https://sputnik.tj/20211026/tayinoti-kadri-jahongir-salimzoda-noziri-maorifi-sugd-kist-1043099006.html
Таъйиноти кадрӣ: Ҷаҳонгир Салимзода нозири рақами яки маорифи Суғд кист?
Таъйиноти кадрӣ: Ҷаҳонгир Салимзода нозири рақами яки маорифи Суғд кист?
Sputnik Тоҷикистон
Бо фармони Шоҳин Саидзода, Ҷаҳонгир Салимзода, сардори Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Суғд таъйин шудааст
2021-10-26T14:25+0500
2021-10-26T14:25+0500
2021-10-26T14:25+0500
дар тоҷикистон
маориф
суғд
вазифа
таъйиноти кадрӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/10/1031912826_0:317:3077:2048_1920x0_80_0_0_0da0c0af9f730a46accf8b170395d80d.jpg
ДУШАНБЕ, 26 окт – Sputnik. Аз ҳукумати вилояти Суғд дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки Салимзода бо пешниҳоди раиси вилояти Суғд ва фармони Шоҳин Саидзода ба мақоми нави вазифавӣ таъйин карда шудааст.Салимзода Ҷаҳонгир Салим, 2 июли соли 1983 дар ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст.Ӯ, соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси филолог ва 2016 Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва бо дипломи аъло хатм намудааст.Фаъолияти меҳнатиашро дар соли 2004 ҳамчун омӯзгори мактаби таьсилоти миёнаи умумии № 62 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз намудааст.Солҳои 2008 - 2009 муовини раиси ҷамоати деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, солҳои 2009-2010 сардори нозироти мизи баҳисобгирии ҳарбии ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, солҳои 2010-2011 минҳайси мутахассис дар умури котиботи раиси вилояти Суғд ва шуъбаи иттилоотию таҳлилии Хадамоти матбуоти ҳукумати вилоят фаъолият намудааст.Аз 2 сентябри соли 2013 то ин вақт дар вазифаи директори Муассисаи давлатии “Кӯдакистони Президентӣ" и вилояти Суғд кор кардааст.Соли 2019, Салимзода бо фармони вазири маориф ва илм ба нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” сарфароз гардонида шудааст.Як соли охир Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф дар Суғдро Абдуғаффор Ахмедов роҳбарӣ мекард ва ҳудуди ду моҳи пеш ӯ аз вазифа барканор шуд.Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Тоҷикистон бар асоси фармони раисҷумҳур дар моҳи феврали соли 2020 таъсис дода шуд ва Саидзода Шоҳин, писари Нуриддин Саид, собиқ вазири маориф ва ҳоло раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон роҳбари ин ниҳоди давлатӣ таъйин гардид.Ин сохтор дар заминаи собиқ Хадамоти назорат дар соҳаи маориф таъсис дода шудааст.Ин ниҳод минбаъд иҷозатномадиҳӣ, назорати сифати таҳсилот, аттестатсия ва корҳои дигари назоратию машваратӣ дар бахши маорифро ба зимма дорад.
https://sputnik.tj/20211025/tayinoti-kadri-sughd-sardor-rayosat-tandurusti-ivaz-shud-1043085266.html
https://sputnik.tj/20211021/tayinot-kadr-zamin-sughd-1043001230.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/10/1031912826_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_f4763a285faf63aea34e8efc81856534.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, таъйиноти кадрӣ, вазифа, маориф, вилояти суғд
тоҷикистон, таъйиноти кадрӣ, вазифа, маориф, вилояти суғд
Таъйиноти кадрӣ: Ҷаҳонгир Салимзода нозири рақами яки маорифи Суғд кист?
Бо фармони Шоҳин Саидзода, Ҷаҳонгир Салимзода, сардори Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Суғд таъйин шудааст
ДУШАНБЕ, 26 окт – Sputnik. Аз ҳукумати вилояти Суғд дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки Салимзода бо пешниҳоди раиси вилояти Суғд ва фармони Шоҳин Саидзода ба мақоми нави вазифавӣ таъйин карда шудааст.
“Бегоҳии рӯзи ҷумъа маросими муаррифии Салимзода доир гардид ва дар ин ҷаласа худи Шоҳин Саидзода, сардори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти кишвар иштирок намудааст”, - гуфт манбаъ.
Салимзода Ҷаҳонгир Салим, 2 июли соли 1983 дар ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст.
Ӯ, соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси филолог ва 2016 Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва бо дипломи аъло хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро дар соли 2004 ҳамчун омӯзгори мактаби таьсилоти миёнаи умумии № 62 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз намудааст.
Солҳои 2008 - 2009 муовини раиси ҷамоати деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, солҳои 2009-2010 сардори нозироти мизи баҳисобгирии ҳарбии ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, солҳои 2010-2011 минҳайси мутахассис дар умури котиботи раиси вилояти Суғд ва шуъбаи иттилоотию таҳлилии Хадамоти матбуоти ҳукумати вилоят фаъолият намудааст.
Аз 2 сентябри соли 2013 то ин вақт дар вазифаи директори Муассисаи давлатии “Кӯдакистони Президентӣ" и вилояти Суғд кор кардааст.
Соли 2019, Салимзода бо фармони вазири маориф ва илм ба нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” сарфароз гардонида шудааст.
Як соли охир Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф дар Суғдро Абдуғаффор Ахмедов роҳбарӣ мекард ва ҳудуди ду моҳи пеш ӯ аз вазифа барканор шуд.
Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Тоҷикистон бар асоси фармони раисҷумҳур дар моҳи феврали соли 2020 таъсис дода шуд ва Саидзода Шоҳин, писари Нуриддин Саид, собиқ вазири маориф ва ҳоло раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон роҳбари ин ниҳоди давлатӣ таъйин гардид.
Ин сохтор дар заминаи собиқ Хадамоти назорат дар соҳаи маориф таъсис дода шудааст.
Ин ниҳод минбаъд иҷозатномадиҳӣ, назорати сифати таҳсилот, аттестатсия ва корҳои дигари назоратию машваратӣ дар бахши маорифро ба зимма дорад.