Садамаи маргбор дар роҳи “Мастчоҳ - Хуҷанд”: ронандаву мусофир фавтиданд

© ОтырарАвария в Туркестанской области
Авария в Туркестанской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2021
Обуна шудан
Бар асари ду садамаи нақлиётӣ тайи рӯзҳои истироҳатӣ дар Тоҷикистон се тан ҳалок шудааст
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз як садамаи маргбор дар ҳудуди деҳаи Ҳамрободи ноҳияи Б. Ғафуров хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, садама рӯзи 24-уми октябр, тахминан соати 11:00 дар пайи ноуҳдабароии ронанда аз идораи мошин сар задааст.
Ронандаи "Опел-Зафира" Раҳимзода Абдусаттори 28-cола, сокини ноҳияи Мастчоҳ ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Мастчоҳ - Хуҷанд” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рости роҳ баромада, автомашинаро чаппа намудааст.

"Дар натиҷа ронанда Раҳимзода А. Қ. ва мусофираш Раҳмонова Муҳайё Низомиддиновна, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи Б. Ғафуров ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд", - афзуд манбаъ.

Ҳамчунин дар ин рӯз ронандаи автомашинаи тамғаи "Тайота-Кемрӣ" Шарифзода Фахриддини 19-сола, сокини деҳаи Қалъаи Нави шаҳри Роғун ҳангоми ҳаракат дар маҳаллаи 3-юми деҳаи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, Ойшаи Файзуллоеваи дусоларо пахш кардааст.
Дорожный знак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.10.2021
Садамаи маргбор дар роҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ"
Дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуш О. Файзуллоева ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст, афзудааст манбаъ.
ВУД мегӯяд, таҳқиқи ин ҳодисаҳо идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0