https://sputnik.tj/20211025/maskav-bemoron-giriftor-koronavirus-1043088761.html
Дар Маскав навъи нави коронавирус ошкор шуд
Дар Маскав навъи нави коронавирус ошкор шуд
Sputnik Тоҷикистон
Навъи нави коронавируси AY.4.2, ки боиси ташвиш дар Британия шуд, дар пойтахти Русия, шаҳри маскав пайдо шуд
2021-10-25T20:00+0500
2021-10-25T20:00+0500
2021-10-25T20:11+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
тандурустӣ
дар русия
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/02/1040598925_0:100:1920:1180_1920x0_80_0_0_2bb4a7b67d26c081be0b2b3863f7f7ea.jpg
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Дар Маскав ва вилояти Маскав се ҳолати сироятёбӣ бо навъи нави "делта", вируси AY.4.2 ошкор шуд. Дар ин бора раиси "Роспотребнадзор" Анна Попова ба "Шабакаи аввал" хабар дод. Ӯ таъкид кард, ҳамон шакли коронавирусе, ки ҳоло дар Британияи Кабир паҳн мешавад, дар Русия низ ошкор шудааст.Ёдовар мешавем, ки шакли AY.4.2 бори аввал дар Британияи Кабир кашф шудааст. Ба гуфтаи мутахассисони бритониёӣ, ин яке аз 45 зернамуди штамми "делта" мебошад. Олимон пешниҳод карданд, ки ин навъи вирус метавонад аз навъҳои қаблӣ то 10-15 дарсад зудтар паҳн шавад. Дар Русия бори нахуст ин навъи коронавирус рӯзи 21-уми октябр ошкор шуд. Он ҳамчунин дар Амрико ва Исроил низ доман задааст.Феълан таҳқиқи ин шакли нави коронавирус идома дорад.
https://sputnik.tj/20210621/hinduston-navi-nav-koronavirus-1040333579.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/02/1040598925_107:0:1814:1280_1920x0_80_0_0_f2f2a81a43b857e772f62a68ad172160.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коронавирус русия
Дар Маскав навъи нави коронавирус ошкор шуд
20:00 25.10.2021 (Навсозишуда: 20:11 25.10.2021) Навъи нави коронавируси AY.4.2, ки боиси ташвиш дар Британия шуд, дар пойтахти Русия, шаҳри Маскав низ пайдо шуд
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Дар Маскав ва вилояти Маскав се ҳолати сироятёбӣ бо навъи нави "делта", вируси AY.4.2 ошкор шуд. Дар ин бора раиси "Роспотребнадзор" Анна Попова ба "Шабакаи аввал" хабар дод.
"Мо ҳолатҳои гирифторӣ ба навъи ҷадидро дар Маскав ва вилояти Маскав ошкор кардем. Ҳамагӣ се ҳолат аст ва вазъи беморонро дақиқан назорат мекунем", - афзуд Попова.
Ӯ таъкид кард, ҳамон шакли коронавирусе, ки ҳоло дар Британияи Кабир паҳн мешавад, дар Русия низ ошкор шудааст.
Ёдовар мешавем, ки шакли AY.4.2 бори аввал дар Британияи Кабир кашф шудааст. Ба гуфтаи мутахассисони бритониёӣ, ин яке аз 45 зернамуди штамми "делта" мебошад.
Олимон пешниҳод карданд, ки ин навъи вирус метавонад аз навъҳои қаблӣ то 10-15 дарсад зудтар паҳн шавад.
Дар Русия бори нахуст ин навъи коронавирус рӯзи 21-уми октябр ошкор шуд. Он ҳамчунин дар Амрико ва Исроил низ доман задааст.
Феълан таҳқиқи ин шакли нави коронавирус идома дорад.