https://sputnik.tj/20211022/vadai-pokiston-afghoniston-kumak-1043033510.html
Ваъдаи Покистон ба Афғонистон: 30 миллион доллар кумак мекунем
Ваъдаи Покистон ба Афғонистон: 30 миллион доллар кумак мекунем
Sputnik Тоҷикистон
Вазири хориҷаи Покистон ваъда додааст, то молиёти содироти меваи тоза ва хушкро маоф шуд
2021-10-22T12:15+0500
2021-10-22T12:15+0500
2021-10-22T13:40+0500
афғонистон
покистон
ҳамкорӣ
осиёи марказӣ
кӯмак
марз
молиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/16/1043033357_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_aad5dc795c1e622afb9785a18d0ce377.jpg
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ ахиран дар як сафари расмӣ ба Кобул бо мақомоти гурӯҳи “Толибон”* дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.Зимни мулоқот Курайшӣ ба Девони Вазирони гурӯҳи “Толибон”* ваъда дод, ки Покистон зимнаи кумаки ҳудуди 30-миллиондоллариро фароҳам ва молиёти содироти меваи тозаву хушкро низ маоф мекунад.Вазири умури хориҷии Покистон тасдиқ кард, ки ҳар ду тараф низ барои боз кардани гузаргоҳи Турхам ба мувофиқат расидаанд.Қурайшӣ гуфт, афғонҳое, ки аз гузаргоҳи Турхам мегузаранд, аз гузаштани санҷишҳои коронаӣ озод мешаванд.Аз сӯйи дигар вазири умури хориҷии Покистон таъкид кард, ки дар гузаргоҳи Турхам ба беморони афғон раводиди фаврӣ дода мешавад.Озод намудани содироти мева аз андоз дар ҳоле сурат мегирад, ки боғбонони Қандаҳор мегӯянд, баста шудани гузаргоҳҳои Чаман ва Спин Булдак барои тиҷорат боиси пӯсида шудани анорҳои Қандаҳор дар боғҳои вилоят шудааст.* - гурӯҳи террористии мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон
https://sputnik.tj/20211022/infijori-poyai-barq-kobul-afghoniston-toriki-1043027836.html
афғонистон
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/16/1043033357_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_e931a4e9fd060c2b6a1087847e3b0ee1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
покистон, афғонистон, ваъда, кумак, пул, молиёт, марз
покистон, афғонистон, ваъда, кумак, пул, молиёт, марз
Ваъдаи Покистон ба Афғонистон: 30 миллион доллар кумак мекунем
12:15 22.10.2021 (Навсозишуда: 13:40 22.10.2021) Вазири хориҷаи Покистон ваъда додааст, ки молиёти содироти меваи тоза ва хушк маоф мешавад
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ ахиран дар як сафари расмӣ ба Кобул бо мақомоти гурӯҳи “Толибон”* дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Зимни мулоқот Курайшӣ ба Девони Вазирони гурӯҳи “Толибон”* ваъда дод, ки Покистон зимнаи кумаки ҳудуди 30-миллиондоллариро фароҳам ва молиёти содироти меваи тозаву хушкро низ маоф мекунад.
Вазири умури хориҷии Покистон тасдиқ кард, ки ҳар ду тараф низ барои боз кардани гузаргоҳи Турхам ба мувофиқат расидаанд.
Қурайшӣ гуфт, афғонҳое, ки аз гузаргоҳи Турхам мегузаранд, аз гузаштани санҷишҳои коронаӣ озод мешаванд.
Аз сӯйи дигар вазири умури хориҷии Покистон таъкид кард, ки дар гузаргоҳи Турхам ба беморони афғон раводиди фаврӣ дода мешавад.
Озод намудани содироти мева аз андоз дар ҳоле сурат мегирад, ки боғбонони Қандаҳор мегӯянд, баста шудани гузаргоҳҳои Чаман ва Спин Булдак барои тиҷорат боиси пӯсида шудани анорҳои Қандаҳор дар боғҳои вилоят шудааст.
* - гурӯҳи террористии мамнӯъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон