Маскав ва Душанбе алайҳи террористони Афғонистон муттаҳид шуданд

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкВстреча глав МИД РФ и Таджикистана С. Лаврова и С. Мухриддина
Встреча глав МИД РФ и Таджикистана С. Лаврова и С. Мухриддина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.10.2021
Обуна шудан
Вазирони корҳои хориҷии ду кишвар ба мувофиқа расиданд, ки иқдомот дар робита ба авзоъ дар Афғонистонро ҳамоҳанг созанд.
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Маскав ва Душанбе қасд доранд, дар робита ба авзоъ дар Афғонистон иқдомотро ҳамоҳанг кунанд.
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ва Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар як суҳбати телефонӣ омодагии худро барои талошҳои муштарак тасдиқ карданд.
Онҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, инчунин омодагӣ ба иқдомоти дарпешистода дар моҳҳои ояндаро баррасӣ карданд.

"Ин хат барои ҳамоҳангсозии талошҳо дар бораи Афғонистон бо дарназардошти тасмимҳои нишастҳои СААД ва СҲШ дар моҳи сентябри соли ҷорӣ ва натоиҷи мулоқот дар формати Маскав, ки рӯзи 20-уми октябр баргузор шуд, таъйид шуд", — гуфтанд дар Вазорати хориҷаи Русия.

Илова бар ин Лавров ва Муҳриддин ба мавзӯи ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати корӣ ва ҳамкориҳои фарҳангию башардӯстона дахл карданд.
Глава МИД Таджикистана Сироджиддин Мухриддин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Муҳриддин аз ҷойгоҳи тоҷикону эътирофи "Толибон"* гуфт: Ба расмият намешиносем
"Ҷониби Русия таваҷҷуҳи худро ба зарурати анҷоми раванди интиқоли мактаби шаҳри Кӯлоб аз тобеияти Вазорати дифои Русия ба Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (Славянӣ)-и шаҳри Душанбе ҷалб кард",-омадааст дар ин хабарнома.
Ёдовар мешавем, ки Русия борҳо омодагии худро барои кумак ба Тоҷикистон дар баробари таҳдидҳои Афғонистон, ки дар миёнаҳои моҳи август ҳукуматаш ба дасти "Толибон"* гузашт, изҳор доштааст.
Ба ин далел Русия мисли аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ аз вуруди террористон ба қаламравҳои худ ҳарос дорад.
Афганские жители идут по улице во время снегопада в Кабуле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2021
ВУХ Тоҷикистон: Афғонистонро ҷанги тӯлонии шаҳрвандӣ таҳдид мекунад
Нерӯҳои дастаҷамъии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ барои рафъи босуръат ва муассири ҳамла дар марзи Тоҷикистону Афғонистон мунтазам тамринҳо баргузор мекунанд. Ахиран тамринҳои навбатӣ 23 октябр ба охир расид.
* - ташкилоти террористии мамнуъ дар Федератсияи Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0