https://sputnik.tj/20211026/odam-chi-koronavirus-siroyat-1043100256.html
Марги ноаён: одам чӣ гуна гирифтори коронавирус мешавад
Марги ноаён: одам чӣ гуна гирифтори коронавирус мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Пизишк шарҳ дод, ки чӣ гуна сироятшавӣ бо штамми маъмултарини COVID-19 - делта - штамм рух медиҳад
2021-10-26T15:10+0500
2021-10-26T15:10+0500
2021-10-26T15:10+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
тандурустӣ
вируси нав
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/02/1040598919_0:100:1920:1180_1920x0_80_0_0_012d5465fa8a80894ed84909f2246f3f.jpg
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Шахс метавонад осон бо штамми делтаи коронавирус сироят шавад, агар бидуни ниқоб аз назди бемор гузарад.Дар ин бора иммунолог-аллерголог Владимир Болибок дар суҳбат бо радиои Sputnik хабар дод. Мутахассис қайд кард, ки штамми делта нисбат ба навъи якум - вуҳании COVID-19 чанд маротиба хатарноктар аст.Тибқи маълумоти СҶБ, гирифтор шудан бо навъи вуҳании коронавирус, дар сурати қарор доштан дар наздикии шахси гирифтор зимни сулфа задан, имконпазир буд. Барои сироят шудан бо штамми делта бошад, танҳо аз назди шахси бемор гузаштан кофӣ аст.Болибок ёдовар шуд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии ин навъи коронавирус дар Русия рӯзҳои тӯлонии ғайрикорӣ ҷорӣ шудааст. Ваксинзанӣ роҳи боэътимоди муҳофизат аз штамми делта мебошад. Ба гуфти табиб, самаранокии доруи русии "Спутник V" бар зидди ин навъи сироят аз 90 дарсад бештар аст.Ёдовар мешавем, ки штамми делтаи коронавирус бори аввал дар Ҳиндустон кашф шуда буд. Он бо суръати баланди сироятӣ машҳур аст. Ин намуди сироят муҳофизати масуниятро дар бадани ваксинашуда ва шифоёфта аз сабаби мутатсия ду-се маротиба коҳиш медиҳад.
https://sputnik.tj/20211025/maskav-bemoron-giriftor-koronavirus-1043088761.html
https://sputnik.tj/20211024/olimon-chand-marotiba-koronavirus-giriftor-1043064886.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/02/1040598919_107:0:1814:1280_1920x0_80_0_0_eaa3e476b2b01236922aa87d6a80a987.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коронавирус, сироят, делта-штамм
коронавирус, сироят, делта-штамм
Марги ноаён: одам чӣ гуна гирифтори коронавирус мешавад
Пизишк шарҳ дод, ки чӣ гуна сироятшавӣ бо штамми маъмултарини COVID-19 - делта - штамм рух медиҳад
ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Шахс метавонад осон бо штамми делтаи коронавирус сироят шавад, агар бидуни ниқоб аз назди бемор гузарад.
Дар ин бора иммунолог-аллерголог Владимир Болибок дар суҳбат бо радиои Sputnik хабар дод.
Мутахассис қайд кард, ки штамми делта нисбат ба навъи якум - вуҳании COVID-19 чанд маротиба хатарноктар аст.
"Гап сари ин аст, ки сироятпазирии он, яъне қобилияти сироят кардан - нисбат ба штаммҳои қаблӣ хеле баландтар аст", - таъкид кард Болибок.
Тибқи маълумоти СҶБ, гирифтор шудан бо навъи вуҳании коронавирус, дар сурати қарор доштан дар наздикии шахси гирифтор зимни сулфа задан, имконпазир буд. Барои сироят шудан бо штамми делта бошад, танҳо аз назди шахси бемор гузаштан кофӣ аст.
Болибок ёдовар шуд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии ин навъи коронавирус дар Русия рӯзҳои тӯлонии ғайрикорӣ ҷорӣ шудааст.
Ваксинзанӣ роҳи боэътимоди муҳофизат аз штамми делта мебошад. Ба гуфти табиб, самаранокии доруи русии "Спутник V" бар зидди ин навъи сироят аз 90 дарсад бештар аст.
Ёдовар мешавем, ки штамми делтаи коронавирус бори аввал дар Ҳиндустон кашф шуда буд. Он бо суръати баланди сироятӣ машҳур аст.
Ин намуди сироят муҳофизати масуниятро дар бадани ваксинашуда ва шифоёфта аз сабаби мутатсия ду-се маротиба коҳиш медиҳад.