https://sputnik.tj/20211022/infijori-poyai-barq-kobul-afghoniston-toriki-1043027836.html
Инфиҷори пояи барқ: Кобул ва чанд минтақаи Афғонистон ба торикӣ фурӯ рафтанд
Инфиҷори пояи барқ: Кобул ва чанд минтақаи Афғонистон ба торикӣ фурӯ рафтанд
Sputnik Тоҷикистон
Хати барқи воридотӣ дар минтақаи Муродбеки шаҳри Кобул инфиҷор ва тахриб шуд
2021-10-22T09:35+0500
2021-10-22T09:35+0500
2021-10-22T11:36+0500
барқ
энергетика
афғонистон
интиқол
осиёи марказӣ
инфиҷор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/10/1038522401_0:0:3239:1822_1920x0_80_0_0_7ac8fe2bd46ef48fd2fde3db8ecc6f7c.jpg
ДУШАНБЕ, 22 окт - Sputnik. Ширкати "Брешно" хабар додааст, ки хатти интиқоли барқи 220 кВт дар Қалъаи Муродбеки Кобул дар натиҷаи як инфиҷор қатъ шудааст.Ба гуфтаи ин ширкат, инфиҷор боиси он шудааст, ки интиқоли барқ ба Кобул ва дигар вилоятҳо қатъ гардад.Ширкати "Брешно" дар як изҳороти худ эълон доштааст, ки кормандони техникии ширкат дар ҳоли ҳозир дар ҷои ҳодиса қарор доранд ва пас аз беҳтар шудани вазъ дар ин минтақа ба раванди таъмир ва пайваст кардани хат оғоз хоҳанд кард.Ёдрас менамоем, ки то омадани гурӯҳи “Толибон” (мамнуъ дар Русия) бар сари қудрат ҷангҷӯёни он чандин бор бар пояҳои хатти воридотии барқ инфиҷор анҷом дода буданд.Ҳамзамон бояд қайд кард, ки ахиран ширкати “Брешно”-и Афғонистон дар бораи қарзи ин ширкат барои истифодаи барқ дар назди кишварҳои ҳамсоя иттилоъ дода буд.
https://sputnik.tj/20211006/shirkati-breshno-smm-darkhosti-kumak-1042671334.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/10/1038522401_452:0:3183:2048_1920x0_80_0_0_9f6f9093ee6116ad2f6c98f248941f00.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, интиқоли барқ, воридот, кобул, торикӣ
афғонистон, интиқоли барқ, воридот, кобул, торикӣ
Инфиҷори пояи барқ: Кобул ва чанд минтақаи Афғонистон ба торикӣ фурӯ рафтанд
09:35 22.10.2021 (Навсозишуда: 11:36 22.10.2021) Хатти барқи воридотӣ дар минтақаи Муродбеки шаҳри Кобул мунфаҷир ва тахриб шуд
ДУШАНБЕ, 22 окт - Sputnik. Ширкати "Брешно" хабар додааст, ки хатти интиқоли барқи 220 кВт дар Қалъаи Муродбеки Кобул дар натиҷаи як инфиҷор қатъ шудааст.
Ба гуфтаи ин ширкат, инфиҷор боиси он шудааст, ки интиқоли барқ ба Кобул ва дигар вилоятҳо қатъ гардад.
Ширкати "Брешно" дар як изҳороти худ эълон доштааст, ки кормандони техникии ширкат дар ҳоли ҳозир дар ҷои ҳодиса қарор доранд ва пас аз беҳтар шудани вазъ дар ин минтақа ба раванди таъмир ва пайваст кардани хат оғоз хоҳанд кард.
Ёдрас менамоем, ки то омадани гурӯҳи “Толибон” (мамнуъ дар Русия) бар сари қудрат ҷангҷӯёни он чандин бор бар пояҳои хатти воридотии барқ инфиҷор анҷом дода буданд.
Ҳамзамон бояд қайд кард, ки ахиран ширкати “Брешно”-и Афғонистон дар бораи қарзи ин ширкат барои истифодаи барқ дар назди кишварҳои ҳамсоя иттилоъ дода буд.