Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Фармони Собянин дар бораи таътили тирамоҳӣ дар Маскав: рӯйхати маҳдудиятҳо

© Sputnik / Мария ДевахинаЖенщина с ребенком в парке
Женщина с ребенком в парке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2021
Обуна шудан
Дар Маскав дар рӯзҳои истироҳат, аз 28 октябр то 7 ноябр чӣ дигаргунӣ мешавад: кадом сохтор корашро идома медиҳад
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Дар Маскав аз 28 октябр то 7 ноябр таътил эълон шуд. Ин иқдом аз ҷониби раиси шаҳр Сергей Собянин бинобар густариши коронавирус рӯйи даст гирифта мешавад.
Дар фармони нав ӯ гуфт, ки кадом сохтори шаҳрӣ дар рӯзҳои истироҳат корашро идома медиҳад ва инчунин дар кадом шароит маскавиҳо метавонанд аз хадамоти онҳо истифода кунанд.
Ҳамин тариқ дар пойтахти Русия дар ин муддат танҳо он корхонаю ташкилотҳое фаъол хоҳанд буд, ки бидуни фаъолияташон назми зиндагӣ дар шаҳр халалдор хоҳад шуд.
Ин маънои онро дорад, ки маскавиҳо наметавонанд аз қаҳвахона, тарабхона, кинотеатр, фитнесклубҳо ва дигар хадамоти тафреҳӣ истифода кунанд. Ҳамзамон ғизои дӯстдоштаро танҳо аз тариқи хадамоти онлайнӣ суфориш хоҳед кард.
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2021
Путин ҳафтаи аввали ноябрро таътил эълон кард
Марказҳои хидматрасонии ҷамъиятии "Ҳуҷҷатҳои ман" (Мои документы) низ таътил мешавад. Дар марказҳои хидматрасонӣ танҳо сабти асноди ҳолати шаҳрвандии фаври иҷозат дода шудааст.
Аз 28 октябр то 7 ноябр дар Маскав фаъолияти ташкилотҳои таҳсилоти иловагӣ, мактабҳои варзишӣ, маҳфилҳо ва сексияҳо барои кӯдакон қатъ мегардад.
Ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ иҷозат дода мешавад, ки дарсҳоро танҳо дар шакли фосилавӣ гузаранд. Ҳамзамон мактаббачагон ба таътил мебароянд ва барои кӯдакон дар кӯдакистонҳо гурӯҳҳои навбатдорӣ созмон меёбад.
Марказҳои тандурустӣ ва дигар ташкилотҳои тиббӣ тайи ин рӯзҳо мувофиқи реҷа фаъолият хоҳанд кард.
Театр ва осорхонаҳо корашонро идома медиҳанд, аммо дар ҷиҳати вуруди мардум ба ин амокин маҳдудиятҳое ҷорӣ хоҳад шуд. Муассисаҳои фарҳангӣ набояд беш аз 50 дарсади тамошобинонро қабул кунанд, ҳар як меҳмон бояд QR-коди ваксингирӣ бар зидди коронавирусро пешниҳод кунад ва ниқоб пӯшад.
Заместитель председателя правительства РФ Татьяна Голикова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2021
Русия
Пешниҳоди эълони истироҳати изофӣ дар Русия
Илова бар ин тайи ин рӯзҳо дар Маскав чорабиниҳои ҷамъӣ лағв мешаванд, ба истиснои он рӯйдодҳое, ки бо қарори мақомоти пойтахт баргузор мешаванд.
Аз 8 ноябр дар шаҳр кортҳои иҷтимоии сафари ройгон дар нақлиёт барои сокинони аз 60-сола боло ва шаҳрвандони гирифтори бемориҳои музмин баста мешаванд.
Ин иқдомот ба онҳое, ки шаш моҳи охир коронавирусро паси сар кардаанд ё ваксина гирифтаанд, дахл надорад. Кортҳо пас аз тазриқи аввал боз мешаванд.
Ҳамин тавр, аз 8 ноябр QR-код ва ниқоб барои ширкат дар рӯйдодҳои ҷамъӣ ҳатмӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0