https://sputnik.tj/20210612/qarzu-grant-batr-taminot-garmi-dushanbe-pul-1040169617.html
Қарзу грант: БАТР барои таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе пул медиҳад
Қарзу грант: БАТР барои таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе пул медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои татбиқи лоиҳаи “Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе” 10 миллион доллар, барои ду марҳила ҷудо мешавад 12.06.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-06-12T09:35+0500
2021-06-12T09:35+0500
2021-07-21T19:10+0500
дар тоҷикистон
грант
душанбе
созишнома
батр
гармидиҳӣ
тобистон
қарздиҳӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101489/95/1014899510_0:150:1600:1050_1920x0_80_0_0_e32b46f76afc3f62c03b2976ac1fd867.jpg
ДУШАНБЕ, 11 июн – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи лоиҳа ҳануз аз соли 2021 оғоз ёфта, анҷоми он то соли 2025 ба нақша гирифта шудааст. Аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ, дар доираи лоиҳа зиёда аз 500 ҳазор сокини пойтахт бо гармидиҳии устувори марказӣ дар фасли зимистон таъмин карда мешаванд.Вазири молияи Тоҷикистон, Файзиддин Қаҳҳорзода зимни баррасии яке аз масъалаҳои дар рӯзномаи иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон зикр кард, ки дар доираи лоиҳа, инчунин Созишномаи қарзӣ байни Муассисаи давлатии “Шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи “Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе” 14 апрели соли 2021 дар ҳаҷми 5 миллион доллар ба муҳлати 15 сол, аз он ҷумла 4 сол муҳлати имтиёзнок ва бо меъёри тағйирёбандаи фоизӣ ба имзо расонида шудааст.Файзиддин Қаҳҳорзода қайд кард, ки дар доираи лоиҳа, инчунин насби қубурҳои ҷадид ва низоми автоматикии таъминоти оби гарм дар шаҳри Душанбе, ҳамзамон муҷаҳҳазгардонӣ бо техника ва механизмҳои нав пешбинӣ гардидааст.Татбиқи лоиҳа барои ба таври автоматӣ баҳисобгирии неруи гармӣ, танзими кори шабакаҳо ва иқтидорҳои истифодашаванда, баҳисобгирии электронии маблағи хизматрасонии гармидиҳии муштариён, ба роҳ мондани шаклҳои муосири қабули пардохт бе иштироки назоратчиёнро таъмин менамояд.
https://sputnik.tj/20210415/batr-behsozi-nizomi-garmidihi-dushanbe-1038478424.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101489/95/1014899510_0:0:1400:1050_1920x0_80_0_0_5d4f22aae04b830de19077a24d2245e8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, грант, душанбе, созишнома, батр, гармидиҳӣ, тобистон, қарздиҳӣ
дар тоҷикистон, грант, душанбе, созишнома, батр, гармидиҳӣ, тобистон, қарздиҳӣ
Қарзу грант: БАТР барои таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе пул медиҳад
09:35 12.06.2021 (Навсозишуда: 19:10 21.07.2021) Аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои татбиқи лоиҳаи “Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе” 10 миллион доллар, барои ду марҳила ҷудо мешавад
ДУШАНБЕ, 11 июн – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи лоиҳа ҳануз аз соли 2021 оғоз ёфта, анҷоми он то соли 2025 ба нақша гирифта шудааст.
Аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ, дар доираи лоиҳа зиёда аз 500 ҳазор сокини пойтахт бо гармидиҳии устувори марказӣ дар фасли зимистон таъмин карда мешаванд.
Вазири молияи Тоҷикистон, Файзиддин Қаҳҳорзода зимни баррасии яке аз масъалаҳои дар рӯзномаи иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон зикр кард, ки дар доираи лоиҳа, инчунин Созишномаи қарзӣ байни Муассисаи давлатии “Шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи “Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе” 14 апрели соли 2021 дар ҳаҷми 5 миллион доллар ба муҳлати 15 сол, аз он ҷумла 4 сол муҳлати имтиёзнок ва бо меъёри тағйирёбандаи фоизӣ ба имзо расонида шудааст.
“Ҳадаф аз амалисозии лоиҳа кам намудани талафоти ғайримеъёрии неруи гармии дар пойтахт истифодашаванда, коҳиш додани арзиши истеҳсолии неруи гармӣ ва бартараф намудани садамаҳо дар шабакаҳои оби гарми шаҳри Душанбе мебошад”, -таъкид доштааст вазири молия.
Файзиддин Қаҳҳорзода қайд кард, ки дар доираи лоиҳа, инчунин насби қубурҳои ҷадид ва низоми автоматикии таъминоти оби гарм дар шаҳри Душанбе, ҳамзамон муҷаҳҳазгардонӣ бо техника ва механизмҳои нав пешбинӣ гардидааст.
Татбиқи лоиҳа барои ба таври автоматӣ баҳисобгирии неруи гармӣ, танзими кори шабакаҳо ва иқтидорҳои истифодашаванда, баҳисобгирии электронии маблағи хизматрасонии гармидиҳии муштариён, ба роҳ мондани шаклҳои муосири қабули пардохт бе иштироки назоратчиёнро таъмин менамояд.