БАТР ба Тоҷикистон барои кам намудани талафоти неруи барқ маблағ ҷудо кард

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкЛЭП. Архивное фото
ЛЭП. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
Обуна шудан
Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои навсозии соҳаи энержии Тоҷикистон маблағ ҷудо хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Созишномаи грантӣ байни Тоҷикистон, ширкати “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Созишномаи қарзӣ байни ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ва БАТР, инчунин Созишнома оид ба пешниҳоди кафолат байни Тоҷикистон ва БАТР барои маблағгузории лоиҳаи “Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон” дар ҳаҷми 35 млн евро ба имзо расид.
Ба иттилои дафтари матбуоти вазорати молия, 15 млн евро ҳамчун маблағи грантӣ аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва 20 млн евро қарз аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ҷудо хоҳад шуд.
Созишномаҳои мазкурро аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири молияи мамлакат Файзиддин Қаҳҳорзода, аз тарафи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд хонум Айтен Рустамова, роҳбари Намояндагии Бонки мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз тарафи ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" директори генералӣ Умед Билолзода ба имзо расониданд.
Встреча главы Амонатбанк и представителя ЕБРР в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2021
Амонатбонк бо БАТР сармоягузории мустақиму технологияҳои рақамиро баррасӣ кард
Гуфта шудааст, ки лоиҳа дар минтақаи Хатлон, шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар амалӣ гардида, дар доираи татбиқи он иҷрои корҳо вобаста ба ҷорӣ намудани низоми биллингӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар, инчунин таҷдиду навсозии 2 адад зеристгоҳи мавҷуда, аз ҷумла зеристгоҳи “Бохтар”-110/10кВ ва зеристгоҳи “Кӯлоб”-110/35/10кВ, инчунин сохтмони зеристгоҳи нави 110/35/10 кВ дар шаҳри Кӯлоб ба нақша гирифта шудааст.
“Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2021 оғоз гардида, соли 2025 ба анҷом мерасад”, - таъкид намудааст манбаъ.
Зикр шудааст, ки мақсади Лоиҳа кам намудани талафоти техникӣ ва тиҷоратии неруи барқ тавассути қисман таҷдид намудани шабакаҳои барқӣ, бакордарории системаи баҳисобгирии биллингӣ, инчунин насбу васли ҳисобкунакҳои барқии электронии интеллектуалӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0