https://sputnik.tj/20211026/tartibot-nav-vurud-khorij-ima-1043102687.html
Тартиботи нави вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба ИМА
Тартиботи нави вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба ИМА
Sputnik Тоҷикистон
Акнун танҳо онҳое ҳуқуқи вуруд ба ИМА - ро доранд, ки курси пурраи ваксиназанӣ алайҳи COVID-19-ро гузаштаанд.
2021-10-26T16:00+0500
2021-10-26T16:00+0500
2021-10-26T16:08+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
има
вуруд
иҷозаи вуруд
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102080/97/1020809785_0:134:3163:1913_1920x0_80_0_0_5223a118865b47bf75ccd5ce300306c6.jpg
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Раисиҷумҳури ИМА Ҷо Байден бо имзои фармон, барои шаҳрвандони хориҷиии эминшуда, ки ба Иёлоти Муттаҳида сафар мекунанд, талаботи нав ҷорӣ мекунад, хабар медиҳад Deutsche Welle. Мақомдорони ИМА мегӯянд, барқарорсозии парвозҳои байналмилалии ҳавоӣ ҳоло ба манфиати кишвар аст ва аз ин рӯ ҳукумат тасмим гирифтааст, ки маҳдудиятҳои нисбати дигар давлатҳоро, ки қаблан дар давраи пандемияи коронавирус татбиқ шуда буданд, бекор кунад. Аммо ба далели амният марзҳо танҳо барои афроде боз хоҳад шуд, ки пурра эм карда шудаанд. Акнун танҳо онҳое ҳуқуқи вуруд ба ИМА - ро доранд, ки курси пурраи ваксиназанӣ алайҳи COVID-19-ро гузаштаанд.Одамоне, ки бо раводиди ғайримуҳоҷиратӣ ба Иёлоти Муттаҳида меоянд, бояд пеш аз савор шудан ба ҳавопаймо шиносномаи эмгузаронии худро нишон диҳанд. Нашриёт инчунин тавзеҳ дод, ки ИМА сайёҳонеро қабул мекунад, ки ваксинаҳои аз ҷониби Идораи озуқаи ИМА (FDA) тасдиқшуда ё барои истифодаи изтирорӣ аз ҷониби Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт иҷозат дода шудаанд. Талаботи ҷадид ба кӯдакони то 18-сола дахл надорад.Илова бар ин, Байден фармонеро имзо кард, ки тибқи он маҳдудиятҳои вуруд, ки аз соли 2020 инҷониб амал мекунанд, лағв мешавад ва вуруди сайёҳон аз Чин, Ҳиндустон, Африқои Ҷанубӣ, Бразилия ва бисёре аз кишварҳои Аврупоро ба Иёлоти Муттаҳидаро дубора имконпазир мегардад.
https://sputnik.tj/20210727/ima-tahdid-rukud-iqtisod-1041213549.html
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102080/97/1020809785_216:0:2947:2048_1920x0_80_0_0_330c731f606266a0be0b8b275a2e2a7a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
има, сайёҳон. тартибот, вуруд
има, сайёҳон. тартибот, вуруд
Тартиботи нави вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба ИМА
16:00 26.10.2021 (Навсозишуда: 16:08 26.10.2021) Акнун танҳо онҳое ҳуқуқи вуруд ба ИМА - ро доранд, ки соҳиби шиносномаи ваксиназанӣ алайҳи COVID-19 мебошанд. Маҳдудиятҳои нав аз 8 ноябр ба эътибор медарояд
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Раисиҷумҳури ИМА Ҷо Байден бо имзои фармон, барои шаҳрвандони хориҷиии эминшуда, ки ба Иёлоти Муттаҳида сафар мекунанд, талаботи нав ҷорӣ мекунад, хабар медиҳад
Deutsche Welle.
Мақомдорони ИМА мегӯянд, барқарорсозии парвозҳои байналмилалии ҳавоӣ ҳоло ба манфиати кишвар аст ва аз ин рӯ ҳукумат тасмим гирифтааст, ки маҳдудиятҳои нисбати дигар давлатҳоро, ки қаблан дар давраи пандемияи коронавирус татбиқ шуда буданд, бекор кунад. Аммо ба далели амният марзҳо танҳо барои афроде боз хоҳад шуд, ки пурра эм карда шудаанд.
Акнун танҳо онҳое ҳуқуқи вуруд ба ИМА - ро доранд, ки курси пурраи ваксиназанӣ алайҳи COVID-19-ро гузаштаанд.
Одамоне, ки бо раводиди ғайримуҳоҷиратӣ ба Иёлоти Муттаҳида меоянд, бояд пеш аз савор шудан ба ҳавопаймо шиносномаи эмгузаронии худро нишон диҳанд.
Нашриёт инчунин тавзеҳ дод, ки ИМА сайёҳонеро қабул мекунад, ки ваксинаҳои аз ҷониби Идораи озуқаи ИМА (FDA) тасдиқшуда ё барои истифодаи изтирорӣ аз ҷониби Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт иҷозат дода шудаанд.
Талаботи ҷадид ба кӯдакони то 18-сола дахл надорад.
Илова бар ин, Байден фармонеро имзо кард, ки тибқи он маҳдудиятҳои вуруд, ки аз соли 2020 инҷониб амал мекунанд, лағв мешавад ва вуруди сайёҳон аз Чин, Ҳиндустон, Африқои Ҷанубӣ, Бразилия ва бисёре аз кишварҳои Аврупоро ба Иёлоти Муттаҳидаро дубора имконпазир мегардад.