Садамаи пурқурбонӣ: Фавти бародарон дар сонеҳаи маргбори роҳи Хатлон

© Sputnik / Павел ЛьвовДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2021
Обуна шудан
Садамаи маргбори нақлиётӣ дар роҳи "Бохтар-Данғара" чор кушта барҷо гузошт
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Дар километри 44 -уми шоҳроҳи "Бохтар - Данғара" мошини "Опел-Астра" ба автомашинаи "Мерседес-Бенс" бархӯрдааст, ки дар натиҷа чаҳор нафар фавтидаанд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Бар хабари манбаъ, ин ҳодиса нисфирӯзи 24 октябр рух дод ва шахсияти яке аз ҳалокшудагон то ҳол номаълум аст.
Манбаъ асли ин ҳодисаи мудҳишро чунин шарҳ дод, ки ронандаи 31 -солаи автомашинаи "Опел-аАтра", сокини деҳаи Лағмони шаҳри Кӯлоб дар қитъаи зикргардидаи роҳ ба мошини "Мерседем-Бенс", таҳти идораи сокини 27 -солаи ноҳияи Кӯшониён бархӯрдааст.
Авария в Туркестанской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2021
Садамаи маргбор дар роҳи “Мастчоҳ - Хуҷанд”: ронандаву мусофир фавтиданд
Дар натиҷа, ронандаи мошини аввалӣ ва бародари ӯ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Ҳамзамон мусофири дигари ин автомашина низ фавтидааст, вале феълан шахсияти ӯ маълум нашудааст.
КҲФ мегӯяд, имдодгарони вилояти Хатлон расо пас аз 13 дақиқаи сар задани садама ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд ва ҷасади мусофири автомашинаи "Мерседес-Бенс" - ро аз дохили мошин бароварда ба мақомоти дахлдор супориданд.
Лентаи хабарҳо
0