Таъйиноти кадрӣ дар идораҳои замини Суғд: кӣ ҷояшро бо кӣ иваз кард?

© Sputnik / Дмитрий АстаховМужчина закрывает портфель, архивное фото
Мужчина закрывает портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2021
Обуна шудан
Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон бо судури се фармон раисони бахшҳои тобеи кумита дар вилояти Суғдро тағйир дод
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Дар пайи ин таъйиноти кадрӣ байни раисони идораи замини шаҳру навоҳии Конибодом, Ҷаббор Расулов ва Кумитаи идораи замин дар вилояти Суғд ҷойивазкунӣ сурат гирифтааст.
Бино ба иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон, бо фармони раиси кумита Нуриддин Абдуллозода аз вазифаи муовини раиси идораи замини вилояти Суғд барканор шуда, тайи амри дигаре ӯ раиси идораи замин дар ноҳияи Ҷаббор Расулов гумошта шуд.
Нуриддин Абдуллозода як соли пеш муовини раиси идораи замини вилояти Суғд таъйин шуда буд ва пеш аз он раисии бахши ин ниҳод дар ноҳияи Деваштичро ба зимма дошт.
Пустое кресло - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2021
Нозири №1-и маорифи Суғд аз вазифааш барканор шуд
Ба ҷойи Абдуллозода ҳоло Ҳасан Раҳмонӣ муовини раиси кумитаи мазкур дар вилоят истихдом шудааст.
Раҳмонӣ то ин вақт раёсати бахши кумита дар Конибодомро ба уҳда дошт. Ӯ қаблан масъули идораи замини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд.
Дилмурод Хайруллозода дар идораи замини шаҳри Конибодом оқои Раҳмониро иваз кард.
Хайруллозода қаблан минҳайси раис дар идораҳои замини ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Ғафуров ва инчунин дар идораи замини вилояти Суғд кор кардааст.
Лентаи хабарҳо
0