Мансабдорон аз соҳибкорон хостанд, нархи ордро боло набаранд

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской областиВ Худжанде состоялась рабочая встреча руководителя Антимонопольной службы при Правительстве Республики Таджикистан Абдулмаджида Муминзода и заместителя председателя Согдийской области Анвара Якуби
В Худжанде состоялась рабочая встреча руководителя Антимонопольной службы при Правительстве Республики Таджикистан Абдулмаджида Муминзода и заместителя председателя Согдийской области Анвара Якуби - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2021
Обуна шудан
Роҳбарони Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва ҳукумати вилояти Суғд бо соҳибкорон масъалаи ҷилавгирӣ аз болоравии нархи ордро баррасӣ кардаанд
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Ҷаласаи корӣ барои пешгирӣ аз болоравии нархи орд дар бозорҳои Тоҷикистонро сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумат Абдулмаҷид Муминзод ва муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор карданд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раиси Суғд, ба мулоқот роҳбарон ва шахсони масъули корхонаҳои истеҳсолкунандаи орд даъват шуданд.
Газовая конфорка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.09.2021
Нархи рекордии газ дар Аврупо
Сардори хадамот аз роҳбарони корхонаҳои истеҳсолкунандаи орд даъват намудааст, ки ба болоравии беасоси нарх роҳ надода, барои таъмини фаровонии бозорҳо бо орд, ки ҳамчун маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ба ҳисоб меравад, тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Дафтари матбуотии раиси Суғд мегӯяд, новобаста аз он ки нархи орду гандум дар давлатҳои содиркунанда боло рафта бошад ҳам, аз соҳибкорон даъват шуд, ки барои дастрас намудани маҳсулоти мазкур бо нархҳои нисбатан арзон дар доираи имконият тадбир андешанд.
Ин дар ҳолест, ки тайи рӯзҳои охир корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон хабар доданд, ки нархи як халта орд дар кишвар то ба 290 сомонӣ расида, дар бархе навоҳии дурдаст аз 300 сомонӣ ҳам бештар шудааст.
Лентаи хабарҳо
0