Яке аз кишварҳо пинҳонӣ ба "Толибон"* дар мубориза бо ДИИШ* кумак мекунад

© Sputnik Вооруженные боевики
Вооруженные боевики - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2021
Обуна шудан
Бо вуҷуди нигаронии байналмилалӣ аз таҳдидҳои террористӣ дар Афғонистон танҳо як давлат ба "Толибон"* дар мубориза бо ДИИШ кумак мекунад
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Покистон ба "Толибон"* дар мубориза бо террористони "Давлати исломӣ" дар Афғонистон кумак мекунад. Дар ин бора "Washington Post" бо истинод ба намояндагони радикалҳо хабар дод.
Нашрия мегӯяд, Покистон аз "шабакаҳои ғайрирасмӣ "-и равобит истифода мекунад, ки тавассути он маълумоти иктишофиро ба "Толибон"* интиқол медиҳад. Ин давлат инчунин ба ҷангиён ёрии техникӣ мерасонад.
Покистон ба ҳукумати нави Афғонистон дар пайгирии зангҳои телефонӣ ва фаъолиятҳои террористӣ дар интернет кумак мекунад.

"Покистон бародари мост ва он моро аз бисёр ҷиҳат, аз ҷумла тавассути табодули иттилоот ва истихборот дастгирӣ мекунад. Агар ИМА ва тамоми ҷаҳон бо мо маълумот мубодила кунанд, мо метавонем ДИИШ-ро дар чанд рӯз мағлуб кунем", - гуфт сухангӯи "Толибон"*.

Вазорати умури хориҷии Покистон ба "The Washington Post" гуфтааст, ки сухан дар бораи иртиботи ғайрирасмӣ меравад, на дар бораи шарикии муқарраршуда.
Ҳамзамон Исломобод бо "Толибон"* масъалаи ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризмро баррасӣ кардааст, таъкид кард вазорат.
Американские военные в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2021
Дар Қирғизистон пойгоҳи низомии ИМА мустақар мешавад? Посухи президент
Ба гуфти масъули Вазорати умури хориҷии Покистон, ҳамкорӣ бо Кобул дар ин самтро истисно кардан мумкин нест.
"На танҳо Покистон, балки дигар кишварҳои минтақа, аз қабили Русия ва Эрон аз ДИИШ нигаронанд. Аз ин рӯ дар робита ба мубориза бо терроризм, бояд дарки сатҳи минтақаӣ бошад", - гуфтанд дар Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар.
Рӯзномаи "The Washington Post" таъкид мекунад, ки ҳарос аз таҳдидҳои террористии Афғонистонро намояндагони бисёре аз давлатҳо баён мекунанд, аммо маҳз Покистон дар мубориза бо ДИИШ* кумак мекунад.
Дар айни замон Иёлоти Муттаҳида кӯшиш мекунад, ки бо кишварҳои ҳамсояи Афғонистон шарикии қавитари низомӣ ва иктишофӣ барқарор кунад.
Амрулла Салех - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2021
Вокуниши тунди Амруллоҳ Солеҳ ба сафари мақомоти Покистон ба Афғонистон
"Washington Post" менависад. ки "Покистон ва Тоҷикистон аз мизбонии пойгоҳҳои амрикоӣ худдорӣ карданд, ки бо истифода аз он ИМА метавонад ба гурӯҳҳои террористӣ фишор орад".
Аз ин рӯ рӯйхати давлатҳое, ки Иёлоти Муттаҳида метавонад ба ҳамкорӣ дар ин самт умед бандад, коҳиш меёбад, гуфт Лиза Кертис, корманди собиқи Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед.
* - ташкилоти террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0