https://sputnik.tj/20211028/afghoniston-furush-kudak-1043147960.html
Дар Афғонистон фурӯши кӯдакон дар авҷ аст
Дар Афғонистон фурӯши кӯдакон дар авҷ аст
Sputnik Тоҷикистон
Ба далели фақр ва шароити бади зиндагӣ фурӯши кӯдакон дар Афғонистон рӯ ба афзоиш ниҳодааст 28.10.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-10-28T17:20+0500
2021-10-28T17:20+0500
2021-10-28T21:07+0500
иҷтимоъ
афғонистон
осиёи марказӣ
кӯдак
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0f/1042896441_0:0:3070:1728_1920x0_80_0_0_0f20b5dd1358ca451127f907f77a48ee.jpg
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Дар Афғонистон мавориди фурӯши кӯдакон афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад "TOLONews".Бинобар иттилои манбаъ, мардум аксари вақт роҳи дигари таъмини оилаҳои худро надоранд, ба ҷуз он ки фарзанди худро фурӯшанд.Ҳоло нархи кӯдак ҳам тағйир ёфтааст. Агар як моҳ қабл дар Бодғис кӯдакро бар ивази 300 доллар мефурӯхтанд, ҳоло қимати он то 550-590 доллар зиёд шудаст, менависад манбаъ.Аксари шаҳрвандони Афғонистон, ки пас аз сари қудрат омадани "Толибон"* бе хонаву дар мондаанд ва дар хаймаҳо ба сар мебаранд, ба зиндагии боз ҳам даҳшатоваре гирифтор шудаанд. Нодорӣ агар аз як тараф онҳоро домангир аст, аз ҷониби дигар сард шудани ҳаво сокинонро дар ҳолати ногувор қарор додааст.Дар ҳамин ҳол масъулони Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Афғонистон ҳушдор медиҳанд, ки бо фарорасии зимистон ва мушкилоти кунунӣ авзоъ дар ин кишвар буҳронитар хоҳад шуд.Ба гуфтаи онҳо, дар як моҳи ахир беш аз се миллиону нуҳсад ҳазор нафар бастаҳои ғизоӣ хайр кардаанд, аммо ин хайр барои беҳтар кардани вазъ кофӣ нест, зеро беш аз се миллион кӯдак аз норасоии ғизо ранҷ мебаранд.Волидони онҳо чун имкони таъмини фарзандони худ бо ғизоро надоранд, маҷбур мешаванд, онҳоро фурӯшанд. Ба ин роҳ кӯдакони худро аз фақру гуруснагӣ наҷот медиҳанд.Як зани афғонистонӣ ба "TOLONews" изҳор доштааст, ки моҳи қабл ҳамсараш даргузашт ва духтари 13-солаи маризе дорад, ки ҳатман бояд ба муолиҷа фаро гирифта шавад. Ӯ ба хотири тадовӣ намудани духтари бузургаш фарзанди 1,5-моҳаи худро мефурӯшад.Ба мисли ин зан садҳо оилае дар Афғонистон мавҷуд аст, ки аз ночорӣ кӯдакони худро бар ивази маблағи ночизе мефурӯшанд.*-созмони террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
https://sputnik.tj/20211027/rusiya-afghoniston-doru-ghizo-1043124592.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0f/1042896441_209:0:2940:2048_1920x0_80_0_0_117b583ff0d772124dbf213bfe574c6c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иҷтимоъ, афғонистон, осиёи марказӣ, кӯдак
иҷтимоъ, афғонистон, осиёи марказӣ, кӯдак
Дар Афғонистон фурӯши кӯдакон дар авҷ аст
17:20 28.10.2021 (Навсозишуда: 21:07 28.10.2021) Ба далели фақр ва шароити бади зиндагӣ фурӯши кӯдакон дар Афғонистон рӯ ба афзоиш ниҳодааст
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Дар Афғонистон мавориди фурӯши кӯдакон афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад "TOLONews".
Бинобар иттилои манбаъ, мардум аксари вақт роҳи дигари таъмини оилаҳои худро надоранд, ба ҷуз он ки фарзанди худро фурӯшанд.
Ҳоло нархи кӯдак ҳам тағйир ёфтааст. Агар як моҳ қабл дар Бодғис кӯдакро бар ивази 300 доллар мефурӯхтанд, ҳоло қимати он то 550-590 доллар зиёд шудаст, менависад манбаъ.
Аксари шаҳрвандони Афғонистон, ки пас аз сари қудрат омадани "Толибон"* бе хонаву дар мондаанд ва дар хаймаҳо ба сар мебаранд, ба зиндагии боз ҳам даҳшатоваре гирифтор шудаанд. Нодорӣ агар аз як тараф онҳоро домангир аст, аз ҷониби дигар сард шудани ҳаво сокинонро дар ҳолати ногувор қарор додааст.
Дар ҳамин ҳол масъулони Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Афғонистон ҳушдор медиҳанд, ки бо фарорасии зимистон ва мушкилоти кунунӣ авзоъ дар ин кишвар буҳронитар хоҳад шуд.
Ба гуфтаи онҳо, дар як моҳи ахир беш аз се миллиону нуҳсад ҳазор нафар бастаҳои ғизоӣ хайр кардаанд, аммо ин хайр барои беҳтар кардани вазъ кофӣ нест, зеро беш аз се миллион кӯдак аз норасоии ғизо ранҷ мебаранд.
Волидони онҳо чун имкони таъмини фарзандони худ бо ғизоро надоранд, маҷбур мешаванд, онҳоро фурӯшанд. Ба ин роҳ кӯдакони худро аз фақру гуруснагӣ наҷот медиҳанд.
Як зани афғонистонӣ ба "TOLONews" изҳор доштааст, ки моҳи қабл ҳамсараш даргузашт ва духтари 13-солаи маризе дорад, ки ҳатман бояд ба муолиҷа фаро гирифта шавад. Ӯ ба хотири тадовӣ намудани духтари бузургаш фарзанди 1,5-моҳаи худро мефурӯшад.
Ба мисли ин зан садҳо оилае дар Афғонистон мавҷуд аст, ки аз ночорӣ кӯдакони худро бар ивази маблағи ночизе мефурӯшанд.
*-созмони террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон