои ҳамсоя низ дар ҳолати афзоиш аст. Ба гунаи мисол, дар Ӯзбекистон гӯшт тайи 10 моҳи соли равон 11% гарон шуд. Дар оғози моҳи октябр як кило гӯшти гов 65 ва гӯшти гӯсфанд то 75 сомонӣ арзиш дошт. Ҳукумати ин кишвар андози арзиши илова (ААИ) барои воридоти гӯштро лағв кард, аммо коҳиш ва фарқият дар нарх ҳамоно 5-6 сомонӣ аст.Бино ба таҳлилҳо, дар хоҷагиҳои Тоҷикистон вақтҳои охир чорводорон чорворо на барои истеҳсоли гӯшт, балки барои маҳсулоти ширӣ нигаҳдорӣ мекунанд, зеро парвариши чорвои гуштӣ, қабл аз ҳама ба хотири идома ёфтани болоравии қимати хӯроки чорво харҷи зиёдро талаб мекунад.Бо ин вуҷуд маҳз баланд гардидани нархи хӯроки чорво сабаби аслии афзоиши нархи ширу маҳсулоти ширӣ аст. Як литри шир аз 5 сомонии моҳи январ ба 7 сомонӣ дар моҳи октябр расидааст ва фарқият 40% аст.Нархи ғизои кӯдакона низ дар ин давра дар ҳолати тағйирёбӣ буда, 1 қуттӣ шири навъи “Бейби” – 250 грамм аз 25 сомонии аввали солба 30 сомонӣ дар ин шабу рӯз баробар шудааст. Тибқи қарордодҳои басташуда барои соли 2022, эҳтимол дорад, нархи ин маҳсулоти зарурӣ аз аввали соли 2022 дар бозор то 20,00 % афзоиш ёбад.Гӯшту тухми мурғСабабҳои асосии афзоиши нархи гӯшту тухми мурғ ҳам болоравии нархи хӯроки парранда аст, ки умдатан аз хориҷи кишвар ворид мешавад ва истеҳсоли дохилӣ пурра талаботро таъмин намекунад.Афзоиши нархи хӯроки паранда дар кишварҳои содироткунандаи он соҳибкорони ҷумҳуриро водор намуд, ки барои сарфаи хароҷоти пешбурди соҳаи мазкур ва таъмини аҳолӣ ба гӯшту тухми мурғ нархи моли худро бештар кунанд.Дар натиҷа як кило гӯшти мурғ, ки моҳи январи соли равон 25 сомонӣ буд, дар моҳи октябр 35 сомонӣ ё 40% зиёд шуд. Як дона тухм ҳам то1,2 сомонӣ расидааст, ки дар аввали соли ҳудуди як сомонӣ ё 20% арзон буд.ШакарТибқи иттилои FАО, нархи шакар дар ин давраи таҳлилӣ 121,2 бандро ташкил додааст, ки дар қиёс бо моҳи сентябр 0,5 ва ҳамин давраи соли гузашта 53,5% афзоиш ёфтааст. Ин ҳам дар пасманзари хушксолӣ дар давлати Бразилия, бузургтарин содиркунандаи шакари ҷаҳон иттифоқ меафтад, ки коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли шакар дар ин кишвар дар ҳолати сууд аст.Тибқи иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, айни замон арзиши миёнаи 1 тонна шакари воридотӣ 505, аз ҷумла шакари Ҳиндустон 473 ва Белорусия 741 доллар аст. Тибқи ташаккулёбии эҳтимолӣ, нархи фурӯши яклухти 1 кило шакар ба ҳисоби миёна то ба 8,07 сомонӣ баробар аст.Як кило шакар ҳоло дар бозорҳои Тоҷикистон 10 сомонӣ фурӯхта мешавад, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 2,5 сомонӣ ё 33,3% зиёд аст.Маҳсулоти дохилӣДар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти оморӣ, маҳсулоти дигари аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарур - сабзавот 8,8 (сабзӣ 24,5, карам 9,4), картошка 0,2% нисбат ба моҳи сентябр ва нархи помидор 57,2, бодиринг 43,4%, бехпиёз 4,8%, картошка 2,2% ва биринҷ 4,6%дар қиёс бо аввали сол гарон шудаанд.Дар ин давраи таҳлилӣ нархи маҳсулоти ғалла, назири наску нахуд низ дар ҳолати афзоиш қарор дошта, агар 18 сентябри соли равон нархи 1 кило наск дар бозорҳои кишвар аз 10,8 то 11 сомонӣ буд, ҳоло аз 11 то 13 сомонӣ ва 1 кило нахуд аз 14-20 сомонӣ то 17-25 сомонӣ расидааст. Ҳамин вазъро молҳои дигар, назири марҷумак, кашк ва ярмаи ҷав низ доранд.Аксари инҳо молҳоеанд, ки аслан дар дохили кишвар истеҳсол мешаванд ва боло рафтани қиматҳояшон хусусияти мавсимӣ дорад, аммо ҳамин вазъ ҳам бо болоравии умумии нархҳои маводи ғизоӣ дар ҷаҳон ҳамхонӣ дорад.Танҳо моли зарурӣ чойи сабзу сиёҳ аст, ки комилан аз хориҷа ворид мешавад, аммо нархҳояшон то ба ҳол тағйир накарда, аз 25 то 80 сомонӣ сари килоро ташкил медиҳад.Хуллоса, пешгӯиҳои Созмон кишоварзӣ ва ғизои Созмони Милали Муттаҳид (FAO) дар бораи болоравии нарху навои озуқаворӣ дар саросари ҷаҳон рӯз ба рӯз таҳаққуқ меёбанд, аммо суоли аслӣ ин аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои дур кардани фишори ин вазниниҳо аз шонаҳои мардум чӣ барнома дорад? Захираҳои давлатӣ то куҷо метавонанд суботи нисбӣ дар бозорро ҳифз кунанд?
https://sputnik.tj/20211011/narkh-mavod-ghizo-dushanbe-taghyir-1042765091.html
https://sputnik.tj/20211028/bonk-oila-tojik-istemol-ghizo-kam-1043142060.html
https://sputnik.tj/20211101/medvedev-buhron-jahon-ghizo-1043200390.html
https://sputnik.tj/20211022/vazorat-kishovarzi-garon-narkh-ord-sharh-1043029134.html
https://sputnik.tj/20210928/mansabdoron-sohibkoron-narkh-ordu-rohkiroro-1042544128.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/17/1032508316_161:0:2744:1937_1920x0_80_0_0_53ed0b3fe222f18e7b0b9f409c85367c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, маводи ғизоӣ, нархи қимат
дар тоҷикистон, маводи ғизоӣ, нархи қимат
“Соли қиматӣ”: хӯрокворӣ чаро дар Тоҷикистон боз гарон мешавад?
11:00 02.11.2021 (Навсозишуда: 15:21 02.11.2021) Нархҳои маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон по ба пои нархҳои ҷаҳонӣ меравад, ба ҳадде ки ҳеҷ кас пешгӯӣ карда наметавонад, ки нуқтаи охири он куҷо хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Созмони ғизо ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) додаҳои нуҳмоҳаи вазъи қимати маводи ғизоиро мунташир кард, ки бино ба онҳо, тайи нуҳ моҳи соли равон қимати маводи ғизоӣ дар ҷаҳон ба болотарин ҳадди худ расидааст.
Дар ин раванд, тибқи маълумоти "Bloomberg", пойгоҳи ҷаҳонии хабарии иқтисодӣ, афзоиши нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҷаҳон тайи 50 соли ахир ба болотарин нуқта расида, ки бори охир соли 1970 чунин иттифоқе афтода будааст.
Моҳи сентябри соли 2021, тибқи иттилои FAO, шохиси нархҳои миёнаи маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҷаҳон 130%-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли қаблӣ 32,8% зиёд аст.
Дар шохиси нархҳои миёнаи маҳсулоти хӯрокворӣ бештар афзоиши нархи рӯғани растанӣ - 61,2%, шакар - 53,5%, ғалладона - 27,3% ва маҳсулоти гӯштӣ - 26,3% сабт шудааст.
Албатта, Тоҷикистон низ ҳамчун як узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз асароти ин гароншавиҳо канор нахоҳад буд, балки нархи навои маҳсулот дар ин кишвар низ дастхуши тағйирот шуда, болоравии онҳо дар моҳҳои оянда низ пешбинӣ мешавад.
Афзоиши нархи ғалла дар бозорҳои ҷаҳонӣ марбути кам шудани зарфиятҳои содиротии Русия ва Қазоқистон аст, ки соли равон ба хушксолӣ ва коҳиши ҳосили зироатҳои ғалладона, қабл аз ҳама гандум мувоҷеҳ шуданд. Ин афзоиши нарх аз 14 октябри соли 2020 то 2021 аз 41 то 43,3% будааст.
Тибқи иттилои Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, ки масъулияти мониторинги 19 номгӯи молу маводи зарурии иҷтимоии кишвар дар дохилу хориҷро ба зимма дорад, нархи гандуми воридотии Қазоқистон, умдатарин содиркунандаи орду гандум (97,2% то 98,4%) ба кишвар тайи ин муддат аз 240-250 ба 305 доллар боло рафтааст.
Имрӯз дар бозорҳои Тоҷикистон як халтаи орди гандуми навъи якум то 300 ва дувум 260 сомонӣ фурӯхта мешавад. Аммо эҳтимоли болоравии нархи фурӯши яклухти як халта орди якум ба 289,07 ва дуюм ба 260,90 сомонӣ пешбинӣ мешавад.
Тибқи таҳлилҳои FАО, афзоиши нархи рӯғани растанӣ фақат дар як моҳи гузашта 1,7% ва дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2020 ҳудуд 60%-ро ташкил додааст. Русия эълон кардааст, ки ба нархи ҳар тонна рӯғани растанӣ дар моҳи ноябри соли ҷорӣ 45 доллар зам мешавад, яъне як тоннаи он то 1340-1350 доллар мерасад.
Ин ба он маъност, ки моҳи ноябр нархи фурӯши яклухти 1 литри рӯғани офтобпараст ба 20,95 сомонӣ ва чаканаааш бо назардошти 5%-и болонархӣ ба 22 сомонӣ баробар хоҳад шуд. Моҳи сентябр-октябр як литри он дар фурӯши яклухт 19,76 ва чакана 20,75 сомонӣ буд. Афзоиш дар моҳи ноябр ба 6,02% баробар мешавад.
Ҳамчунин тағйир дар қимати нархи рӯғани пахтаи ватанӣ мушоҳида хоҳад шуд. Ҳоло арзиши аслии 1 литр рӯғани пахта ба ҳисоби миёна дар коргоҳҳои хурди рӯғанбарории шаҳри Бохтар (ҳангоми хариди 1 кг пунбадона дар сатҳи 5,90 сомонӣ) ба 20,51 ва 1 кило кунҷораи аз коркарди пунбадона ҳосилгардида ба 4,80 сомонӣ баробар шудааст.
Ин дар шароити феълӣ нигароникунанда аст, зеро болоравии нархи кунҷора ба болоравии гӯшти гов дар охирҳои фасли тирамоҳ ва зимистон метавонад боис шавад. Дар як соли охир нархи кунҷора, дар умум хӯроки чорво – омили асосии ташаккулёбии нархи гӯшт дар бозорҳои Тоҷикистон то 50 фоиз афзоиш ёфт. Масалан, як дона бастаи коҳ аз 40 то 50 сомонӣ шудааст.
Тибқи иттилои Хадамоти зиддиинҳисорӣ, соли гузашта дар ҳамин давра як кило гӯшти гов 50 ва гӯшти гӯсфанд 55 сомонӣ буд, ҳоло гӯшти гов 65 ва гӯшти гӯсфанд 68 сомонӣ аст.
Нархи гӯшт ва маҳсулоти гуштӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои ҳамсоя низ дар ҳолати афзоиш аст. Ба гунаи мисол, дар Ӯзбекистон гӯшт тайи 10 моҳи соли равон 11% гарон шуд. Дар оғози моҳи октябр як кило гӯшти гов 65 ва гӯшти гӯсфанд то 75 сомонӣ арзиш дошт. Ҳукумати ин кишвар андози арзиши илова (ААИ) барои воридоти гӯштро лағв кард, аммо коҳиш ва фарқият дар нарх ҳамоно 5-6 сомонӣ аст.
Бино ба таҳлилҳо, дар хоҷагиҳои Тоҷикистон вақтҳои охир чорводорон чорворо на барои истеҳсоли гӯшт, балки барои маҳсулоти ширӣ нигаҳдорӣ мекунанд, зеро парвариши чорвои гуштӣ, қабл аз ҳама ба хотири идома ёфтани болоравии қимати хӯроки чорво харҷи зиёдро талаб мекунад.
Бо ин вуҷуд маҳз баланд гардидани нархи хӯроки чорво сабаби аслии афзоиши нархи ширу маҳсулоти ширӣ аст. Як литри шир аз 5 сомонии моҳи январ ба 7 сомонӣ дар моҳи октябр расидааст ва фарқият 40% аст.
Нархи ғизои кӯдакона низ дар ин давра дар ҳолати тағйирёбӣ буда, 1 қуттӣ шири навъи “Бейби” – 250 грамм аз 25 сомонии аввали солба 30 сомонӣ дар ин шабу рӯз баробар шудааст. Тибқи қарордодҳои басташуда барои соли 2022, эҳтимол дорад, нархи ин маҳсулоти зарурӣ аз аввали соли 2022 дар бозор то 20,00 % афзоиш ёбад.
Сабабҳои асосии афзоиши нархи гӯшту тухми мурғ ҳам болоравии нархи хӯроки парранда аст, ки умдатан аз хориҷи кишвар ворид мешавад ва истеҳсоли дохилӣ пурра талаботро таъмин намекунад.
Афзоиши нархи хӯроки паранда дар кишварҳои содироткунандаи он соҳибкорони ҷумҳуриро водор намуд, ки барои сарфаи хароҷоти пешбурди соҳаи мазкур ва таъмини аҳолӣ ба гӯшту тухми мурғ нархи моли худро бештар кунанд.
Дар натиҷа як кило гӯшти мурғ, ки моҳи январи соли равон 25 сомонӣ буд, дар моҳи октябр 35 сомонӣ ё 40% зиёд шуд. Як дона тухм ҳам то1,2 сомонӣ расидааст, ки дар аввали соли ҳудуди як сомонӣ ё 20% арзон буд.
Тибқи иттилои FАО, нархи шакар дар ин давраи таҳлилӣ 121,2 бандро ташкил додааст, ки дар қиёс бо моҳи сентябр 0,5 ва ҳамин давраи соли гузашта 53,5% афзоиш ёфтааст. Ин ҳам дар пасманзари хушксолӣ дар давлати Бразилия, бузургтарин содиркунандаи шакари ҷаҳон иттифоқ меафтад, ки коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли шакар дар ин кишвар дар ҳолати сууд аст.
Тибқи иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, айни замон арзиши миёнаи 1 тонна шакари воридотӣ 505, аз ҷумла шакари Ҳиндустон 473 ва Белорусия 741 доллар аст. Тибқи ташаккулёбии эҳтимолӣ, нархи фурӯши яклухти 1 кило шакар ба ҳисоби миёна то ба 8,07 сомонӣ баробар аст.
Як кило шакар ҳоло дар бозорҳои Тоҷикистон 10 сомонӣ фурӯхта мешавад, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 2,5 сомонӣ ё 33,3% зиёд аст.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти оморӣ, маҳсулоти дигари аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарур - сабзавот 8,8 (сабзӣ 24,5, карам 9,4), картошка 0,2% нисбат ба моҳи сентябр ва нархи помидор 57,2, бодиринг 43,4%, бехпиёз 4,8%, картошка 2,2% ва биринҷ 4,6%дар қиёс бо аввали сол гарон шудаанд.
Дар ин давраи таҳлилӣ нархи маҳсулоти ғалла, назири наску нахуд низ дар ҳолати афзоиш қарор дошта, агар 18 сентябри соли равон нархи 1 кило наск дар бозорҳои кишвар аз 10,8 то 11 сомонӣ буд, ҳоло аз 11 то 13 сомонӣ ва 1 кило нахуд аз 14-20 сомонӣ то 17-25 сомонӣ расидааст. Ҳамин вазъро молҳои дигар, назири марҷумак, кашк ва ярмаи ҷав низ доранд.
Аксари инҳо молҳоеанд, ки аслан дар дохили кишвар истеҳсол мешаванд ва боло рафтани қиматҳояшон хусусияти мавсимӣ дорад, аммо ҳамин вазъ ҳам бо болоравии умумии нархҳои маводи ғизоӣ дар ҷаҳон ҳамхонӣ дорад.
Танҳо моли зарурӣ чойи сабзу сиёҳ аст, ки комилан аз хориҷа ворид мешавад, аммо нархҳояшон то ба ҳол тағйир накарда, аз 25 то 80 сомонӣ сари килоро ташкил медиҳад.
Хуллоса, пешгӯиҳои Созмон кишоварзӣ ва ғизои Созмони Милали Муттаҳид (FAO) дар бораи болоравии нарху навои озуқаворӣ дар саросари ҷаҳон рӯз ба рӯз таҳаққуқ меёбанд, аммо суоли аслӣ ин аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои дур кардани фишори ин вазниниҳо аз шонаҳои мардум чӣ барнома дорад? Захираҳои давлатӣ то куҷо метавонанд суботи нисбӣ дар бозорро ҳифз кунанд?