https://sputnik.tj/20211026/tojikiston-batr-sarmoyaguzori-roghun-barrasi-1043103608.html
Тоҷикистон ва БАТР сармоягузорӣ дар нерӯгоҳи "Роғун"-ро баррасӣ карданд
Тоҷикистон ва БАТР сармоягузорӣ дар нерӯгоҳи "Роғун"-ро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони БАТР омодагии худро барои идомаи иҷрои тарҳҳои мавҷудаи сармоягузории давлатӣ дар Тоҷикистон иброз доштанд
2021-10-26T16:35+0500
2021-10-26T16:35+0500
2021-10-27T12:35+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
сармоягузорӣ
батр
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102982/83/1029828356_0:85:1620:996_1920x0_80_0_0_1c94370e1c57fbe2257d557545f8e76f.jpg
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ҳамроҳ бо мақомоти Тоҷикистон сармоягузорӣ дар сохтмони нерӯгоҳи "Роғун"ро баррасӣ карданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар.Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо мудири иҷроияи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Жужанна Харгитай мулоқот кард. Ҷонибҳо ҳамчунин ба татбиқи лоиҳаҳои мавҷудаи давлатии сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби БАТР дастгирӣ мешаванд, дахл карданд. Дар идомаи мулоқот намояндагони бонк омодагии худро барои таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва бунёди марказҳои ҳамлу нақл изҳор карданд.Масъалаҳои расонидани кумаки техникӣ барои татбиқи барномаи "иқтисоди сабз", аз ҷумла дастгирии бахши хусусӣ дар самти истеҳсоли нерӯи барқ аз манобеи барқароршавандаи энергия низ баррасӣ шуданд. БАТР ҳамчунин омодагияшро барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳбуди иқтидори зеҳнии корхонаҳои хусусӣ ва дигар соҳаҳо дар Тоҷикистон изҳор намудааст.Қаблан БАТР барои беҳбуди устуворӣ ва самаранокии бахши энержӣ дар Тоҷикистон ба маблағи 35 миллион евро пул ҷудо карда буд.
https://sputnik.tj/20210612/qarzu-grant-batr-taminot-garmi-dushanbe-pul-1040169617.html
https://sputnik.tj/20210429/batr-tojikiston-talafoti-nerui-barq-mablagh-1039161371.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102982/83/1029828356_90:0:1530:1080_1920x0_80_0_0_5c965bfcb3948400597d477116fc5583.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон батр сармоягузорӣ нерӯгоҳ роғунро
тоҷикистон батр сармоягузорӣ нерӯгоҳ роғунро
Тоҷикистон ва БАТР сармоягузорӣ дар нерӯгоҳи "Роғун"-ро баррасӣ карданд
16:35 26.10.2021 (Навсозишуда: 12:35 27.10.2021) Намояндагони БАТР омодагии худро барои идомаи иҷрои тарҳҳои мавҷудаи сармоягузории давлатӣ дар Тоҷикистон иброз доштанд
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ҳамроҳ бо мақомоти Тоҷикистон сармоягузорӣ дар сохтмони нерӯгоҳи "Роғун"ро баррасӣ карданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар.
Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо мудири иҷроияи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Жужанна Харгитай мулоқот кард.
Ҷонибҳо ҳамчунин ба татбиқи лоиҳаҳои мавҷудаи давлатии сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби БАТР дастгирӣ мешаванд, дахл карданд.
Дар идомаи мулоқот намояндагони бонк омодагии худро барои таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва бунёди марказҳои ҳамлу нақл изҳор карданд.
Масъалаҳои расонидани кумаки техникӣ барои татбиқи барномаи "иқтисоди сабз", аз ҷумла дастгирии бахши хусусӣ дар самти истеҳсоли нерӯи барқ аз манобеи барқароршавандаи энергия низ баррасӣ шуданд.
БАТР ҳамчунин омодагияшро барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳбуди иқтидори зеҳнии корхонаҳои хусусӣ ва дигар соҳаҳо дар Тоҷикистон изҳор намудааст.
Қаблан БАТР барои беҳбуди устуворӣ ва самаранокии бахши энержӣ дар Тоҷикистон ба маблағи 35 миллион евро пул ҷудо карда буд.