https://sputnik.tj/20211024/olimon-chand-marotiba-koronavirus-giriftor-1043064886.html
Олимон гуфтанд, одам чанд маротиба метавонад гирифтори коронавирус шавад
Олимон гуфтанд, одам чанд маротиба метавонад гирифтори коронавирус шавад
Sputnik Тоҷикистон
То ба наздикӣ, сирояти дубора бо коронавирус камёфт ҳисобида мешуд, аммо, бинобар штаммҳои нав, одамон чанд маротиба бо COVID-19 бемор шудан гирифтанд.
2021-10-24T13:05+0500
2021-10-24T13:05+0500
2021-10-25T11:28+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
тандурустӣ
илм ва фанноварӣ
вируси нав
коронавирус
бемор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1a/1041178087_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_64f2cfd67497b159be8fa1bcb96e87ee.jpg
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Бидуни гирифтани ваксина алайҳи коронавирус ва риоя накардани чораҳои зиддиэпидемӣ инсон метавонад ҳар се моҳ гирифтори COVID-19 шавад, менависад нашрияи "The Guardian".Нашрия қайд мекунад, ки дар соли 2020 сироятшавии дубора ба коронавирус бениҳоят кам сабт шуд. Аммо баъдтар олимон муайян карданд, ки масуният пас аз сироят заиф мешавад. Тибқи таҳқиқот, одамони то синни 65-сола, ки гирифтори COVID-19 буданд, дар давоми шаш моҳ 80 дарсад аз сирояти дубора муҳофизат мешаванд, дар ҳоле ки беморони синну соли бузургтар танҳо 47 фоиз.Коршиносон итминон доранд, ки бемориҳои такрории коронавирус бо пайдоиши штаммҳои нави он алоқаманданд. Онҳо умуман ба вокуниши иммунӣ тобовартаранд ва самаранокии ваксинаҳоро коҳиш медиҳанд. Олимон аз 20,000 санҷиши мусбати сироят тақрибан 300 сирояти дубораи COVID-19-ро муайян карданд. Дар ҳамин ҳол "The Guardian" таъкид мекунад, ки фосилаи байни сирояти якум ва минбаъда ҳамагӣ шаш моҳ будааст. Қаблан табиб Борис Чурадзе дар мусоҳиба бо радиои Sputnik гуфта буд, ки коронавирус тадриҷан ба зуком ва дигар бемориҳои шабеҳ табдил хоҳад ёфт, ки хуруҷи онҳо мунтазам рух медиҳад.Ба гуфтаи ӯ, ба ҳисоби миёна шахс метавонад то се маротиба мубталои COVID-19 шавад. Дар ҳамин ҳол агар инсон бо штамми нав сироят нашуда бошад, беморӣ осонтар мегузарад.
https://sputnik.tj/20210717/covid-uzvi-badan-tasiri-manfi-1040956769.html
https://sputnik.tj/20210827/olimon-tavallud-farzand-zan-barmahal-pir-1041924369.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1a/1041178087_320:0:1280:720_1920x0_80_0_0_13e14221ee4cc4564a7f693cfdab811f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коронавирус, гирифторӣ, беморӣ, тандурустӣ
коронавирус, гирифторӣ, беморӣ, тандурустӣ
Олимон гуфтанд, одам чанд маротиба метавонад гирифтори коронавирус шавад
13:05 24.10.2021 (Навсозишуда: 11:28 25.10.2021) То чанд вақт сирояти дубораи коронавирус камёфт ҳисобида мешуд, аммо бинобар штаммҳои нав одамон чанд маротиба гирифтори COVID-19 мешаванд
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Бидуни гирифтани ваксина алайҳи коронавирус ва риоя накардани чораҳои зиддиэпидемӣ инсон метавонад ҳар се моҳ гирифтори COVID-19 шавад, менависад нашрияи "The Guardian".
Нашрия қайд мекунад, ки дар соли 2020 сироятшавии дубора ба коронавирус бениҳоят кам сабт шуд.
Аммо баъдтар олимон муайян карданд, ки масуният пас аз сироят заиф мешавад.
Тибқи таҳқиқот, одамони то синни 65-сола, ки гирифтори COVID-19 буданд, дар давоми шаш моҳ 80 дарсад аз сирояти дубора муҳофизат мешаванд, дар ҳоле ки беморони синну соли бузургтар танҳо 47 фоиз.
Коршиносон итминон доранд, ки бемориҳои такрории коронавирус бо пайдоиши штаммҳои нави он алоқаманданд. Онҳо умуман ба вокуниши иммунӣ тобовартаранд ва самаранокии ваксинаҳоро коҳиш медиҳанд.
Олимон аз 20,000 санҷиши мусбати сироят тақрибан 300 сирояти дубораи COVID-19-ро муайян карданд. Дар ҳамин ҳол "The Guardian" таъкид мекунад, ки фосилаи байни сирояти якум ва минбаъда ҳамагӣ шаш моҳ будааст.
Қаблан табиб Борис Чурадзе дар мусоҳиба бо радиои Sputnik гуфта буд, ки коронавирус тадриҷан ба зуком ва дигар бемориҳои шабеҳ табдил хоҳад ёфт, ки хуруҷи онҳо мунтазам рух медиҳад.
Ба гуфтаи ӯ, ба ҳисоби миёна шахс метавонад то се маротиба мубталои COVID-19 шавад. Дар ҳамин ҳол агар инсон бо штамми нав сироят нашуда бошад, беморӣ осонтар мегузарад.