Чӣ гуна нархи маводи ғизоӣ дар Душанбе тағйир ёфт

Обуна шудан
Ҳарчанд ваҳшати коронавирус дар Тоҷикистон кайҳо гузаштааст, аммо болоравии нархи маводи ғизоӣ идома дорад
Ҳамин тавр аз аввали соли 2021 дар Тоҷикистон нархи гӯшти гӯсфанд (аз 53.50 то 67.33 сомонӣ) ва гӯшти гов (аз 52.25 то 62.67 сомонӣ) боло рафт.
Дар миёнаҳои соли 2021 нархи рафғани растанӣ низ боло рафта, то 23 - 25 сомонӣ расид ва ҳоло бошад, каме коҳиш ёфта, ҳудуди 21,50 сомонӣ аст.
Тағйир дар нархи помидор низ мушоҳида мешавад. Агар арзиши он дар моҳи апрел аз 13,65 то 20,25 сомонӣ буд, ҳоло нархи ин навъи сабзавот то 5,90 сомонӣ гуфта мешавад.
Илова бар ин дар давраи муайян нархи пиёз (аз 1,90 то 2,27 сомонӣ) ва сабзӣ (аз 1,95 то 3,80 сомонӣ) низ боло рафт.
Нархи орд ҳам каме афзуд - барои як кило аз 4,70 то 4,80. Аз моҳи январ то октябри соли 2021 биринҷ арзон шуд - аз 14.70 то 14.30 сомонӣ расид.
Лентаи хабарҳо
0