https://sputnik.tj/20211025/tayinoti-kadri-sughd-sardor-rayosat-tandurusti-ivaz-shud-1043085266.html
Таъйиноти кадрӣ дар Суғд: сардори Раёсати тандурустӣ иваз шуд
Таъйиноти кадрӣ дар Суғд: сардори Раёсати тандурустӣ иваз шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ҷамолиддин Абдуллозода бо судури чаҳор фармон сартабибони калонтарин муассисаҳои тандурустии Суғдро таъйин намудааст
2021-10-25T17:40+0500
2021-10-25T17:40+0500
2021-10-25T19:30+0500
тағйироти кадрӣ дар тоҷикистон
дар тоҷикистон
тандурустӣ
суғд
таъйиноти кадрӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102547/75/1025477504_0:0:962:541_1920x0_80_0_0_8054a3cba8fe3c62b513915410c7dc1e.jpg
ДУШАНБЕ, 25 окт – Sputnik. Аз ин таъйиноти кадрӣ бармеояд, ки ҷойи сартабибони чанде аз бузургтарин Шифохонаи Суғд ба мисли “шоҳмот” иваз карда шудааст.Аз ҳукумати вилояти Суғд сурат гирифтани таъйиноти кадриро ба Sputnik Тоҷикистон тасдиқ намуданд. Бар пояи иттилои манобеъ бо фармони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сардори Раёсати тандурустии вилоят, сартибибони шифохонаи клиникии Суғд ба номи С. Қутфиддинов, сартабиби шифохонаи № 1-и шаҳри Хуҷанд ва сартабиби Маркази солимгардонии бемориҳои дилу шараёни вилояти Суғд иваз карда шудаанд.Бино ба иттилои дарёфтӣ, ин таъйиноти кадрӣ рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта сурат гирифтааст ва чанде дигар аз сартабибони калонтарин шифохонаҳои Суғд иваз шудаанд. Мақсудзода бо фармони дигари вазир ба ҷойи Фирӯз Комилов сартабиби беморхонаи клиникии Суғд ба номи С. Қутфиддинов таъйин шудааст.Фирӯз Комилов бо фармони вазири тандурустӣ ба ҷойи Фирдавс Турахонов сартабиби шифохонаи шаҳрии № 1 (Горболниса)-и Хуҷанд таъйин гардидааст. Фирдавс Турахонов дар навбати худ ба ҷойи Ҳибибуллоҳ Муҳиддинов сартабиби Маркази солимгардонии бемориҳои дилу шараёни вилояти Суғд истихдом шудааст.
https://sputnik.tj/20211021/tayinot-kadr-zamin-sughd-1043001230.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102547/75/1025477504_0:0:722:541_1920x0_80_0_0_27313200fd0d8c9c90c498fc1b9cc2d7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суғд таъйиноти кадрӣ тандурустӣ
суғд таъйиноти кадрӣ тандурустӣ
Таъйиноти кадрӣ дар Суғд: сардори Раёсати тандурустӣ иваз шуд
17:40 25.10.2021 (Навсозишуда: 19:30 25.10.2021) Ҷамолиддин Абдуллозода бо судури чаҳор фармон сартабибони калонтарин муассисаҳои тандурустии Суғдро таъйин намудааст
ДУШАНБЕ, 25 окт – Sputnik. Аз ин таъйиноти кадрӣ бармеояд, ки ҷойи сартабибони чанде аз бузургтарин Шифохонаи Суғд ба мисли “шоҳмот” иваз карда шудааст.
Аз ҳукумати вилояти Суғд сурат гирифтани таъйиноти кадриро ба Sputnik Тоҷикистон тасдиқ намуданд.
Бар пояи иттилои манобеъ бо фармони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сардори Раёсати тандурустии вилоят, сартибибони шифохонаи клиникии Суғд ба номи С. Қутфиддинов, сартабиби шифохонаи № 1-и шаҳри Хуҷанд ва сартабиби Маркази солимгардонии бемориҳои дилу шараёни вилояти Суғд иваз карда шудаанд.
"Фаррух Мақсудзода аз вазифаи сардори Раёсати тандурустии Суғд барканор шуда ба ҷойи ӯ Ҳабибуллоҳ Муҳиддинов сардор таъйин шуд", - гуфт манбаъ аз ҳукумати Суғд.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, ин таъйиноти кадрӣ рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта сурат гирифтааст ва чанде дигар аз сартабибони калонтарин шифохонаҳои Суғд иваз шудаанд.
Мақсудзода бо фармони дигари вазир ба ҷойи Фирӯз Комилов сартабиби беморхонаи клиникии Суғд ба номи С. Қутфиддинов таъйин шудааст.
Фирӯз Комилов бо фармони вазири тандурустӣ ба ҷойи Фирдавс Турахонов сартабиби шифохонаи шаҳрии № 1 (Горболниса)-и Хуҷанд таъйин гардидааст.
Фирдавс Турахонов дар навбати худ ба ҷойи Ҳибибуллоҳ Муҳиддинов сартабиби Маркази солимгардонии бемориҳои дилу шараёни вилояти Суғд истихдом шудааст.