Масҷидҳои Маскав дар давраи маҳдудиятҳои коронавирус баста намешаванд

© Sputnik / Александр ВильфМосковская соборная мечеть
Московская соборная мечеть - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2021
Обуна шудан
Муассисаҳои динии пойтахт иҷрои вазифаҳои худро бо риояи масофаи иҷтимоӣ ва дигар талаботи "Роспотребнадзор" идома медиҳанд
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Масҷидҳои пойтахт дар рӯзҳои истироҳат, аз 28 октябр то 7 ноябр баста нахоҳанд шуд.
Дар ин бора Виталий Сучков, сардори Раёсати сиёсати миллӣ ва муносибатҳои байниминтақавӣ ба ТАСС хабар дод.
Вай қайд кард, ки созмонҳои динӣ талаботи "Роспотребнадзор"-ро дар бораи он ки ин хидмат бояд чӣ гуна сурат гирад, кадом чораҳои амниятиро риоя кунанд, доранд.
Вай қайд кард, ки бастани масҷидҳо, ибодатгоҳҳо ва дигар объектҳо ба нақша гирифта нашудааст.
Женщина с ребенком в парке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Фармони Собянин дар бораи таътили тирамоҳӣ дар Маскав: рӯйхати маҳдудиятҳо
Ёдовар мешавем, ки тибқи фармони шаҳрдори Маскав Сергей Собянин, дар пойтахти Русия аз 28 октябр то 7 ноябр рӯзҳои ғайрикорӣ эълон шудааст.
Ҳамин тариқ дар пойтахти Русия дар ин муддат танҳо он корхонаю ташкилотҳое фаъол хоҳанд буд, ки бидуни фаъолияташон назми зиндагӣ дар шаҳр халалдор хоҳад шуд.
Ин маънои онро дорад, ки маскавиҳо наметавонанд аз қаҳвахона, тарабхона, кинотеатр, фитнесклубҳо ва дигар хадамоти тафреҳӣ истифода кунанд. Ҳамзамон ғизои дӯстдоштаро танҳо аз тариқи хадамоти онлайнӣ супориш хоҳед кард.
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2021
Путин ҳафтаи аввали ноябрро таътил эълон кард
Илова бар ин тайи ин рӯзҳо дар Маскав чорабиниҳои ҷамъӣ лағв мешаванд, ба истиснои он рӯйдодҳое, ки бо қарори мақомоти пойтахт баргузор мегарданд.
Аз 8 ноябр дар шаҳр кортҳои иҷтимоии сафари ройгон дар нақлиёт барои сокинони аз 60-сола боло ва шаҳрвандони гирифтори бемориҳои музмин баста мешаванд.
Ин иқдомот ба онҳое, ки шаш моҳи охир коронавирусро паси сар кардаанд ё ваксина гирифтаанд, дахл надорад. Кортҳо пас аз тазриқи аввал боз хоҳанд шуд.
Ҳамин тавр аз 8 ноябр QR-код ва ниқоб барои ширкат дар рӯйдодҳои ҷамъӣ ҳатмӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0